Адабиёти тоҷик аз ҳар ҷиҳат ғановатманд аст, аз ҷиҳати мавзӯъ низ. Домани мавзӯъҳои адабиёти пуровозаи тоҷик хеле пурбаракат асту фарогир.
Махсусан, адабиёти классикии тоҷик аз ин ҷиҳат ҳамто надорад. Албатта, инъикоси ҳама мавзӯъҳо дар як поя қарор нагирифтааст. Масалан, дар мавзӯъҳои ватан, хирад, одамият, ишқ, накукорӣ, садоқат, меҳнат, дӯстӣ ва амсоли инҳо ашъори бештаре суруда шудааст. Аз анбуҳи мавзӯъҳои адабиёти муҳташами тоҷик чанд мавзӯеро метавон ҷудо кард, ки аз ҷиҳати самимияти баён ва муҳтавои гуфтор хеле писандидаву муассиранд. Яке аз чунин мавзӯъҳо ситоиши модар мебошад. Образи модар дар адабиёти тоҷик ҳамбаста ба офариниш, ҳусну зебоӣ, меҳру муҳаббат, садоқату самимият, одоби ҳамида ва дили шафқатбор таҷассум ёфтааст ва мақому манзалати беназиру баланди модарро ифода мекунад. Шоири бузургу волосухан Низомии Ганҷавӣ байте машҳуру мақбул дорад:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Мазмуни ин шоҳбайт аслан аз ҳадиси набавист, аммо хеле неку ба риштаи назм кашида шудааст ва асрҳост, ки аз забони хосу ом садо медиҳад.
Байти зерини шоири тавоно Хоқонии Шервонӣ низ ишора ва таъкид ба арҷмандии модару канори меҳрбори ӯ мекунад:
Кӯдакеро сӯи бӯстон хонд ғам, модар
чӣ гуфт?
Гуфт: - Рав, бӯстони мо домони модар
сохтанд.
Саъдии Шерозӣ, ки дар гуфтани панду ҳикмати барҳақ беназир ва андарзаш ҳама дилпазир аст, дар ситоиши модар ва канори инсонсози ӯ қитъае саршор аз маънӣ гуфта, ки сарбайташ ин аст:
Канору бари модари дилпазир
Биҳишт асту пистон дар ӯ ҷӯи шир.
Ин байти шоири баландмақом Абдураҳмони Ҷомӣ даъват бар он аст, ки модаронро ҳамеша эҳтиром гузорем ва гӯш ба суханони пурмеҳрашон бидиҳем, то шарафманду хушрӯзгор бошем:
Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф
Гарде аз роҳи модарон бошад.
Мавзӯи ситоиши модар дар адабиёти муосири тоҷик низ мавқеи бавусъат дорад ва тақрибан шоиреро дучор наметавон омад, ки дар васфи ин офаридаи бузургтарини табиат қитъае нагуфта бошад. Ин мавзӯъ аз мавзӯъҳои ҷовидонии адабиёт аст, зеро ситоиши модарон поён надорад, ончунон ки меҳру муҳаббати модарон беинтиҳост. Барҳақ гуфтаанд, ки:
Як дами ҷон костани модарон
Беҳ зи ҳама муъҷизи пайғамбарон!
Холинисо Кулаева,
омӯзгори синфҳои
ибтидоии литсеейи ДСХ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр