Нашрияи Омӯзгор

Ҳадаф - таъмини рушди устувор ва зиндагии шоистаи аҳолӣ

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

(Аввалаш  дар шумораи гузашта)

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки дар соҳаи  маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим  дар тамоми  муассисаҳои  таҳсилоти кишвар. «Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ  гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем. Бинобар ин, ба Вазорати маориф ва илм зарур аст, ки фаъолияти  курсҳои  такмили ихтисоси  омӯзгоронро боз ҳам  тақвият бахшад».

Воқеан, маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки  яке аз омилҳои муҳими таъмини  сифати  таҳсилот дар ҳамаи зинаҳои  таълим вобаста ба таъмини муассисаҳои таълимӣ ба омӯзгорои касбӣ мебошад.  Ҳоло  ҳам дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи  умумии ҷумҳурӣ нарасидани омӯзгорони дорои маълумоти  олӣ  ба назар мерасад.

Дар соли  хониши 2016-2017 аз 120635 омӯзгор 36554 нафар  (30,41%) дар  синфҳои 1-4 ва 83663 (69,59%) дар синфҳои  5-11 фаъолият мекарданд. Аз ин миқдор 15,8% дар синфҳои 1-4 бо маълумоти олӣ ва 66312 нафар  бо маълумоти олӣ дар синфҳои 5-11 фаъолият доштанд.

Аз шумораи умумии омӯзгорон 2468 нафар бо маълумоти олии  нопурра (2,05%)  дар синфҳои 1-4 ва 4958 нафар дар синфҳои 5-11 бо ҳамин гуна маълумот (4,12%) фаъолият менамуданд.

Ҳоло ҳам  аз рӯи маълумоти мавҷуда дар синфҳои 1-4 904 нафар ва дар синфҳои 5-11 1530 нафар (1,27%), ҷамъ 2441 нафар бо маълумоти олии нопурра фаъолият карда истодаанд.  Ин нишондиҳанда  нисбат ба соли  таҳсили 2015-2016  1263 нафар кам шудааст. Умед аст, ки дар давоми соли хониши 2019-2020 ин    масъала  ҳалли худро  ба  пуррагӣ меёбад.

Ҳамзамон, аз 3823 директорони  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  25,9% -ро занон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 3585 (93,8%) онҳо бо маълумоти олӣ ва 165 нафар бо маълумоти миёнаи касбӣ фаъолият доранд.

Ҳоло дар  шаҳри Роғун 64 нафар, Варзоб 60 нафар, Рашт 44 нафар, Ҳисор 33 нафар, Рӯдакӣ 67 нафар,  Сангвор 38 нафар, Тоҷикобод 84 нафар, Турсунзода 135 нафар, Файзобод 75 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ ба омӯзгорӣ машғуланд.

Дар соли хониши 2016-2017 ДДОТ ба номи С.Айниро  ҳамагӣ 3653 нафар хатм кардааст, аз ҷумла, аз рӯи  зинаи  бакалавр аз ҳисоби  буҷет – 684 нафар ва аз ҳисоби шартнома 450 нафар, мутахассис – аз ҳисоби буҷет 1448 нафар  ва аз ҳисоби  шартнома 983 нафар,  40 нафар магистр аз ҳисоби буҷет ва 48 нафари  дигар аз ҳисоби  шарт-нома.

Аз 3653 нафар хатмкардаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ  69,8%-ро духтарон ташкил медиҳанд. Агар ҳамаи онҳо ба кори таълим машғул мешуданд, он гоҳ шумораи норасоии омӯзгорон хеле кам мешуд. Дар ҷумҳурӣ ба тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ беш аз 10 мактаби олӣ ва якчанд коллеҷу  литсейҳо машғуланд.

Дигар масъалае, ки метавонад ба сифати таҳсилот таъсир расонад, тахассуснокии омӯзгорон аст. Аз 120635 нафар омӯзгори кишвар, 27916 нафар дорои  тахассуси дараҷаи  якум, 16253 нафар дараҷаи 2-юм, 28870 нафар  дараҷаи олиянд, 47596 нафар дараҷаи тахассусӣ надоранд, ки ин 39,4% шумораи умуми омӯзгоронро дар ҷумҳурӣ ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, дар соли хониши 2017-2018 аз 120635 нафар омӯзгорони ҷумҳурӣ 36620 нафар, яъне 30,4%-и онҳоро омӯзгороне ташкил медиҳанд, ки аз 1 то 5 сол собиқаи корӣ доранд. Собиқаи кории 15,6% аз 6 то 10 сол, 9,7% аз 16-20 сол, 9,96% аз 2-25 сол, 8,6% аз 26-30 сол, 4,4% 34-40 сол, 2,6% 41-45 сол, 1,2% 46-50 сол, 0,03% 5155 сол, 0,007% аз 56-60 сол, 10 нафар аз 61 сол  зиёд собиқаи корӣ доранд. Дар мамлакат аз 41 сол зиёд 4974 нафар омӯзгор фаъолият доранд, ки ин 4,1%-и шумораи умумии омӯзгоронро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, 30,4% омӯзгороне фаъолият мекунанд, ки таҷрибаи хуби омӯзгорӣ доранд, 4,1%-и дигар дар синни нафақа буда, ҳамзамон ба омӯзгорӣ машғуланд .Чунин ҳолат метавонад ба сифати таҳсилот таъсири манфӣ расонад.

Дар соли таҳсили 2016 -2017 қабул дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамагӣ 49470 нафар, хатм 37725 нафарро ташкил додааст. Дар мактабҳои олӣ ҷумҳурӣ 6292 нафар тибқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунад, ки 47,5% онҳоро духтарон ташкил медиҳад. Дар соли хониши 2017-2018 ин нишондиҳанда ба  7149 нафарро расид, ки 49,2% духтарон ташкил дод. Агар дар соли 1994 дар хориҷи кишвар 59 нафар  шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил карда бошад, пас дар  соли 2017 ин  нишондиҳанда ба 4993 нафар  ва ҳамагӣ дар ин давра 25794 нафар дар   Донишкада ва  Донишгоҳи  мамлакатҳои хориҷа  хатм карда истодааст.

Ҳамин тавр, дар ин асос танҳо давлате, ки рушди маорифро чун самти бартаридоштаи сиёсати худ муайян кардааст, метавонад ба инкишофи  босуботу устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва  дастрас шудан ба  таъмини  сатҳи баланди зиндагии шоистаи  мардуми худ умед дошта бошад.

Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси модели рушди устувор бо дарназардошти истифодаи босифату самараноки комёбиҳои илму техника ва технологияи навини ҷаҳонӣ бо суръат инкишоф ёфта истодааст. Дар Паём омадааст: «Соли 2018 рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст гардида, таваррум дар сатҳи 5,4 фоиз нигоҳ дошта шуд». Дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар  маҷмӯи маҳсулот аз 15,2 то 17,3% ё ин ки 2,1 банди фоизӣ афзоиш ёфта, ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ аз 7,4 миллиард соли 2000 ба 21,3 миллиард сомонӣ дар соли 2018 расидааст, ки  ин 2,9 баробар зиёд аст.  Инчунин, дар Паём омадааст: «дар назар бояд дошт, ки қисми даромади буҷети давлатӣ аз 6,5 миллард сомонии соли 2010 дар соли 2019 ба 24 миллиард сомонӣ расонида    мешавад, ки афзоиши он қариб 4 баробар ва ҳиссаи хароҷоти  соҳаҳои иҷтимоӣ  дар он 43,7 фоизро ташкил  медиҳад. Дар  буҷети соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соҳаҳои  фарҳангу варзиш 17,3 фоиз,  илму маориф 14 фоиз зиёд маблағ равона карда мешавад». Чунин афзоиши ҳаҷми даромади буҷети давлат танҳо дар асоси инкишофи соҳаҳои илму маориф, бо роҳи баланд бардоштани сатҳи дониш, малакаю қобилияти шаҳрвандон, бо  истифодаи дастовардҳои илмию техникӣ ва такмили технологияи раванди истеҳсолот, бунёд ва рушди фаъолияти  соҳибкорӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ имконпазир гаштааст. Бидуни инкишоф ва ислоҳоти босуръати соҳаи маориф таъмини рушди устувори истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат, низоми самараноки андоз ва андозбандӣ, иҷрои босифати низоми пардохти саривақтии андозҳо ва иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ имконнопазир аст.

Маълум аст, ки рушди устувор ва таъмини он ба омилҳои  инсонӣ, имкониятҳои кадрӣ, неруи ақлию зеҳнии ҷомеа вобаста аст. Такмили  механизми раванди азхудкунии дониш ва қобилияти зеҳнии аҳолӣ, сатҳу сифати таҳсилот, маърифатнокӣ ва ташаббускории он унсури муайянкунандаи рушди босуботу устувори иқтисодиёти   кишвар  ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди кормандони соҳаи маориф (22 декабри соли 2005) қайд намуда буданд, ки: «Маориф дар фаҳмиши  васеъ ва имрӯза яке аз проблемаҳои ҳаётӣ ва глабалии   асри XXI мебошад, … инкишофи  ҷомеа, тараққиёти устувори иқтисодӣ,  таъмини  амнияти милливу давлатӣ ва умуман, ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, ворид гардидани кишвар ба фазои ягонаи байналмилалии таҳсилот, робитаи устувори раванди таҳсилоти миллӣ бо фарҳангу маърифат ва  тамаддуни ҷаҳонӣ, техникӣ, технология ва илму фарҳанг, пеш аз ҳама, бо рушди босуботи маориф, ташкили раванди бо низоми ва босифати таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон вобаста мебошад». Такмил додани соҳаи маориф, ба талаботи замони муосир мутобиқ сохтани  мазмун ва мундариҷаи таълиму  тарбия ва дар ин  асос боло бардоштани сатҳи  сифати таҳсилот дар  ҳамаи зинаҳои таълим моҳияти умумии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар соҳаи маориф таҷассум менамояд.

Бояд  ёдовар шуд, ки сифат натиҷаи ниҳоӣ ва  муайянкунандаи ҳар як намуди фаъолият буда,  дар маҷмӯъ, бояд талаботи  моддӣ ва маънавии ҳар як шахс, давлат  ва  ҷомеаро таъмин намояд. Сифати таҳсилот–маҷмӯи фаъолияти таълимии тайёр кардани хонандагон, ифодакунандаи дараҷаи мувофиқати мазмун, усулҳо, технология, воситаҳои таълими муосир мувофиқат  ба  пешрафти илм ва таҷрибаи педагогӣ, талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот, талаботҳои  Ҳукумати ҷумҳурӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ба манфияти онҳое, ки ин фаъолияти таълимӣ татбиқ карда мешавад, мебошад.

Дар соҳаи  маориф ин мафҳум  моҳияти махсус пайдо  мекунад, зеро маҳз сифати таълиму тарбия,  сатҳи баланди сифати таҳсилот асоси рушди устувори иқтисодиёти кишвар ва такомули ҷомеаро таъмин месозанд. Сифати таълиму тарбия, аз як тараф, бо дараҷаи донишандӯзии хонандагону донишҷӯён, аз ҷониби дигар, бо малакаи ҳаётии дар  ҷараёни таълим андухтаи хонандаю донишҷӯ муайян карда мешавад. Бинобар ин, таълим, тарбия ва таҳсилот бояд  тафаккури  бунёдкору созанда,  маҳорати дидан, дарк кардан,  шинохтану шунидану фаҳмонидан, баён кардану амалӣ  кардан  ва дар  ҷамъият пайдо карда тавонистани мақоми шахсро ба вуҷуд оварданд. Асосан  сифати  таълимро аз рӯи дараҷаи  қаноатманд будани иштирокдорони раванди таълим ва истеъмолкунандагони   махсуси  натиҷаи  таълим  баҳо додан  мумкин аст.

Бояд ёдовар шуд, ки  маориф  соҳаи  дорои аҳамияти стратегӣ ва омили  муҳими  бештар тағирёбандаи раванди инкишофи ҷомеа ба ҳисоб рафта,  асоси инкишофи  тафаккур ва шахсияти  инсон, давлат ва ҷомеаро ташкил медиҳад ва дар раванди  ташаккул ва рушду татбиқи сиёсати дохилӣ  ва хориҷии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мақоми хоса дорад.  Воқеан ҳам, таҷрибаи таърихӣ ва ҳақиқати  ҳол  собит намудааст, ки  дараҷаи  таҳсилот ва сатҳи  рушди  соҳаи маориф ба омили асосии инкишофи  иқтисоди миллӣ, ғанигардонии тафаккури зеҳнии инсон, фарҳангу маънавиёти он, ба механизми муайянкунандаи идораи  ҷамъият ва воситаи коҳишбахшии нобаробарии иҷтимоию иқтисодии гурӯҳҳои  гуногуни иҷтимоии ҷамъият, паст кардани  сатҳи  камбизоатии аҳолӣ табдил  ёфтааст.

(Давом дорад)

Зариф Шарифов

доктори илмҳои иқтисодӣ,

профессори ДАТ ба номи

Ш.Шоҳтемур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш