Нашрияи Омӯзгор

Табиатшиносӣ ва таълими босалоҳият

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф барои ҷорӣ намудани муносибати босалоҳият дар таълим,  ки натиҷааш ба рушди шахсияти комил нигаронида шудааст, ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Муносибати босалоҳият тарзи нави муносибат ба таълим буда, ба ташаккул ва рушди салоҳиятҳои хонандагон нигаронида шудааст. Тайи чанд соли охир дар доираи ин иқдомҳо оид ба татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим стандарту барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ ва «Роҳнамои омӯзгор» барои фанҳои зинаи ибтидоии таҳсилот (синфҳои 1- 4)  таҷдиди назар гардида, аз нав таҳия ва нашр гардидаанд.

Фанни табиатшиносӣ (Олами атрофи мо) соли чорум аст, ки дар зинаи ибтидоии таҳсилот (синфҳои 1-4) таълим дода мешавад. Ҷорӣ кардани таълими фанни мазкур бамаврид ва айни муддао мебошад, чунки ин фан барои омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ (химия, физика, биология  ва  географияву эколгия) дар зинаи болоии таҳсилот заминаи асосӣ мегардад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки барномаи таълим, китоби дарсӣ ва “Роҳнамои омӯзгор” аз фанни табиатшиносӣ (Олами атрофи мо) барои  зинаи ибтидоии таҳсилот дар асоси муносибати босалоҳият таҳия шудааст, ки мо, омӯзгорон аз он фаровон истифода мекунем. Бояд гуфт, ки фанни табиатшиносӣ аз камтарин фаннест, ки нозукиҳои таълим доир ба муносибати босалоҳият дар барнома, китоби дарсӣ ва роҳнамои он барои омӯзгорон бо саволу супоришҳо ва ҷадвалу тестҳо ва расму ороиши баланд, ки хонадаро ҷалб мекунад, дарҷ  ёфтааст. Тавсияи методӣ ва нақшаи намунаи як дарс нишон дода шудааст, инчунин тарзи истифодаи маводи таълимӣ ва китоби дарсӣ низ дарҷ шудааст, ки кори омӯзгорро осон мегардонад. Усулҳо ва қоидаҳои асосии таълим,  мушоҳида, намоиш додани таҷриба, саёҳат ва руйхати адабиёт дар барнома ба таври возеҳ оварда шудаанд. Дар силсилакитобҳои дарсии табиатшиносӣ (синфҳои 1-4) бо мақсади фаъол гардонидани хонанда вобаста ба ҳар як мавзӯъ супоришҳо ба монанди «Фикр кунед! (саволу супоришҳо барои ҷалби диққат); Кори дунафарӣ; Кори гурӯҳӣ; Дар хотир нигоҳ доред!, Ба саволу супоришҳо ҷавоб гӯед!, Худро санҷед! (кор бо тестҳо), баҳогузорӣ ба фаъолияти ҳамдигар ва супориш барои хона (вазифаи хонагӣ) оварда шудаанд. Хонанда баъди иҷрои ин вазифаҳо пурра мавзӯъро аз худ мекунад.

Китобҳои ин фан бо расмҳои ҷолиб ороиш ёфтаанд, ки диққати хонандаро ҷалб карда, мондашавиро ҳис намекунад. Дар баробари ин, барои ҳар як синф “Роҳнамои омӯзгор” таҳия ва чоп карда шудааст, ки равиши дарс  вобаста ба ҳар як мавзӯъ аз аввал то ҷамъбаст  нишон дода шудааст. Ман аз ин китобҳо хуб истифода мебарам ва мебинам, ки хурдсолон бошавқ ин дарсро интизор мешаванд ва мехонанд. Ҳамчун омӯзгори собиқадор чанд пешниҳод дорам:

Якум, аз муаллифони силсилакитобҳои табиатшиносӣ (синфҳои 1-4)   хоҳиш карда мешавад, ки дар оянда барои корҳои мустақилона ва супоришҳои  хонагӣ дафтар ва саволномаҳои тестӣ низ таҳия намоянд.

Дуюм, барои омӯзгорони синфҳои ибтидоие, ки аз курси такмили ихтисос вобаста ба муносибати босалоҳият  нагузаштаанд, пешниҳод менамоям, ки ҳатман ҳарчи зудтар аз ин курсҳо  баҳравар шаванд. Вагарна барои дар сатҳи зарурӣ таълим додани ин фан дучори мушкилӣ мешаванд.

 

Мастура

НАРЗУЛЛОЕВА,

омӯзгори  мактаби №3,

шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш