Нашрияи Омӯзгор

Ситораи пурҷилои адабиёт

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 741        Шарҳ: 0

Эҷодиёти Шамсиддин Шоҳин олами нафосату тароват аст. Ба дардҳо дармон, ба дилҳо сомон мебахшад, кас аз осори ин шоир бархӯрдор шуда, қалбаш ба шӯр меояд, дар назараш   зиндагӣ боз рангинтар шуда, ҳаёт лаззати дигар пайдо мекунад  ва ҳар  фард аз ин ганҷинаи пурбор  барои худ мувофиқи ҷаҳонбинӣ ва завқу салиқааш ба каломи манзум дурру гуҳар мебардорад.

Шоир ба худ Шоҳин тахаллус кардааст ва шоҳин парандаи соҳибчангол буда, баланд парвоз мекунад. Чашмонаш дурбин ва нигоҳаш зиракона мебошад…  

Шамсиддин Муҳаммад Махдуми Шоҳин, ба гуфти аксари адабиётшиносон,  соли 1859 дар Бухоро дар оилаи Мулло Амони Хатлонӣ таваллуд шудааст. Мулло Амон  дар овони ҷавонӣ барои илмомӯзӣ ба Самарқанд рафта, баъди ду соли таҳсил азми сафари Бухоро менамояд ва  дар ин маркази илмию адабии давр мадрасаро хатм мекунад.

Шоҳин ҳангоми мактабхонӣ, тахминан дар ҳашт ё нуҳсолагӣ ба шеър гуфтан шурӯъ кардааст. Баъди хатми мактаб бо хоҳиши падараш хаттотон нозукиҳои ин пешаро ба Шоҳин ёд медиҳанд.

Шоир баъдан бо мусоидати қозикалон мадрасаро ба итмом расонда, чанде ба касби имоматӣ машғул мешавад. Аммо касби имоматӣ Шоҳинро қонеъ кунонида наметавонад. Умуман, рӯзгори Шоҳин аз нигоҳи моддӣ чандон хуб набудааст. Аз ин рӯ,  ин касбро  баъди чанде тарк кардааст.   Шоҳин аз соли 1885 чанд гоҳе ба дарбори Абдулаҳад низ ба хизмати мирзоӣ машғул шуда, дар дарбор ҳамчун хушнавис маълум мегардад.

Парвоначии дарбор – Абдулқодир шоири ҷавонро ҳамаҷониба месанҷад. Илму дониш ва фазилати Шоҳинро дида, вайро чун фарзанди худ эҳтиром намудааст. Ҳатто бо дахолати парвоначӣ Шоҳин дар ситоиши Абдулаҳад қасидаҳо низ менависад. Аз ин рӯ, дар дарбор ҳасудони шоир зиёд шуда, ба ӯ фишор меоварданд. Баъди чанде Абдулқодири парвоначӣ ҳокими Шеробод таъйин мешавад ва ба хотири ҳимояи Шоҳин духтарашро ба ӯ хонадор мекунад. Амир Абдулаҳад Шоҳинро ба дарбор даъват мекунад ва шоир чун надим дар рикоби амир ба сафарҳои ӯ ҳамроҳӣ мекард.

Дар ин миён завҷаи шоир вафот мекунад, ки ин мусибат ба шоир таъсири сахт мерасонад…

Бояд гуфт, ки оид ба сана ва ҷои вафоти Шоҳин то ҳол фикрҳо гуногун аст. Адабиётшинос Холиқ Мирзозода гуфтааст: «Шоҳин дар ҳангоми яке аз сафарҳои амир, дар соли 1994 дар Шаҳрисабз аз пой монда, бистарӣ шуд ва бо ҳамон ҳол ҳамроҳи амир аз Шаҳрисабз ба Қаршӣ омад ва дар худи ҳамон сол ва дар ҳамон сафар дар шаҳри Қаршӣ чашм аз оламе, ки барои ӯ бадтар аз зиндон буд, пӯшид. Ҷасади ӯро дар Поччохалил ном ҷой, ки қабристони шаҳри Қаршӣ аст, дафн карданд».

Марги бемаҳали Шоҳин барои аҳли фарҳанги Бухоро басо гарон буд ва суханварони зиёде ба ин муносибат марсияҳо навиштанд. Аз ҷумла, адиби бузурги маорифпарвар Аҳмадмахдуми Дониш марсияи пурсӯзу гудозе дорад, ки чанд мисрааш ин аст:

Базми имконро, ки чун нақшест бар рӯи сароб,

Нест доим талхию ширинии нуқлу маяш.

Дӣ яке аз аҳли маънӣ чашм пӯшид аз ҷаҳон,

Раст аз фақру анову сад шайъи лошаяш.

Осори Шамсиддин Шоҳин пас аз 43 соли вафоти шоир бори аввал аз тарафи ходими илмии Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ Мирзомуҳаммад Қобили Савдоии Ғиждувонӣ  ҷамъоварӣ  шудааст, ки аз ашъори лирикӣ, достони нотамоми «Туҳфаи дӯстон», достони «Лайлӣ ва Маҷнун» ва асари насрии «Бадоеъ-ус-саноеъ»  иборат аст. 

 

Мубина ҚАЮМОВА,

Шамсия ОДИНАЕВА,

омӯзгорони коллеҷи  омӯзгории ДДК ба

номи Абӯабдуллоҳи  Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш