Нашрияи Омӯзгор

Генерали оянда

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 739        Шарҳ: 0

(Аввалаш дар шумораи №9)

Ин аҳвол чандин моҳ, шояд сол идома дошт.

Рӯзе ҷавон мисли дигарон шеъре барояш ирсол кард.

- Шеъри кист?-пурсид духтар ва худаш ҳам надонист, ки чаро ин суолро бо ангуштони нозукаш рӯйи сафҳаи паёмрасон чид.

- Аз худам,-посухи навиштаи ҷавон чунин буд. Бовараш наомад, ки ӯ ба ин хубӣ шеър гӯяд.

 Духтар гуфт:

-Яке дигар равон кун!

Ҷавон шеърборонаш кард.

-Фикр кардӣ, ки суханвари мумтоз танҳо худат ҳастӣ? Мо ҳам метавонем,- гуфт ҷавони ҳанӯз ноошно ва «смайлик»-и ханда барояш фиристод. Танҳо баъди ин духтарак ба ӯ ҷиддӣ таваҷҷуҳ кард,  саҳифааш даромаду хост бишносадаш, зеро то имрӯз аксашро ҳам дуруст надида буд. Аз акси асосии саҳифа ҷавонмарде зебое бо ҷуссаи рустамона ба ӯ менигарист, бо либоси низомӣ. Нигоҳи чашмони барроқу шуълапошаш мисли уқоби тезчанге кабӯтари дилашро ба чанг овард ва дар ҳамин лаҳза эҳсос кард, ки қалбаш дигаргуна тапид, ларзид ва худаш аз ин ҳолат тарсид, чун бори аввал буд. Аз ҳаяҷон чанд лаҳза чӣ кор карданашро надонист. Бо мушкилӣ худро ба даст гирифта, ба бахши маълумоти саҳифа нигарист ва кӣ будани ҷавонро фаҳмид: Сарбози Ватан, афсари баландрутбаи вазоратхонае будааст. Суханҳои пурмеҳру навозишгари ӯ мафтунаш кард, тайи чанд рӯзи мукотибаи интернетӣ хеле ҳамдигарро шинохтанд, бо дунёи ҳам ва хостаҳои дили якдигар зиёд ошноӣ пайдо намуда, оқибат ба ҳам одат карданд. Ҷавон сахт эҳтиромаш мекард, ҳарфи газофе бар забон намеовард, суҳбатҳои ширине доштанд дар бораи адабиёт, варзиш ва зиндагӣ. Мавзӯе набуд, ки дар бораи он суҳбате наороста бошанд. Майдони дониши духтар вусъатманд буд ва мавзӯъҳои бисёрро фаро мегирифт. Ба ҷавони дилбохта сухандониву донишмандии духтар ниҳоят писанд афтод. Соатҳо метавонистанд сухан гуфта, эҳсоси хастагиро ҳам ҳис накунанд. Дар зиндагӣ инсонҳое ҳастанд, ки вазифаашон танҳо зоеъ кардани вақти дигарон аст, фоидае аз онҳо ба касе намерасад. Аммо ҳастанд шахсоне, ки ҳангоми бо онҳо ҳамсуҳбат шудан мо эҳсоси вақтро аз даст медиҳем ва намедонем, ки вақт чӣ тавр мегузарад. Ин ду ҷавон ҳангоми суҳбат бо ҳамдигар чӣ тавр гузаштани вақтро дигар эҳсос намекарданд… Ва ниҳоят, эҳсоси муҳаббат бар онҳо ғолиб омад. Баъди аввалину охирин вохӯрӣ дар яке аз қаҳвахонаҳои хиёбони Рӯдакӣ ҷавон бидуни дудилагӣ пешниҳоди издивоҷ кард. Духтарак фурсат талабид, ки каме дар ин бора биандешад ва бо пайвандон машварате биорояд… 

Духтарак низомиён ва либоси ҳарбиро аз хурдсолӣ меписандид. Шояд таъсири «Шоҳнома»-хониҳояш буд, ки дар он Фирдавсӣ паҳлавонону муҳофизони Ватанро родмардони ҳақиқӣ тасвир кардааст? Айёми кӯдакӣ сари зонуи қиблагоҳ нишаста, достонҳои «Шоҳнома»-ро мешунид. Боре духтарак аз падар пурсид:

-Падар, Рустами Дастон ҳоло ҳам ҳаст?

-Рустам, афсӯс, ки дигар нест, аммо пайравони Рустам, пайравони кораш имрӯзҳо беҳисобанд. Афсарону низомиёни имрӯзӣ пайравони кори Рустами Дастонанд, духтари азизам. Ҳадафашон ҳимояи сулҳу оромии ин марзу бум ва таъмини осудагии мост…

Шояд аз ҳамон лаҳзаҳо, дар натиҷаи суҳбатҳои самимӣ бо падар ба низомиён эҳтиромаш пайдо шуд.

Рӯзе падар дар бораи рутбаҳои низомӣ маълумоташ дод. Аслан қисса аз ин ҷо оғоз ёфт, ки як дӯсти падар ба хона меҳмонӣ омад. Меҳмон сардори идораи ҳарбии минтақавӣ-«военком» буд. Вақте мошини меҳмон  дар ҳавлӣ таваққуф кард, духтарак бо хоҳару бародараш ба пешвози «амак»-ашон давиданд. Амаки низомӣ либоси зебову тозаи ҳарбӣ дар тан «ҷиян»-ҳоро рӯйи даст бардошту вохӯрӣ кард, ба ҳар кадоме туҳфаҳо дод. Духтарак лухтаки ҳадяшударо тамошо мекард, ки ногаҳон садои амаки низомӣ баланд шуд. Баргашту ин манзараро дид; хоҳари хурдиашон ситораву «пагон»-и сари китфи меҳмонро дошта мекашид, шояд онро барои худ канда гирифтан мехост. Дурахши ситораи калон таваҷҷуҳи тифлакро ба худ ҷалб намуда буд. Падар бо чолокӣ ситораи сари китфи рафиқашро аз дасти кӯдакаш раҳо кард. Амаки низомӣ шӯхикунон гуфт:

-Дӯстам, ҷиянамон қариб буд, ки маро аз рутбаҳои бо меҳнати чандсола бадастовардаам маҳрум мекард. Инаш дарди ба хайр, медонӣ, ки «пагон»-ҳоро кандан «статя» дорад? Корам қариб буд, ки ба трибунали ҳарбӣ меафтод,- ва хандааш баланд шуд… 

Чӣ қадар ба сару либоси амаки низомиаш нигаристанро дӯст медошт, хеле бошукӯҳ буд ва ҷозибае ин дошт либоси ҳарбӣ, ки нигоҳро ба худ мекашид. Духтарак мехост соатҳо ба он нигоҳ кунаду чашм наканад. Дар ҳамин лаҳзаҳо шавқаш боло мегирифту бо азми қавӣ дар дил мегуфт: «Худам хонда, «военний» мешавам ва ин либоси зебову бошукӯҳро  ба бар мекунам…»

Баъд аз он рӯз ба соҳаи ҳарбӣ таваҷҷуҳаш бештар шуд, ба таърихи лашкардориву лашкардорони гузаштаву имрӯза аҳамият дод, «маймана»-ву «майсара»-ро донист, ки чист.  «Тактика»-ву «хатти фронт»-ро фаҳмид ва ҳама рутбаҳоро аз зинаи аввал: «прапоршик»   то «генералиссимус» аз ёд кард. Ҳамон лаҳзаҳо шояд худаш намедонист, вале дар қаъри қалби кӯчакаш орзу мепарварид, ки ҳамсари ояндааш низ бояд «ГЕНЕРАЛ» бошад. Вале дар давоми ҳаёт ҳеҷ гоҳ ин орзуро ба забон наовард. Баъзан вақт орзуҳои дили мо он қадар бузурганд, ки  метарсем онҳоро ба забон биорем, аз тасдиқашон дар воқеият ҳарос дорем.

-Падар, медонед, ман дар оянда кӣ мешавам?-боре сари дастурхон лаб кушод духтарак ва интизори пурсиши падар нашуда гуфт: - «Военний» мешавам…

- Уҳу, уҳу,- модар бо азоб ҷуръаи оберо, ки аз пиёла нӯшида буд, фурӯ бурду норозиёна ба духтарак чашм дӯхт:

- Наход, духтар «военний» шавад? Духтар духтур, дӯзанда, муаллима мешавад, «военний» будан кори мардон аст!

- Не, модар, ман кинои Рустаму Суҳробро дидам, Гурдофарид зан буд, аммо Суҳробро ба дом афтонд, мағлуб кард. Ман чаро натавонам? Метавонам, бояд омодагӣ бинам… Ё шояд «лётчик»-и ҳарбӣ мешавам. Душманонро аз боло қир мекунам, мисли филмҳои Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм.

- Э, Худое, падару модари ин духтар мӯрчаро озор намедиҳанду ӯ одамкуш шуданист,-модар ҳайратзада ба ҳамсараш нигарист, ки дар ин баҳс ёриаш кунад.

(Давом дорад)

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш