Нашрияи Омӯзгор

Аз устодам мефахрам

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 759        Шарҳ: 0

То он ки тифл хонаду соҳибҳунар шавад,

Устоди меҳрубони ӯ хуни ҷигар шавад.

Дар бинои илму маърифат хишти аввалро устод – муаллим мегузорад. Агар устод набошад, мо аз куҷо илму дониш меомӯзем. Устод  моро илму дониш ёд медиҳад ва танҳо ӯ метавонад бо ранҷу машаққати зиёд чашми кӯдакону наврасонро кушояд. Ҳамин ки номи устодро ба забон мегирем, дар пеши назарамон симои шахси маҳбуб, азизу  муҳтарам, равшанзамиру дарёдил ҷилвагар мешавад. «Агар сад сол гардам ҳам, фаромӯш нахоҳам кард, Ҳамон шахси азизеро, ки  равшан пеши роҳам кард». Ин замон мехоҳам чанд лаҳзае аз рӯзгор ва фаъолияти устоди  соҳибэҳтиром Мирзо Наҷмиддинов  қисса намоям.

Субҳ медамид. Насими баҳорӣ бӯйи муаттареро ба машом меовард. Корвони турнаҳо дар самои лоҷувард намоён гашту баҳри сокинони деҳ муждаи баҳор овард. Ин субҳ, яъне 5 марти соли 1951 дар деҳаи Дубедаи ноҳияи Файзобод, дар хонадони усто Раҷабмурод низ пайки шодӣ овард, дар ин хонадон нахустписар чашм ба олами ҳастӣ кушод. Падар бо умеди соҳибилм гаштани тифл Мирзояш ном ниҳоду пайи тарбияаш камар баст. Солҳо сипарӣ гаштанду навниҳоли парвардаи падар нашъунамо кард. Чун ба ҳафт қадам ниҳод, падар  ӯро  ба дабистон супурд. Баъди хатми мактаб бо кӯшиши хешу роҳбаладии падари бузургвор соли 1968 дар шуъбаи математикаю физикаи  факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсилро идома дода, онро  бо муваффақият ба итмом расонд. Роҳбарияти  донишгоҳ ӯро дар донишгоҳ ба  ҳайси омӯзгор пешбарӣ намуданд, вале меҳри зодгоҳу диёр ӯро беқарор сохту боз ба оғӯши деҳа шитофт. Дар мактабе, ки тӯли 10 сол  таҳсил намуда буд,  яъне,  мактаби  миёнаи  рақами №22 ба ҳайси омӯзгор аз фанҳои дақиқ ба фаъолият пардохт. Солҳо сипарӣ гаштанду Мирзои  падар  соҳибилм гашту дониши андӯхтаи хеш ба дигарон омӯхт. Аз соли 1975 то соли 1984 иҷрои  вазифаи ҷонишини директори мактаби номбурдаро ба зимма дошт. Ӯ аз интихоби касби худ розӣ буд.

Маҳорату малака, кордонӣ ва фаъолияти пурсамари устодро ба инобат гирифта,  шуъбаи маориф ӯро соли 1984 директори  мактаб таъйин намуд. Сипас, устод аз соли 2002 ба ҳайси омӯзгори физика ва нақша дар мактаби номбурда кору фаъолияти худ-ро идома дод. Барои фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ соли 1996 бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва пасон бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз гардид. Чи хеле ки зикр кардем, устод Мирзо Наҷмиддинов аз соли 1984 то соли 2002 директор буд. Тӯли 18 сол устод дар гармою сармо роҳи зиёдеро тай намуда, ҳамарӯза сари вақт ба таълимгоҳ ҳозир мешуд. Мактаб аз ҷойи зисти устод як деҳа дур, воқеъ дар деҳаи Муллотуғма буд. Ҳоло  шогирдони  ӯ дар соҳаҳои гуногуни ҷамъият фаъолият мекунанд. «Аз устодамон бисёр миннатдорем, маҳз бо шарофати ӯ чашмонамон кушода шуд. Мо ҳамеша баҳри устод дуои нек мекунем»,-  мегӯянд шогирдони ӯ.

Устод дар баробари донишмандиаш ростқавлу  поквиҷдон, меҳрубону ғамхор, сахтгиру серталаб буд. Ҳамеша ба эҳтиёҷмандон дасти ёрӣ дароз мекард. Бо ташаббуси ин марди накуном деҳа бо оби нӯшокӣ таъмин гардид.

Имрӯз  муассисаи таълимии рақами №22 ба номи устод гузошта шудааст, нимпайкараи  ӯ дар даромадгоҳи муассисаи мазкур ҷойгир аст.

Имрӯз бо дастгирии фарзандони устод ҳамаи дарсгоҳҳои мактаб бо мизу курсӣ, ҷевону китобдонҳо ва бо компютерҳо муҷаҳҳаз гардонда шудаанд ва ин иқдом  низ гувоҳӣ аз тарбияи неки устод нисбат ба фарзандон мебошад. Беҳуда нагуфтаанд:

Аз самар ширин насозӣ гар даҳони халқро,

Сайъ кун дар сояат чун бед осояд касе.

Ноҳида НАҶМИДДИНОВА,

хонандаи синфи 11-и мактаби №22,

ноҳияи Файзбод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш