Барои маълумот пайдо намудан дар мавриди таъмини хонандагон бо либосҳои мактабӣ ва фаъолияти коргоҳҳои дӯзандагии шаҳри Кӯлоб ба раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб муроҷиат намудем. Раёсати маорифи шаҳр бо мақсади таъмини фармоиши вазири маориф ва илми кишвар аз ҳисоби директорони муассисаҳои таълимӣ ва шахсони масъули раёсати маорифи шаҳр комиссияи махсус таъсис додааст.
Айни ҳол, теъдоди хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ба 46 ҳазору 91 нафар мерасад. Дар соли таҳсили 2018-2019 тибқи шартномаи ҳамкории байни муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои истеҳсолии шаҳр барои 26 ҳазору 596 нафар хонанда дӯхти сарулибоси мактабӣ ба имзо расидааст. Аз маълумоти оморӣ маълум мегардад, ки то имрӯз иҷрои шартномаи ҳамкории байни муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои дӯзандагӣ барои дӯхти сарулибоси ягонаи мактабӣ ба 18176 нафар хонанда, ки аз ҷумла, 10360 нафарашонро духтарон ташкил мекунад, 68,3%-и нақшаро ташкил мекунад. Корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Кооператор» барои 9400 нафар, корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Мунаввар-М» барои 4409 нафар, корхонаи дӯзандагии ЧСК «Пойафзоли Кӯлоб» барои 1767 нафар, корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Зархам» барои 2600 нафар ва корхонаи дӯзандагии СИ «Абдураҳимова Миҷгона» барои 100 нафар шартномаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимиро ҷиҳати таъмини либоси ягонаи мактабӣ бастаанд. Мутаассифона, корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Мунаввар-М» аз уҳдаи дӯхтани сару либос барои 4409 нафар хонанда баромада натавонистааст. Ҳоло он ки маблағи дӯхти либосҳо аз тарафи падару модарон пешпардохт шудааст. Дар суҳбат шахси мутасаддӣ оид ба таъмин ва назорати либосҳои мактабӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр Бегмурод Қурбонов дар хусуси бастани шартномаи ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои истеҳсолии шаҳр ва назорати иҷрои он гуфт, агар талаботи умумии хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбии шаҳрро ба инобат гирифта, таъминоти либоси мактабии онҳро ба роҳ монем, иқтидори корхонаҳои дӯзандагие, ки дар шаҳр фаъолият менамоянд, баҳри ин кор кифоят намекунад. Аз тарафи дигар, барои дӯхтани костюми бачагона дар корхонаҳои дӯзандагӣ мутахассисони касбӣ намерасанд ва дӯхтани либоси бачагонаи мактабиро ба уҳда намегиранд, зеро ки технологияи аксари ин корхонаҳо куҳна буда, маводи истеҳсолкардаашон рақобатпазир нест ва падару модарон ҳам ба онҳо камтар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Ҷойи нигаронист, имрӯз либосҳое, ки коргоҳҳои дӯзандагӣ истеҳсол мекунанд, аз ҷиҳати сифати дӯхт, тарроҳӣ ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Боиси нигаронист, ки падару модарон либосҳои мактабиро аз бозору мағозаҳо, ки ширкатҳои хориҷӣ истеҳсол мекунанд, харидорӣ менамоянд. Ҳарчанд дар муассисаҳои таълимии шаҳр аксарияти хонандагон бо либосҳои ягонаи мактабӣ ба дарсҳо меоянд, вале сифати дӯхти либосҳо падару модарон ва хонандагонро қонеъ карда наметавонад. Бояд гуфт, ки ҳамасола теъдоди хонандагон дар муассисаҳои таълимии шаҳр 2-3 ҳазор нафар зиёд мегардад. Мутаассифона, корхонаҳои дӯзандагие, ки дар шаҳри Кӯлоб айни замон фаъолият доранд, қудрати таъмини либосҳои мактабиро надоранд.
Дар ноҳияи Темурмалик тибқи нақша дар соли таҳсили 2018-2019 директорони муассисаҳои таълимии ноҳия дар ҳамкорӣ бо Ассосиатсияи падару модарони хонандагони мактаб бо корхонаи дӯзандагии «Гулдастон»-и Ҷамоати шаҳраки Совет ва Ширкати «Меҳри модар»-и Ҷамоати деҳоти Кангурт барои 7918 нафар хонанда ҷиҳати дӯхт ва харидорӣ намудани либосҳои мактабӣ шартнома бастаанд. То имрӯз ба 6572 нафар хонанда либосҳои мактабӣ харидорӣ гардидааст, ки 83%-иҷрои нақшаро дар бар мегирад. Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ш. Сатторов иброз намуд, либосҳои мактабие, ки аз тарафи корхонаҳои мазкур тибқи шартномаи хариду фӯруши байни муассисаҳои таълимӣ ва роҳбари корхонаҳои дӯзандагӣ сурат гирифтааст, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ мебошад. Аз тарафи дигар, арзиши дӯхти либосҳои мактабӣ нисбат ба нархи бозор хеле арзон ва босифат мебошад. Аз ин рӯ, имсол ҳам шуъбаи маорифи ноҳия бо корхонаҳои КД «Гулдастон» барои 1609 нафар ва бо корхонаи дӯзандагии «Бозор» барои 5300 хонанда барои харидорӣ намудани либоси мактабӣ шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расондааст.
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои дӯхти сарулибоси мактабӣ ягон корхонаи дӯзандагӣ сафарбар карда нашудааст ва шуъбаи маорифи ноҳия маҷбур мешавад, ки бо корхонаҳои дӯзандагии ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ шартномаи ҳамкориро ба роҳ монад. А. Исоев, мудири шуъбаи маорифи ноҳия иброз дошт, ки дар соли таҳсили 2018-2019 барои 17390 нафар хонанда бо сару либоси мактабӣ бо корҳонаи дӯзандагии шаҳри Бохтар ва ЧДММ «Даҳбед»-и шаҳри Ҳисор шартнома баста шудааст. Аз тарафи корхонаи дӯзандагии шаҳри Бохтар барои 2000 нафар ва корхонаи ҶДММ «Даҳбед»-и шаҳри Ҳисор барои 8500 хонанда либоси мактабӣ дӯхта шудааст, ки 66, 1%-и нақшаро дарбар мегирад. Тарзи дӯхт, матои интихобшуда ва нархи дӯхти либосҳо ба хонандагон ва падару модарони онҳо писанд аст. Шуъбаи маорифи ноҳия соли равон бо корхонаи ҶДММ «Нидои Кӯлоб» барои 5000 нафар, корхонаи ҶДММ «Даҳбед» барои 10000 нафар ва бо корхонаи «25-солагии Истиқлолият» барои 500 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия шартномаи ҳамкорӣ бастааст.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Н. Ғоибзода иттилоъ дод, ки шуъбаи маориф барои таъмини 6491 нафар хонанда бо либоси мактабӣ шартнома байни корхонаи дӯзандагии шаҳри Бохтар, сехи адрасбофии ноҳия ва корхонаи дӯзандагии Агентии назди Дастгоҳи иҷроияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тасвиб расондааст ва то имрӯз 4045 нафар мактаббача соҳиби либоси мактабӣ гардидаанд, ки ин иҷрои нақшаро 62% ташкил медиҳад.
Имсол шуъбаи маориф барои дӯхти сарулибоси мактабӣ бо ҶДММ «Алишер АСК» барои 5484 нафар хонанда шартнома бастааст. Дар масъалаи пурра таъмин намудани хонандагону омӯзгорон бо либоси ягона мушкилоту проблемаҳои зиёде ҷой доранд. Дар ноҳия ягон коргоҳҳои дӯзандагӣ то имрӯз фаъолият намекунад, ки дархосту талаботи хонандагони мактабҳоро иҷро кунад.
Дар ин масъала кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор корҳои муайянеро ба анҷом расонида, баҳри дастрас намудани 16400 ҷуфт сарулибоси мактабӣ бо корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Самои К» шартномаи ҳамкорӣ бастаанд ва то оғози соли таҳсили 2018-2019 хонандагон пурра бо либосҳои мактабӣ таъмин гардиданд. Дар соли хониши 2019-2020 бошад, шуъбаи маориф бо корхонаи дӯзандагии «Нидои Кӯлоб» барои 6000 нафар, бо ҶДММ «Самои К» барои 12000 нафар хонанда шартномаи ҳамкорӣ бастааст. Мутаассифона, дар ноҳия ягон корхонаи дӯзандагӣ то имрӯз фаъолият намекунад, ки мушкилоти муассисаҳои таълимии ноҳияро осон намояд. Бо иқдоми шуъбаи маориф дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия дӯхти либосҳои мактабиро амалӣ намуда истодаанд.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр