Нашрияи Омӯзгор

Нашри китобҳои донишманди тоҷик дар Ҳиндустон

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 746        Шарҳ: 0

Ду рисолаи илмии доктори илмҳои филологӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ ва ҷоизаҳои вилоятии Камоли Хуҷандӣ ва Маҳастӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Замира Ғаффорова таҳти унвони “Адабиёти форсӣ дар Кашмир дар асрҳои XVI ва XVII” (550 саҳ.) ва “Ҷамолии Деҳлавӣ ва маснавии “Меҳру Моҳ” (335 саҳ.) аз ҷониби Институти таҳқиқоти форсии Донишгоҳи Алигарҳи Ҳиндустон ба хатти форсӣ ба нашр расид.

Рӯнамоии ин китобҳо дар рӯзи ифтитоҳи Ҳамоиши байналмилалии “Шукуфоии адабиёти форсӣ дар қарни XV ва нимаи аввали асри XVI милодӣ” дар Донишгоҳи Алигарҳ баргузор шуд. Дар рӯнамоии китобҳои олимаи тоҷик Замира Ғаффорова ректори Донишгоҳи Алигарҳ Ториқ Мансур, раиси Анҷумани устодони забон ва адабиёти форсии саросари Ҳинд Озармидухти Сафавӣ, раиси Институти таҳқиқоти форсии Алигарҳ, профессор Асадалӣ Хуршед ва устодони забон ва адабиёти форсии донишгоҳҳои мухталифи Ҳинд, аз ҷумла Деҳлӣ, Лакҳнав, Кашмир, Аллоҳобод, Беҷопур, Мумбай, Ҳайдаробод, Банорас ва ғайра иштирок доштанд.

 

Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш