Дар давраҳои мактабхонӣ Бибиҳафиза Маҷидова ба фанҳои забон ва адабиёт, таъриху биология майли зиёд дошт. Ба устодонаш бо ҳавас нигариста, мехост, ки монанди онҳо омӯзгор шавад ва ба насли наврас илму дониш омӯзад. Бинобар ин, аз таҳти дил мехонду илму ҳунар меомӯхт.
Ин духтарчаи зираку доно мактабро бо медали тилло ба поён расонд. Ба шуъбаи педагогика ва методикаи таълими ибтидоии факултаи таъриху филологияи Донишкадаи педагогии ба номи С.М. Кирови шаҳри Ленинобод дохил шуда, онро дар радифи аълохонҳо хатм намуд. Сипас, дар Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ҳамчун аспирант ба пажӯҳиши ҷиддии раванди таълиму тарбия камари ҳиммат баст. Бибиҳафиза соли 1973 баъд аз хатми аспирантура дар кафедраи тарбияи томактабӣ дар вазифаи ассистент фаъолият намуда, ба донишҷӯён дарс гуфтааст. Ин ҷо барои давом додани кори илмиаш имкони хуб пайдо мешавад. Муҳаққиқи ҷавон бо роҳбарии устоди донишманд Баён Раҳимов дар мавзӯи «Таъсири тарбияи ҷамъиятӣ ба тарбияи меҳнатии кӯдакони синни томактабӣ дар оила» рисолаи номзадиашро муваффақона дифоъ менамояд. Соли 1996 роҳбарии кафедраи тарбияи томактабиро бар уҳдаи Б. Маҷидова мегузоранд. Он солҳо омӯзгорон намерасиданд, зеро бо сабаби кашмакашҳои дохилӣ бисёре аз устодон муҳоҷирати меҳнатиро пеш гирифта буданд. Мудири нав ин проблемаро хуб мефаҳмид ва талош кард, ки роҳи ҳалли онро пайдо намояд...
Ҳамчунин, номбурда соли 2004 рисолаи докториро дар мавзӯи «Нақши одату анъанаҳои миллӣ дар ташаккулёбии сифатҳои ахлоқии шахсияти кӯдакон дар оила» дифоъ намуд. Устод дар пешрафти соҳаи тарбияи томактабӣ саҳми бориз гузошта, вобаста ба ин бахш барномаю дастурҳои таълимии зиёде ба забони тоҷикӣ навиштааст. Дар коркарди барномаи таълимӣ-тарбиявии «Роҳнамои мураббия» ва таҳияи Стандарти таҳсилоти томактабӣ заҳмати зиёд кашидааст. Инчунин, Бибиҳафиза Маҷидова муаллифи китоби «Педагогикаи томактабӣ» мебошад. Зери роҳбарии муаллима 17 нафар бомуваффақият рисолаи номзадӣ ва доктории худро дифоъ намудаанд.
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садридин Айнӣ ҳамчун муассисаи таълимии меҳварӣ дар тайёр намудани мутахассисони махсуси соҳаи таҳсилоти фарогир ва таъмини шароити мусоид барои таҳсили донишҷӯёни имконияташон маҳдуд диққати ҷиддӣ медиҳад. Бо дастгирӣ ва кумаки бевоситаи Бибиҳафиза Маҷидова дар ин самт корҳои зиёде, аз қабили таъсиси гурӯҳҳои махсус дар назди факултаи педагогика, ки минбаъд ба факултаи психология ва таҳсилоти фарогир табдил ёфт, ташкили фаъолияти Маркази таҳсилоти фарогир, баргузории конфронсҳои илмӣ-амалӣ, мизи мудаввар, семинар-машваратҳои омӯзишӣ барои донишҷӯён, муаллимони ҷавон, таҳия ва чопи китобҳои дарсии «Асосҳои таҳсилоти инклюзивӣ», «Асосҳои логопедия», «Донишномаи таҳсилоти фарогир» ва дастурҳои таълимию методӣ барои баланд бардоштани савияи дониши падару модарон, кормандони соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва инклюзивӣ анҷом дода шуданд. Б. Маҷидова дар таҳияи «Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияти маҳдуддошта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2011) низ саҳми босазое гузоштааст.
Боиси хушнудист, ки фаъолияти илмию педагогии Бибиҳафиза Маҷидова бо нишонҳои «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» ва бо ордени «Шараф», дараҷаи II қадрдонӣ шудааст.
М. Обидова,
М. Дадобоева,
дотсентон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр