Ибтикори башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Даҳсолаи Байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2021», ки аз ҷониби СММ пазируфта шуд, нуфузи кишвари моро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам боло бурд. Солҳои охир ин масъалаи хеле мубрами рӯз ва марбут ба тамоми соҳаҳо диққати ҷаҳониёнро бештар ба худ ҷалб намудааст. Мувофиқи хулосаи мутахассисон, як қатор омилҳо боиси норасоии об ва коҳиши захираҳои он дар сайёра гардидаанд. Аз ҷумла, назорати идораи манбаъҳои обӣ, ақибмонии инфрасохторӣ ва техникӣ, талафоти бузурги об ҳангоми обёрӣ, бунёди обанборҳои камсамар, рушди босуръати бахши аграрии иқтисод заминаи асосии таҳдидҳо ба амнияти озуқаворӣ дар сайёра дониста мешаванд. Вобаста ба баъзе далелу рақамҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз қабили иқомат доштани 85 дарсади аҳолии замин дар манотиқи хушктарини сайёра, дастрасӣ надоштани 780 миллион нафар ба оби тоза, маҳрум будани 2,5 миллиард одам аз шароити созгори гигиенӣ фавти солонаи ҳазорҳо нафар (аз 6 то 8 миллион) дар натиҷаи обхезиҳо ва мушкилоти вобаста ба об, тақрибан 3 миллиард афзудани аҳолии сайёра ва дар ин замина боз ҳам афзудани талабот ба обро имрӯз метавон чун неъмати нодир ва бузурги табиат муаррифӣ намуд ва ҳамагонро ба ҳифзу сарфаи он даъват кард. Аҳли қалам аз ин лиҳоз дуруст таъкид кардаанд:
Об бошад гавҳари қимматтар
аз лаълу гуҳар,
Покии ҳар қатраи он покии
хайрулбашар.
Дарвоқеъ, об сарвати умуми-башарӣ ва муҳимтарин омили ҳастии инсон мебошад.
Гулбаҳор ЗОИРОВА,
омӯзори мактаби №44-и
ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр