Нашрияи Омӯзгор

Андар шинохти хурофоти динӣ

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 742        Шарҳ: 0

Мубориза бо хурофоти динӣ ва мазҳабӣ дар адабиёти тоҷик мавзӯи наву тоза нест, вале дар ҳамаи давру замон муҳим будааст, чунки аз чигунагии мубориза бо хурофот давра ва марҳилаи адабию фарҳангӣ муайян ва мушаххас мешавад.

Калимаи «хурофот» (шакли ҷамъи хурофа), ки онро ба сифати мавзӯи асосӣ мадди назар қарор додаем, дар луғат ба маънои ҳадиси ботил, сухани беҳуда ва ёва далолат мекунад (ниг.: Фарҳанги Амид. –Ҷилди дувум. Таълифи Ҳасан Амид. –Теҳрон: Амири Кабир, 1375. -С.1001), яъне нафаре, ки бо сухану ҳадиси беҳуда, ботил ва бепоя андармон аст ва бар мабнои афкори пӯсида меандешад. Вале ба маънии истилоҳӣ, хурофотӣ касеро гӯянд, ки дар шинохти масъалаҳои зиндагӣ на аз ақл, балки аз ҷаҳлу эҳсос истифода мебарад ва саранҷом ҳақиқатро вожгуна мешиносад. Мунташиркунандаи хурофоти динӣ-мазҳабӣ, асосан рӯҳониёни муҳофизакор ҳастанд ва онҳо аз тариқи тарғибу ташвиқи афсонаю ривоятҳои куҳна, гул задани ҷомеа, алалхусус,  насли ҷавонро ба хурофот боварманд месозанд. Аз ин рӯ, шинохтани хурофоти динӣ ва симоҳои хурофӣ дар доираи илмҳои филологӣ ва фалсафӣ аз авлавиятҳои иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.

Дар гузашта бархӯрд ва мубориза бо хурофоти динӣ бо назардошти шароити сиёсию иҷтимоӣ дар ҳар шаклу намуде зоҳир мешудааст. Вале як чиз мусаллам аст, ки бузургони адабиёти форсу тоҷик ҳамеша дар ҳар шакле бо хурофоти динӣ бархӯрд карда, мубориза бурдаанд, то ҳамзамонону ояндагон аз зарару зиёни пурхатари он огоҳ бошанд.

Акнун марҳилаи навини рушди миллӣ шурӯъ шуд ва аҳли маорифи кишвар ба сифати ниҳоди асоситарини иҷтимоӣ ҷиҳати бароварда сохтани ниёзҳои маърифатӣ ва фарҳангии ҷомеа ба фаъолият пардохтанд. Бо хурофот мубориза бурдан ҳамеша ҳадафи фанни адабиёт будааст ва имрӯз, дар шароите ки минтақа ва ҷаҳон бо хатарҳои ҷаҳонии ифротгароии динӣ рӯёрӯст, ин масъала ҷиддият касб намудааст. Мо медонем, ки фанҳои таърих, забону адабиёти тоҷик ва дар синфҳои болоӣ фанни инсон ва ҷомеа бо хурофоти динӣ ба таври назариявӣ ва мустақим мубориза мебаранд ва гурӯҳи фанҳои табиӣ-риёзӣ бошад, таври назариявӣ ва ҳам амалӣ муқовимат мекунанд.

Марҳилаи ибтидоии ташаккулёбии ҷаҳонбинии хонандагон дар ҷараёни дарси адабиёти тоҷик аз синфи панҷум оғоз ва то синфи ҳафтум идома меёбад. Дар ин марҳила мавзӯъҳои ибтидоие аз фанни адабиёти тоҷик тадрис мешаванд, ки оҳиста-оҳиста хонандаро бо намунаҳои мероси шоирону адибони маъруфи адабиёти форсу тоҷик шинос мекунанд ва ақлу фаросати ӯро дар бастагӣ бо масъалаҳои хурофоту таассуби динӣ шакл медиҳанд. Марҳилаи дуюми шаклгирии тафаккури илмии хонанда дар ҷараёни тадриси фанни адабиёти тоҷик дар доираи синфҳои ҳаштуму нуҳум ва марҳилаи ниҳоӣ дар маҳдудаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ – синфҳои даҳуму ёздаҳум маҳсуб меёбад. Дар ин се марҳилаи синнусолӣ хонанда аз масъалаҳои шинохти хурофоти динӣ ва мазҳабӣ  огоҳӣ пайдо мекунад ва барои ислоҳи вазъи ҷаҳонбинии худ ва ҳамсолонаш саъю кӯшиш менамояд.

Баррасии мавзӯъҳои марбут ба хурофоту таассуби динӣ қариб дар ҳамаи мавзӯъҳои адабиёти тоҷик, ки дар заминаи омӯзиши зиндагиномаю мероси шоирони классикӣ ба вуқӯъ мепайванданд, дучор меояд. Албатта, бештар дар омӯхтани ҳаёту эҷодиёти шоирони барҷастаи форсу тоҷик аз устод Рӯдакӣ шурӯъ карда, то Мавлоно Ҷомӣ мавзӯи мавриди назар ҷиддӣ мушоҳида мешавад. Дар ҷараёни дарси адабиёти тоҷик, махсусан, дар синфҳои нуҳуму ёздаҳум омӯзгор метавонад ба таври густурда ба мавзӯи хурофоти динӣ ва мазаррати он ба ҷомеа таваққуф намуда, бо мисолҳои мушаххас аз эҷодиёти Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Хайём, Ҳаким Низомӣ, Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз, Мавлоно Ҷомӣ риёкорию дурӯягӣ, худписандию золимӣ, нодонию нотавонбинӣ, ҷаҳолатгаройии намояндагони барҷастаи хурофоти асримиёнагии форсу тоҷик – шайху сӯфӣ, зоҳиду тақводорро фош созад ва ба хонандаи имрӯзӣ, ки доираи донишаш дар масъалаҳои дину диёнат пойин аст, кумак намояд.

Дар ҷараёни тадриси фанни адабиёти тоҷик дар синфи нуҳ, ки замони рушдёбии ҷаҳонбинии хонанда аст, бо намунаҳои насрию назмӣ аз осори гаронбаҳои бузургони гузаштаамон метавон масъалаи хурофоти динӣ ва дурӣ аз онро ҳаматарафа пайгирӣ кард.

Мусаллам аст, ки дар синфҳои болоӣ (9-11) зеҳни хонанда моҳиятан тағйир ва иддаои пурсишгарӣ ба сифати меъёри тафаккурӣ дар ӯ ташаккул меёбад. Ин аст, ки барои хонанда имконияти фаҳмидан, дарк кардан ва мустақилона арзёбӣ намудани масоили муҳим фароҳам меояд. Раванди ташаккулёбӣ ва рушди тафаккури интиқодӣ, ки ба биниши фалсафӣ ва илмӣ оварда мерасонад, дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таҳкиму тақвият меёбад.

Агар ба таърихи адабиёти асримёнагии тоҷику форс таваҷҷуҳ намоем, ба хубӣ мушоҳида мекунем, ки тамоми бузургони мо ба хурофот ба таври мустақим ва ғайримустақим мубориза бурдаанд ва мубориза ба хотири он будааст, ки чашми ҷомеаро бедор созанд, то манзараи ҷаҳолату нодониро бубинанд ва аз қафои динбозону мутаассибони мазҳабӣ нараванд. Имрӯз низ ин табақаи найрангбоз, фурсатталаб, фиребгар, ҷаҳолатписанд ва хурофотгаро дар байни мо зиёд ба назар мерасанд. Онҳо мардум, аз ҷумла, насли ҷавонро бо ҳар роҳу васила мехоҳанд ба бероҳа бикашанд ва нагузоранд, ки дар ҳалли мушкилоти худ аз илму дониш истифода кунанд. Барои онҳо муҳим ин аст, ки доимо мардум мутеашон бошанд ва дар ҳалли муаммоҳои зиндагӣ на аз илму мантиқ, балки  аз андешаҳои хурофотии онҳо истифода кунанд.

Вазифаи мо, омӯзгорони фанни адабиёти тоҷик, дар ин шароит аз он иборат аст, ки зеҳни хонандаро бо илму дониш пур намоем  ва вобаста ба синну соли ӯ маводи зарурии илмӣ барояш тақдим созем, то дар зиндагӣ мисли бисёриҳо раҳгум назанад. Раҳгумӣ, пеш аз ҳама, дар нашинохтани ҳақиқат аст ва ба ҳайси  ҳақиқат шинохтани  хурофот гумроҳист. Аз ин рӯ, дар роҳи шиносонидани ҳақиқати илму дониш омӯзгор, махсусан, омӯзгори фанни адабиёти тоҷик, ки аз ганҷинаи илми адабии гузаштагону имрӯзиён бохабар аст, саҳми асосӣ гирифта метавонад.

Н. Нуров,

устоди ДДФСТ ба номи

М. Турсунзода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш