Нашрияи Омӯзгор

Меҳрубону беназирӣ, модарам…

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 738        Шарҳ: 0

Модар ба кӯдак аввалин ҳарфу ҳиҷоро ёд медиҳад. Ҳангоме ки ҷигарбандаш калимаҳоро аз бар карда натавонад, модари ғамхор ба вай талаффузи дурусти онҳоро ёд медиҳад.

Бо мурури замон ба ӯ тарзи рафтору гуфтор ва бо одамон чӣ тавр муносибат карданро меомӯзад, то ки фарзандаш ҳамчун шахси ворастае ба камол расида, дар ҷомеа мавқеи муайяни худро пайдо кунад. Инсон пас аз раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар қиммати ӯро хубтар дарк мекунад, зеро баҳри фарзанд ба монанди канори модар макони биҳиштосои дигаре вуҷуд надорад.

Ҷои шакку шубҳа нест, ки такя дар паҳлуи модар ва хоб дар зонуи ӯ беҳтарин лаҳзаҳои умри мо мебошад. Оре, давлати фарзандон модар аст. Ҳар фарзанде, ки қимати модарро донаду дуои некашро бигирад, хушбахту шуҳратёр мегардад. Зиҳӣ, модар, ба чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки бузургони олам дар пешат сар фуруд меоранд.

Бузургии зан – модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиятгари фарзанд, инчунин, нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Модар арзандаи эҳтирому дӯстдорист, зеро меҳрубонтарин инсони рӯи олам буда, фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиру дилсӯзу бахшандааст. Зиндагии мо бо аллаи модар ибтидо мегирад ва бо номи мубораки ӯ ҳусни анҷом мепазирад. Мутаассифона, на ҳама вақт мо ба қадри ин ганҷи бебаҳо расида метавонем. Гоҳо дар дарёи пуршӯри ҷавонӣ босуръат заврақ меронему эҳтироми модарро фаромӯш мекунем. Аммо баъдан аз кирдорҳои худ пушаймон гашта, ӯро меҷӯем, вале дигар намеёбем. Аз даст додани модар барои фарзанд фоҷиаи хеле гарон аст. Инро танҳо пас аз рафтанаш дарк хоҳем кард.

Дар ҷаҳони меҳрубонӣ беназирӣ,

модарам,

Дар диёри бовафоён ту амирӣ,

модарам.

Имтиҳони маргро дар зиндагӣ

биспурдаӣ,

Зиндагибахшандаӣ, ҳаргиз намирӣ,

модарам.

Муҳиддин Султонов,

омӯзгори мактаб-интернати

ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои

шаҳри Ҳисор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш