Таваҷҷуҳи ҷавонон сол аз сол ба илмҳои дақиқ бештар ва иштироки онҳо дар олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ зиёд мегардад. Ҳамасола барои дарёфти ҷавонони болаёқат олимпиадаи кушоди байналхалқии Донишгоҳи муштараки Белорус-Россия аз фанни математика гузаронида мешавад. Ин олимпиада имсол аз 19 то 22-юми феврал дар шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Белорус баргузор гардид, ки дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ду нафар донишҷӯи факултаи механикаю математика–Файзулло Исматов (курси 4) ва Шоҳрух Ҳусейнов (курси 3) иштирок карданд.
Дар олимпиадаи мазкур 52 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирант аз давлатҳои гуногун иштирок намуданд. Дар ҷамъбаст аз ҷониби ректори Донишгоҳи муштараки Белорус-Россия М.Е. Лестенков ба донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - Ш. Ҳусейнов (дипломи ҷойи 2-юм бо медал) ва ба Ф. Исматов (дипломи ҷойи чаҳорум) супорида шуд.
Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр