Нашрияи Омӯзгор

Нақши Созмони хонандагон дар худшиносии насли наврас

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 1087        Шарҳ: 0

Яке аз бахшҳои муҳим дар таълиму тарбияи муфиди насли наврас фаъолияти Созмони хонандагон дар муассисаҳои таълимии кишвар ба шумор рафта, ҳадафи он баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, ҷалби хонандагон ба донишомӯзӣ, мусоидат дар ташаккули зеҳн ва маърифатнокии таълимгирандагон мебошад.

Доир ба фаъолияти  созмон дар ҷумҳурӣ суҳбате оростем бо муовини раиси Шӯрои Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонии Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм Икромиддин Бобоев.

-Муаллими азиз, аввалан оид ба таъсис, фаъолият ва раванди қабули хонандагон ба созмон чанд сухан мегуфтед. 

-Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ 26 феврали соли 2000 бо қарори Конфронси якуми ҷумҳуриявии созмон ташкил гардида, соли 2005 ба Низомномаи он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Фаъолияти созмон дар ҷумҳурӣ ба воситаи  муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ амалӣ гашта, дар мактабҳо бо таъсиси шӯро, даста, зина, гурӯҳ сурат мегирад. Хонандагони мактабҳо метавонанд тариқи аризаи хаттӣ, новобаста аз миллат, ҷинс, нажод, забон, ақидаҳои динӣ ва мансубияти иҷтимоӣ (аз 7 то 18-сола) аъзои созмон бишаванд. Хоҳишмандон дар арафаи ҷашнҳои 26-уми феврал-Рӯзи таъсисёбии Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ, 21-22 март-иди Наврӯз ва 9-уми сентябр-Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ ба узвияти созмон пазируфта мешаванд. Созмони хонандагон аз 3 зина: «Ахтарон», «Ворисони Сомониён» ва «Сомониён» иборат буда, ҳар як зина дар самтҳои гуногун фаъолият менамоянд. Бояд гуфт, ки ҳар як узви созмон имкон дорад, танҳо дар як самт фаъолияти худро ба роҳ монда, рафтори намунавӣ ва хониши хубу аъло дошта бошад. Ҳамчунин, созмони мазкур дорои рамзу нишонҳо: парчам, нишони сарисинагӣ барои ҳамаи зинаҳо, гарданбанд, кулоҳ, нақора ва шайпур мебошад.

Созмони хонандагон тайи солҳои охир чӣ корҳоро ба сомон расонидааст?

- Яке аз самтҳои афзалиятноки Маркази таҳсилоти иловагӣ, хусусан, бахши Созмони хонандагони марказ пешниҳоди ёрии методӣ ба роҳбарони созмони муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад. Дар ин замина, аз ҷониби муассиса корҳои зиёд роҳандозӣ гардидааст, аз ҷумла, Низомномаи Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба номи Исмоили Сомонӣ бо тағйиру иловаҳо нашр ва ба роҳбарони созмонҳои хонандагони макотиби ҷумҳурӣ дастрас шуд. Таҳия ва нашри «Дастур оид ба фаъолияти Созмони хонандагон ба номи Исмоили Сомонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ташаккули салоҳиятнокӣ» низ яке аз иқдомҳои некест, ки аз тарафи маркази номбурда анҷом дода шудааст. «Дафтари роҳбари Созмони хонандагон» низ чоп гардид, ки баҳри осон гардонидани ҷараёни кори роҳбари созмон нақши муҳим мебозад. Бо итминон гуфта метавонам, ки вазъи имрӯзаи Созмони хонандагон дар қиёс бо солҳои қаблӣ рӯ ба беҳбудӣ овардаву раванди кори он ҷоннок гардидааст.

- Тавре аз гуфтаҳои шумо маълум шуд, то андозае фаъолияти Созмони хонандагон дар кишвар назаррас гардидааст. Дар пешрафти минбаъдаи кори созмонҳо кадом мушкилоту монеаҳо мавҷуд аст?

- Зимни санҷишҳои гурӯҳҳои кории марказ маълум гардид, ки аз ҷониби роҳбарон ва раисони Созмони хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат ба гузаронидани чорабиниҳо аз рӯйи самтҳои зинаҳои «Ахтарон», «Ворисони Сомониён» ва «Сомониён» кам таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Мутаассифона, тақрибан 70%-и роҳбарони Созмони хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ ҳуҷраи алоҳида надоранд ва дар баъзе муассисаҳо фаъолияти роҳбари созмон дар як ҳуҷра бо муовини директори муассисаи таълимӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин мувофиқи мақсад нест. Инчунин, сарбории роҳбарони созмон хеле зиёд буда, вазифаи мушаххас надоранд, зеро ташкили бисёр чорабиниҳои мактабро ба зиммаи онҳо мегузоранд. Зуд-зуд иваз шудани роҳбарони созмон низ яке аз мушкилоти умдаи ин бахш ба ҳисоб меравад. Зимни интихоби роҳбари созмон қобилиятҳои кор бо оммаи васеи одамон доштан, малакаҳои ташкилотчигӣ, маҳорати суханварии онҳо бояд ба ҳисоб гирифта шаванд, вале ин нуктаҳо на ҳама вақт риоя мегарданд. Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки дар шаҳру навоҳии Кӯлоб, Бохтар, Левакант, Муъминобод, Кушониёни вилояти Хатлон дар самти кори Созмони хонандагон, аз ҷумла, тарзи ҳуҷҷатгузорӣ ва иҷрои бандҳои нақшаи кории он камбудиҳои зиёд ба чашм расиданд.

 Норасоии компютеру дигар воситаҳои технологияи иттилоотӣ яке аз мушкилоти асосии кори Созмони хонандагон аст. Таъмини муассисаҳои таълимӣ бо рамзу нишони Созмони хонандагон дар сатҳи зарурӣ набуда, дар баъзе муассисаҳои таълимӣ атрибутҳои созмон умуман мавҷуд нестанд. Бо мақсади дар дохили кишвар ба роҳ мондани истеҳсоли рамзу нишони созмон бо баъзе аз ширкатҳои истеҳсолии дохилӣ як қатор суҳбату мулоқоти судманд анҷом дода шудааст, ки умедворем натиҷаи назаррас медиҳанд.

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш