Ман модарам! Ифтихор аз асолату рисолати худ дорам. Маро оғози офариниш, сарчашмаи ҳаёт меноманд, ки барҳақ аст. Мартабаи ман то ҷоест, ки Расули акрам фармудаанд: «Биҳишт дар зери қудуми модарон аст».
Ман тамоми ҳастиамро, ҳама нерую тобу тавонамро барои ободиву осоиштагӣ, сулҳу ваҳдат, хушбахтии инсоният бахшидаам. Мехоҳам, ки пиру ҷавон ҳамеша шодмону сарбаланд ва дур аз ҳама гуна дарду ранҷ бошанд.
Ман ҷонфидои фарзандам, ӯро ба ҷон дӯст медорам ва барои ба камол расондани тифли хеш аз монеае, заҳмате, ранҷе намеҳаросам, душмани инсоният душмани ман аст. Мехоҳам, ки фарзандонам дӯстдору ҳомии Ватан, некукору хушгуфтор, боодобу садоқатпеша бошанд, ҳаргиз ба роҳи каҷ нараванд, ҳамеша «Хори Ватан аз тахти Сулаймон хуштар» шиорашон бошад.
Ҳама парвардагони домони мананд. Дар ин боб гуфтаанд: «Канору бари модари дилпазир Биҳишт асту пистон дар ӯ ҷӯи шир». Ҳатто, пайғамбарону ҳама абармаардон аз канори ман пой бар олами бавусъат ниҳодаанд, онҳо офаридагони мананд.
Ман модарам!
Осмон бо ҳама вусъат, олам бо ҳама бузургӣ, дарё бо ҳама ҷӯшу хурӯш, офтоб бо ҳама ҳарорат… наметавонанд бо ман даъвои баробарӣ дошта бошанд. Ҷозибаи меҳри ман неруманду навозишгар аст ва дилҳоро менавозад.
Ман посдору арҷгузори забони миллатам, онро муқаддас медонам, нахуст ҳарфу ҳиҷои тоҷикиро ба забони фарзанд ман гардон мекунам ва аз ин ҷост, ки забони модариаш мехонанд.
Кафи дуои ман раҳнамою ҳофизи фарзандон аст. Чароғи ҳама хонадон аз ҳастии ман фурӯзон мебошад. Ман сиришта аз меҳру муҳаббатам ва гумонам, чун Худованд маро меофарид, дар бисоташ ба ҷуз аз меҳр чизе дигар надошт.
Ман модарам! Хушбахтию тансиҳатии фарзандон таманнои ҳамешагии ман аст. Бигзор, ба пойи касе хоре нахалад, касе ҳаргиз озоре набинад. Мехоҳам, ки ҳама бо ҳам меҳрубону хушрафтору хушгуфтор бошанд, ҳамдигарро ҳурмату дастгирӣ бинамоянд. Ман модарам ва саодати бани башар ормони олии ман аст!
Қурбонгул САИДОВА,
омӯзгори мактаб-интернати
махсуси №2, шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр