Нашрияи Омӯзгор

Шоиру маорифпарвари печидақисмат

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Зиндагинома ва фаъолияти эҷодии олим, шоир, тарҷумон ва маорифпарвари қарни ХХ Вадуд Маҳмудӣ, мутаассифона, то андозае норӯшан мебошад. Номи ӯ ба гӯшаи фаромӯшӣ фитода, осори гаронарзиши назмию насрияш мавриди пажӯҳиши муҳаққиқон қарор нагирифтааст. Бо ҳидоят ва мусоидати олими номвари тоҷик, академик Носирҷон Салимӣ таҳқиқи ашъор ва асарҳои ин шахсияти олами илму маориф ва адабро шурӯъ намудаем.

Вадуд Маҳмудӣ-бародари ҳамсари устод Садриддин Айнӣ Салоҳатбону Айнӣ, 7 октябри соли 1897 (ба қавле, 1898) дар Самарқанд ба дунё омада, бо айбномаҳои мухталиф дар маҷмӯъ 27 соли умри хешро дар маҳбасҳои Тошканду Алмаатою Архангелск мегузаронад. 

Падари Вадуд Маҳмудӣ мулло Маҳмуд аз донишмандони даврони худ маҳсуб меёфт ва тибқи иттилои дастраси мо, шаҷараи онҳо ба Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мерасад. Нақл мекунанд, ки замоне ба назди падари мулло Маҳмуд Пирмуҳаммад муридони шахси машҳури олами ислом Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз Кӯлоб омада, ба дасташ шаҷараеро дода, мегӯянд, ки аз авлоди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шахси наздиктарин шумо ҳастед, бинобар ин, ба он ҷо рафта, нигаҳбонии оромгоҳи бузургворро қабул намоед. Азбаски падари мулло Маҳмуд он вақт шахси пиронсол будааст, ин пешниҳодро қабул накарда, яке аз одамони наздики худро ба он ҷо мефиристад.

Дар солҳои сиюми асри бист баъди он ки писари ягонаи мулло Маҳмуд Вадуд Маҳмудӣ таҳти таъқиб қарор гирифта, бо гуноҳи сиёсӣ борҳо ба муддати тӯлонӣ ҳабс карда мешавад, хешу табори наздикаш ба ҳарос меафтанд. Яке аз онҳо, ки шаҷара дар дасташ будааст, шояд аз тарс ин ҳуҷҷати муҳимро нобуд ё пинҳон мекунад. Ҳамин тавр, санади мазкур аз байн рафт. Агар замоне бо кӯшиши муҳаққиқон он пайдо гардад, барои кушодани бисёр розҳои муҳим ёрӣ хоҳад расонд.

Вадуд Маҳмудӣ нахуст аз падару модари хеш, ки ҳарду босавод ва муаллими кӯдакон буданд, дониши ибтидоӣ гирифта, баъди вафоти падар дар соли 1904 аз таълиму тарбияи яке аз хешовандаш, маорифпарвари намоёни тоҷик Абдуқодир Шакурӣ ва ҳамсари хирадманди ӯ баҳравар мегардад. Ӯ то солҳои 1914 дар мактабҳои усули нави Шакурӣ ба халифагӣ (шогирди муаллим) машғул шуда, дар кори маориф таҷрибаи комил пайдо кард. Вадуд Маҳмудӣ ба хотири заҳмат ва дастгириҳои падархонд, устодаш, муаллими муаллимон Абдуқодир Шакурӣ дар бораи ӯ рисолаи пурмуҳтавои «Муаллим Абдуқодир Шакурӣ»-ро навишт, ки баъд аз вафоташ интишор гардид (Ниг. Маҳмудӣ Вадуд. Муаллим Абдуқодир Шакурӣ. «Садои Шарқ», 1992, №8, саҳ. 3-41). Дар бораи ин рисола нависандаи маъруф Сотим Улуғзода гуфтааст, ки баъди хондани он аз фикри таълифи роман дар бораи Шакурӣ даст кашидааст, зеро монанди рисолаи пурқимати Вадуд Маҳмудӣ чизи арзандае навиштан ба каси дигар имкон надорад. 

Бояд гуфт, ки тахминан солҳои 1915-1916 Абдурауф Фитрат дар Шаҳрисабз муаллимӣ мекард. Дар ҳамин вақт бо мақсади аз Абдуқодир Шакурӣ маслиҳат гирифтан ба Самарқанд меояд ва Вадуд Маҳмудӣ бо ӯ ошноӣ пайдо менамояд. Фитрат дар симои Вадуд ҷавони қобилиятнок, ояндадорро мебинад. Вадуд Маҳмудӣ аз ӯ бисёр чизҳоро омӯхт, хушбахтона, ба ақоиди пантуркистии ӯ нагаравид. Мавсуф дар ин давра, ҳамчунин, бо муаллими пешқадам Исмоил Садрӣ шинос мешавад, аз онҳо ашъори Муҳаммадамин Юртақул, романи муаллифаш номаълуми «Буюк Тӯрон»-ро гирифта мехонад. Инчунин, бо фидоиёни маориф Абдуқодир Каримов, Акобир Шомансуров ошно мегардад. Ин муҳити адабӣ, илмию иҷтимоӣ ба ақоиди Вадуд Маҳмудӣ таъсир мерасонад. Ашхоси пешқадам қабл аз инқилоб  ӯ ва чанд ҷавони дигарро ба Бухоро ва шаҳрҳои дигар ба хондан ва такмили ихтисос мефиристанд. Мавсуф дар ҳамон солҳо ва минбаъд бо пантуркистони ашаддӣ ва ақидаҳои онҳо ошно мегардад, вале ақидаҳои зиёноварашонро инкор менамояд. Ӯ ақидаву андешаҳои хоси худро дошт.

Баҳори соли 1918 ба Самарқанд бармегардад ва аз он ҷо ба Тошканд рафта, дар курсҳои махсуси муаллимтайёркунӣ таҳсил бинмуда, ба Самарқанд бозмеояд. Аз соли 1919 то соли 1925 муаллимӣ кардааст.

Ногуфта намонад, ки Вадуд Маҳмудӣ соли 1917 асари Бухнер «Модда ва қувват»-ро дастрас карда, мутолиа намуд ва ба ақидаҳои марксизм ва материализм дода шуд. Ин идеология дар он вақт (охири асри нуздаҳ ва оғози қарни бист) дар ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле инкишоф ёфта буд ва назарияи пешқадам маҳсуб меёфт. Дар шароити истисмор ва мустамликадорӣ мафкураи сотсиализм ва материализм асосӣ ба ҳисоб мерафт. Бештари зиёиён ва тамоми мазлумон ба ғояҳои он бовар доштанд.

Аз тарафи дигар, азхудрафтагӣ ва эътиқоди сахт хоси хислати Вадуд Маҳмудӣ буд. Ин аст, ки ба ақоиди марксизм сахт гаравида, солҳои 1919 -1921 узви ҳизби коммунист гардид. Ба ин ақидааш андаке кам аз се сол устувор монда, якбора аз он даст кашид ва аз сафи ҳизб бо хоҳиши худ баромад.

Дар бораи тарҷумаи ҳоли Вадуд Маҳмудӣ дар ин давра нофаҳмиҳо ва иштибоҳҳо зиёданд. Аз ҳуҷҷатҳои расмии ба даст овардаи мо ба баъзе саҳифаҳои торики давраи мавсуф рӯшанӣ пайдо шуд. Аз ҷумла, маълум гардид, ки баъди итмоми мактаби пешқадами Шакурӣ бо иҷозати ӯ Вадуд Маҳмудӣ бо ҳидояти зиёиёну маорифпарварон, аз ҷумла, Фитрат дар Донишкадаи Олияи шаҳри Уфаи Бошқирдистон таҳсил кардааст. Баъди хатми он ба Москва рафта, ба Институти адабии ба номи Брюсов дохил шуд. Маҳз дар ҳамин ҷо забони русиро ба дараҷаи олӣ омӯхт ва ба ин забон минбаъд бехатову бесакта сухан мегуфту менавишт.

Баъди ба Самарқанд баргаштан соли 1919 дар мактаби рақами 1-и шаҳр ба забонҳои тоҷикиву русӣ ва ӯзбекӣ дарс медод. Азбаски дар ин давра узви ҳизби коммунист буд ва муаллими пешқадам ва навовар ҳисоб мешуд, ӯро мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сиёби Кумитаи иҷроияи шаҳри Самарқанд, Ҷумҳурии мухтори шӯроии Туркистон (ба истилоҳи он вақт, нозир) таъйин карданд. Агар мулоҳиза шавад, дар ҳақиқат, ӯ аввалин нозири маорифи ин минтақа буд ва он мансаби баландтарини мавсуф дар тӯли умраш ба ҳисоб меравад. Вазифаи мазкурро то моҳи августи соли 1920 иҷро кард. Он вақт бо ҳамон ҷавонмардӣ ва такаббури хосе, ки дошт, дар кӯчаҳо фойтунсавор мегашт, бинобар ин, ӯро мардум «нозири избошсавор» мегуфтанд. Маҳз ба ин сабаб дар матбуоти Тоҷикистон борҳо ба иштибоҳ роҳ дода, ӯро нахустин вазири маориф номидаанд, ки дуруст нест. Он солҳо садри вазорат ва ҳам мудир ё роҳбари соҳавии яке аз вазоратҳоро ба забони мардуми маҳаллӣ «нозир» меномиданд, ки ба русӣ «инспектор» гуфта мешуд. Дар як вақт муддате шунавандаи курсҳои педагогии кишвар буд. Моҳи августи соли 1920 мудири шуъбаи маорифи Ҷиззах таъйин гардид.

Дар асоси барқияи КМ Ҳизби коммунисти Туркистон, №265 Вадуд Маҳмудӣ соли 1921 ба ихтиёри кумитаи марказии ҳизб фиристода шуд. Дар ин вақт узви шӯрои илмии ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт.

Баъд аз ин аз сафи ҳизб бо ихтиёри худ хориҷ гашта, ба корҳои фарҳангӣ гузашт, муддате давоми соли 1921 роҳбари дастаи мусиқӣ буд.

Табиатан одами беқароре буд Вадуд Маҳмудӣ. Дар вазифаҳои роҳбарӣ, аз ҷумла, нозирии маориф зиёд кор накарда, соли 1923 ба Тошканд рафта, дар факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна низ таҳсил кард. Муддате дар мактабҳо ва Донишкадаи педагогии Самарқанд низ ба кори тадрис машғул шудааст.

Ҳамин тавр, Вадуд Маҳмудии ҷавон дар кору зиндагӣ ва ҳатто, дар ақидаҳои сиёсӣ як навъ намеистод, доим дар ҷустуҷӯ, такопӯ буд, дар ҳама бобат худро месанҷид ва аз уҳдаи иҷрои ҳама кору вазифа ба хубӣ мебаромад. Ҳама чизро бо дасти худ санҷидан мехост. Худаш ҳам иқрор шуда, ки бо таъсири хониш чанд бор ақидаҳояш дигар гардидааст.

Бояд ба эътибор гирифт, вақте ки устод Айнии беморро соли 1920 ба Самарқанд оварданд, дар вокзали роҳи оҳан дар қатори пешвозгирандагон Вадуд Маҳмудӣ низ буд. Ҳамин тавр, онҳо шиноси наздик шуданд. Чунин тағйирёбии ақидаҳои Вадуд Маҳмудӣ, албатта, аз чашми ҳамабини устод Айнии закӣ пинҳон намонд. Шояд ба ӯ ин хислати Маҳмудӣ писанд набуд.

Солҳои 1919 - 1920 давраи фаъолияти пурвусъати Фитрат буд. Ӯ дар ҷомеа обрӯи зиёд дошт. Баъди наздик шудан бо Вадуд Маҳмудӣ ӯ ҷавони кунҷковро бо ҳамақидаҳояш Чӯлпон, Элбек, Боту шинос кард. Вадуд Маҳмудӣ бо Чӯлпон ошноии наздик пайдо намуд, баъдтар дар бораи эҷодиёти ӯ мақолаҳои таҳқиқотӣ навишт, ки яке аз нуктаҳои асосии сиёҳкуниаш гардид.

Дар солҳои 1922-1926, ки аксар вақт аз кор озод буд, дар рӯзномаву маҷаллаҳо («Зарафшон», «Маориф ва уқутувчи» ва ғайра) мақолаҳои пурмазмун менавишт ва зиндагиашро бо ҳаққи қалам пеш мебурд.

Аз аввали соли 1927 ба кори тарҷума, таълифи аввалин китобҳои дарсӣ ба хатти лотинӣ машғул шуд. Дар ҳамин солҳо нахустин «Алифбо»-и ӯзбекиро ба хатти лотинӣ ба чоп омода кард.

Соли 1928 Вадуд Маҳмудиро аз кори маориф ва матбуот дур карданд ва минбаъд бо ҳаққи қалами тарҷумаву мақолаҳо зиндагӣ менамуд.

Чанде баъд Вадуд Маҳмудиро бо гуноҳҳои миллатчигӣ, иштирок дар ташкилоти зиддиинқилобӣ ва хабар надодан ба мақомоти давлатӣ  маҳкум карда, ба ҳабс гирифтанд. Ҳамин минвол, 27 соли умрро дар маҳбас паси сар намуда, моҳи феврали соли 1953 ба озодӣ мебарояд. Давраи баъди озодии Вадуд Маҳмудӣ низ хеле босамар гузаштааст. Ӯ дар шаҳри Душанбе дар хонаи хоҳараш Салоҳатбону мезист. Барои касби маош бештар вақт ба кори тарҷума машғул шуда, даромади оилаашро таъмин мекард.

Аз Вадуд Маҳмудӣ дар радифи чандин дафтари шеър ду дафтари ёддошт боқӣ мондааст, ки онҳо дар дасти писари арҷмандаш Нажод Маҳмудӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Ҳар ду ба хатти ниёгонанд. Хусусан, дуюм, ки «Ҳолнома» ном дорад, аз аҳамияти бузурги илмию бадеӣ ва таърихӣ бархӯрдор аст. Он нахуст аз ҷиҳати услуб ва бадеият ба беҳтарин намунаҳои насри бадеии классикӣ шабоҳат дорад. Забони дафтари хотира хеле суфтаву равон, образнок ва бо танз ороста аст. Порчаҳои шеърӣ зиёд истифода шудаанд. Дар мавриди баҳсҳои илмӣ, адабӣ, фалсафӣ, динӣ ва ҳатто, сиёсӣ низ қайдҳои таваҷҷуҳбарангез ба чашм мерасанд. Аз ин рӯ, асар дорои аҳамияти баланди илмию сиёсӣ низ мебошад. Дар он норасоиҳои ҷомеа ошкоро баён гаштаанд. 

Дар саҳифаҳои мобайн як бор санаи соли 1954 гузошта шуда, дар охир санаи 1956 омадааст. Маълум мешавад, ки қайдҳои нависанда ба ин солҳо дахл доранд. Бояд гуфт, ки аз мавҷудияти асари мазкур ба ғайр аз хешовандони наздик касе хабар надошт ва то ҳол дар ягон маъхаз он қайд нагардидааст.

Вадуд Маҳмудӣ пас аз муроҷиатҳои бешумор ба мақомоти дахлдор дар хусуси бегуноҳии худ ниҳоят, дар 63-солагӣ (19 майи соли 1960) дар асоси ҳукми суди вилояти Самарқанд сафед карда шуд.

Вадуд Маҳмудӣ соли 1975 вафот кард ва турбаташ дар мазори Сариосиёи шаҳри Душанбе воқест.

Бахтиёри Абдураҳим,

декани факултаи филологияи тоҷики ДДЗТ ба номи

Сотим Улуғзода,

Душанбе - Самарқанд -

Тошканд -Бухоро-Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш