Нашрияи Омӯзгор

Бузургдошти академик Абдулғанӣ Мирзоев

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Ба хотири арҷгузорӣ ба шахсият, хидматҳои шоистаи илмию адабӣ ва мероси мондагори академик Абдулғанӣ Мирзоев кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  якҷоя бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон конфронси илмию амалиро таҳти унвони “Абдулғанӣ Мирзоев ва рушди адабиётшиносии тоҷик” баргузор намуд, ки дар кори он олимону устодони ДМТ, донишгоҳҳои Хуҷанду Бохтар, Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва дигар институтҳои АИ ҶТ иштирок карданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ муовини ректор оид ба илми ДМТ, профессор С.Сафармамадов ифтитоҳ бахшид. Баъдан мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ, дотсент М. Зайниддинов зикр намуд, ки Абдулғанӣ Мирзоев чун инсон хислатҳои мақбули зиёд дошт. Илова ба ҷомеияти илмӣ, фазлу хирад ва қобилияти шоистаи роҳбарӣ, марде буд рост, тавоно, устувор, ҳассос, кӯшо, хоксор, нисбат ба ороиш, карруфар ва зебузинат беэътино. Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим қайд кард, ки гиромидошту арҷгузорӣ ба хидматҳои яке аз сутунҳои воқеии илми адабиётшиносӣ, академик Абдулғанӣ Мирзоев метавонад ба тарбияи ҷавонон ва пажӯҳишҳои ояндаи илму адабамон вусъат бахшад. Рисолаву мақолаҳои академик Абдулғанӣ Мирзоев дар бораи рӯзгор ва осори устод Рӯдакӣ, Ибни Сино, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Сайидои Насафӣ, Малеҳои Самарқандӣ, Мулҳами Бухороӣ, Абӯисҳоқи Атъима, Мирзо Абдулқодири Бедил, Котибӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Аҳмади Дониш ва дигар намояндагони адабиёти классикиамон бо умқи андешаву вусъати назар осори бунёдии адабиётшиносианд.  Профессор Абдунабӣ Сатторзода иброз дошт, ки дар рушди адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик симои се тан – Абдулғанӣ Мирзоев, Шарифҷон Ҳусейнзода ва Холиқ Мирзозода дурахшон ва таъсиргузор мебошанд. Китобу рисолаҳои А.Мирзоев “Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик”, “Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ”, “Рӯдакӣ ва инкишофи ғазал дар асрҳои Х-ХV” аз намунаи дастовардҳои илми адабиётшиносии муосир буда, бо умқи таҳлил ва чашмандози фарохи илмӣ бартарӣ доранд.

Дар ҷараёни ҳамоиш узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Муллоаҳмадов оид ба таҳқиқу пажӯҳишҳои А.Мирзоев роҷеъ ба А.Дониш, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Кӯчаров  дар мавзӯи “Сайидои Насафӣ дар тадқиқи А.Мирзоев”, профессор М.Муродов оид ба   “Баъзе вижагиҳои публитсистикаи А.Мирзоев” ва дигарон оид ба паҳлуҳои фаъолият ва осори А. Мирзоев суханронӣ карданд.

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш