Нашрияи Омӯзгор

Академияи ВАО: фаъолият ва дурнамо

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 741        Шарҳ: 0

Дар асоси дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 феврал дар ҷараёни вохӯрӣ бо намояндагони ВАО-и давлатии мамлакат изҳор доштанд, 1 марти соли 2019 дар Академияи ВАО-и Тоҷикистон бо иштироки ҷомеаи журналистони тоҷик, намояндагони идораҳои марбута, устодону донишҷӯёни факулта ва шуъбаҳои рӯзноманигории мактабҳои олии кишвар таҳти унвони «Омода намудани мутахассисони медиа дар шароити муосир» ҳамоиш баргузор гардид.

Дар он масъалаҳои рушди журналистика дар шароити муосир ва фаъолияти минбаъдаи Академияи воситаҳои ахбори омма баррасӣ шуданд.

Директори Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» Зинатуллоҳ Исмоилзода зикр кард, ки 1 марти соли 2016 бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат се муассисаи давлатӣ — «Академияи ВАО-и Тоҷикистон», телевизионҳои «Синамо» ва «Варзиш» ифтитоҳ ёфта, фазои иттилоотии кишварро мукаммал гардониданд. Мавсуф дар идома гуфт, ки дар ин муддат  «Академияи ВАО - и Тоҷикистон» барои кормандони эҷодию техникии ВАО-и чопию электронии давлатӣ ва мустақил машғулиятҳои омӯзишӣ ва дарсҳои маҳорат ташкил намуд. Дар онҳо мутахассисони ватанию хориҷӣ дар бахшҳои гуногун дарс гуфтанд. Ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа ҷиҳати ба бозомӯзӣ фаро гирифтани рӯзноманигорони ҷавон ва ҳайати техникии шабакаҳо барои татбиқи усулҳои муосири журналистика ва истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотии замони имрӯз мусоидат менамояд.

Дар ҳамоиш ҳамзамон раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олимҷон Салимзода доир ба нақши Парлумони Тоҷикистон дар таҳияи қонунҳо вобаста ба фаъолияти ВАО-и кишвар, ҷойгоҳи ВАО дар рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон, татбиқи барномаи рушди пахши рақамӣ дар кишвар суханронӣ намуд.

Инчунин, дар ҷараёни ҳамоиш олимону устодони факулта ва шуъбаҳои журналистика дар мавзӯъҳои «Стандартҳои таълимии ихтисосҳои журналистӣ дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо», «Роҳу усулҳои навини тарбияи кадрҳои журналистӣ», «Такмили ихтисоси кормандони ВАО дар дохил ва хориҷи кишвар», «Зарурат ва дурнамои ихтисоси журналистӣ бо назардошти таҳаввулоти техникӣ дар муҳити чандрасонаӣ» ва «Амалияи омода намудани кадрҳои журналистӣ: воқеият ва имконият» маърӯза намуда, дар самти омода намудани мутахассисони ВАО дар шароити муосир табодули назар карданд.

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш