Чархи таърих ҳамеша гардон асту «рӯзҳо аз сари мо, аз дили мо мегузаранд» ва ин куҳанчархи заволнопазирро «ҳамеша то бувад ойин-ш, гирдгардон буд». Аз гардиши чархи таърих ба мо ҳодисаву воқеаҳои гуногун ба ёдгор мемонанд ва табиист, ки на ҳамаи онҳо дорои аҳамияти вижаву барҷастаанд ва аз ин рӯ, бо мурури замон аз ёдҳо зудуда мешаванд. Муҳимтарин, аҳамиятмандтарин рухдодҳо дар хотирҳо абадан маскан мегиранд ва пайваста олами дилҳоро мунаввар месозанд.
Дар оғози фасли баҳори соли гузашта (2018) дар кишварамон ҳодисае ба вуқӯъ пайваст, ки беҳтарин наврӯзиро мемонду зинатафзои ин фасли нозанину дилоро гашт. Бо ибтикори ду сиёсатмадори халқпарвару меҳргустар – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек аз нав қиём кард, дилҳоро гарму нигоҳҳоро нарм намуд. Боз оғӯшҳо, сарҳадҳо боз гаштанду сурури дӯстӣ, бонги тараб баланд гардид.
Пешвои миллатамон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ (26.12.18) ин ҳодисаи нишотбору пурфайзро «хеле муҳиму таърихӣ» арзёбӣ карда, зимнан бо қаноатмандӣ зикр бинмуданд, ки «мо тамоми масъалаҳои ҳалталабу шиддатнокеро, ки тайи зиёда аз бист соли охир байни ду кишвар ба миён омада буданд, пурра ҳаллу фасл карда, ҳамкориҳоямонро ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардем».
Дӯстона дасти ҳамро фишурдани сарварони кишварҳо, атромез гаштани фазои дӯстӣ ва оғози равуои бемонеаву додугирифтҳои озод барои халқҳои тоҷику ӯзбек баҳори гулфишону бехазонеро пеш овард.
Ҳамсоягии халқҳои тоҷику ӯзбек ҷовидонист ва аз ин рӯ, дӯстии ин ду халқи бузург низ бояд ҷовидон бимонад. Ҳаргиз роҳ набояд дод, ки аз кохи муҳташами дӯстии тоҷикону ӯзбекон хиште (ин ҷо ҳар хишт заррин аст) канда шавад, балки бар он пайваста бояд бикӯшид, ки ин кох бештар шукӯҳманду ободу назаррабо, боргоҳи амният, мазҳари сурури ин ду халқи муътабар бошад.
Дар устувории кохи ваҳдату дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, ба вижа, аҳли адаб нақше шоиста ва муассир доранд. Осори зиёде, ки аз ин хусус аз ҷониби адибону муҳаққиқони ҳар ду тараф дар дарозои солҳо нигошта шудаанду танҳо зикри номҳояшон чандин сафҳаро ба ҳам меоваранд, ин гуфтаҳоро собит месозанд.
Пас аз вуқӯи ҳодисаи тарабафзои оғози баҳори соли гузашта дар марзи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек пайи ҳам гулҳои накҳатбору зебою тару тоза шукуфтанду бӯстони адабиёти ду халқро файзбортар бинмуданд. Дар як муддати кӯтоҳ ҳам дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон китобҳои зиёди тараннумгари дӯстиву ваҳдату якдилӣ ба нашр расиданду ба китоби бузургу куҳанбунёди равобити ҳасанаи халқҳои тоҷику ӯзбек сафҳаҳои тоза ба тоза зам карданд.
Хеле мақбулу хушоянд ва дилписанд аст, ки ба ифтихори нахустсолгарди оғози марҳилаи навини такомули дӯстии тоҷикону ӯзбекон китоби нави адиби хушзавқу дӯстисарои ӯзбекзбони Тоҷикистон Сулаймон Эрматов бо номи «Гуфтугӯ аз дӯстӣ дорем мо» (Душанбе. «Шарқи озод», 350 саҳ.) ҳамчун як дастагули муҳаббат ба нашр расид ва пешкаши ҳамагон гардид. Ин китоб бо силсилаи аксҳои таърихии марбут ба лаҳзаҳои хотирмони истиқболи гарму самимии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон ҳусни оғоз пазируфтааст. Саҳифаҳои минбаъдаи китобро бобҳои «Гуфтугӯ аз дӯстӣ дорем мо», «Дӯстии адабӣ – дӯстии абадӣ», «Дӯстии тоҷикону ӯзбекон аз нигоҳи мардум», «Дӯстиро месароем мо», «Ашъори шоирони ӯзбек», «Тарҷумаи ашъори шоирони тоҷик», «Шоирони ӯзбекзабони Тоҷикистон», «Мақолаҳо, андешаҳо, публитсистика», «Дӯстии адабиётҳо – дӯстии халқҳо» ташкил додаанд. Ба ин гуна дар китоби пурмуҳтавои «Гуфтугӯ аз дӯстӣ дорем мо» хусусиёти тазкиранигорию мураттабсозии осор, таҳияи ёддоштҳову мулоҳизаҳо ва мусоҳибаҳо ба ҳам омадаанд.
Шоистаи зикр аст, ки адиби пуркору некуниҳод Сулаймон Эрматов дар тақвияти дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек мунтазам ҳиссагузорӣ менамояд. Дар рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба паҳлуҳои дӯстии ин ду халқи ҳамҷавор пайваста шеъру мақолаҳо ба нашр мерасонад. Навиштаҳояш аз таърихи равобити адабии тоҷикону ӯзбекон, дӯстии фарзандони баруманди ин ду халқ – Ҷомиву Навоӣ, Айниву Ғафур Ғулом, Турсунзодаву Зулфия… хеле ҳикматбору таъсиргузоранд. Ин адиби номвар дар васфи дӯстӣ самимона, пурҳарорат ва бо мамнунӣ сухан мегӯяд, аз фарорасии баҳори навини дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бағоят мамнун аст ва ба ҷон таманнои онро дорад, ки ин баҳор ҳаргиз хазон дар пай надошта бошад, ҷовидон гулрезу сабздоман бимонад. Ӯ, аз ҷумла, менависад: «Чашмаи дӯстӣ. Вақте ки аз оби зулоли он нӯши ҷон мекунед, дилатон равшан мегардад, ба ҷисму ҷонатон қувваи бузург пайдо мешавад. Ташнагии дидори дӯст шуморо ба сӯи ҳамин чашма даъват мекунад».
Ҳар сатри китоби «Гуфтугӯ аз дӯстӣ дорем мо» саршор аз меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқат ва шодию нишот аст, ҳамдиливу ҳамбастагии халқҳоро тарғиб мекунад, дар марзи дилҳо тухми садоқат мекорад. Намунаҳо аз шеърҳои ба дӯстии тоҷикону ӯзбекон бахшидаи адибони тоҷику ӯзбек китоби мазкурро бештар муҳтавоманд кардааст. Ситоишномаҳои дӯстии шоирони тоҷик М.Турсунзода, Б.Раҳимзода, Л.Шералӣ, Қ.Киром, А.Шукӯҳӣ, Ғ.Мирзо, Н.Қосим, Гулназар, М.Аҷамӣ, К.Насрулло, М.Ғоиб, А.Мирхоҷа, С.Зарафшонфар… ва шоирони ӯзбек Ғ.Ғулом, Зулфия, Э.Воҳидов, А.Орипов, Мирмуҳсин, М.Юсуф, С.Сайид… басо меҳрубону самимианд. Аз ҷумла, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло менависад:
Дар сафҳаи як китоб – тоҷику ӯзбек,
Парвардаи як савоб – тоҷику ӯзбек…
Ду мева ба як дарахт оё дидаӣ?
Гар не, бираву биёб: тоҷику ӯзбек…
Ин сатрҳо бо сатрҳои зерини шоири машҳури ӯзбек Абдулло Орипов ҳамоҳангу меҳрпайванданд:
Ёру бародар аз азал ӯзбеку тоҷик,
Чун шоҳбайти як ғазал ӯзбеку тоҷик…
Як матлабест дар дилам, эй кош, то
абад
Як маънӣ ёбанд аз масал ӯзбеку тоҷик.
Зумрае аз шоирону тоҷику ӯзбек анъанаи эҷоди шеър ба усули ширу шакар (зуллисонайн)–ро, ки реша ба умқи таърихи адабиёти ин ду халқ дорад, идома бахшидаанд ва дар китоби мазкур намунаҳоеро аз ин гуна ашъор мехонем. Чунончи, шоири номвари ӯзбекзабони Тоҷикистон Ӯлмас Ҷамол дар шеъри «Икки тилли бир халқ васфига» («Дар васфи як халқи дорои ду забон») менависад:
Икки тилда сӯзлагувчи бир элим ёбад
камол,
Хизматашро аз дилу ҷон мекунад
Ӯлмас Ҷамол.
Чанде аз мақолаҳо ва нигоштаҳои публитсистии адибону олимони тоҷик А.Раҳмонзода, Гулназар, Саттор Турсун, К.Мирзо, А.Ҳаким, Р.Махсумзод. А.Муродӣ, Ш.Раҷабзода, О.Нозир, ки дар китоб ҷой дода шудаанд, ҷанбаҳои гуногун ва моҳияту аҳамияти дӯстиву робитаҳои гуногунҷабҳаи халқҳои тоҷику ӯзбекро тавсиф мебахшанд.
Китоби «Гуфтугӯ аз дӯстӣ дорем мо», ки дар ин айёми фархунда нашри он шукуфтани тозагулеро дар бӯстони сарсабзу накҳатбори дӯстии дерини таъриху заволнопазири мардумони накуниҳоду хайрхоҳи тоҷику ӯзбек мемонад, ҳадяи арзандаву меҳрафзоест ба ифтихори солгарди эҳёи робитаҳои дӯстонаи ин ду халқи ҳамдину ҳамоин ва ҳамтақдиру ҳамҷавор. Ҳамеша гулрезу пурсамар бод, дарахти дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек!
А.МУРОДӢ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр