Омӯзиши забонҳои русӣ ва хориҷӣ тақозои давру замон буда, барои хонандаи мактаби муосир ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишомӯзӣ ва васеъгардонии ҷаҳонбинию фаҳмиши ӯ хеле муҳим мебошад. Мусаллам аст, ки омӯзиши забони русӣ ба василаи мутолиаи пайвастаи осори бадеие, ки аз ҷониби шоирону нависандагони барҷастаю нобиғаи рус эҷод гардидаанд, ба хонандаи мактаб муяссар мегардад. Дар ин ҷода нақши ҳалкунандаро омӯзгори забони русӣ мебозад, зеро танҳо муаллими босаводу пурхонда, ки аз тамоми асарҳои таълифнамудаи адибони гузаштаю муосири рус огоҳии комил дорад, метавонад меҳру муҳаббат ва шавқи омӯзишу азхуд кардани забони русиро дар дили шогирдон бедор намояд. Боиси қаноатмандист, ки тавассути тарҷумаи осори нависандагону шоирони рус кайҳост, ки мардуми тоҷик бо эҷодиёти адибони нобиғаи рус шинос ҳастанд. Дар раванди гузарондани машғулиятҳо омӯзгори забони русӣ бояд ба хонандагон тавсия диҳад, ки асарҳои А.С.Пушкин, Н.В.Гогол, И.С.Тургенев, А.Н.Толстой, Ф.М. Достоевский, М.Лермонтов, А.П.Чехов, В.Маяковский, М.Горкий, С.Есенин, М.Шолохов ва даҳҳо дигаронро дарёфт ва мутолиа намоянд.
Воқеан, забони русӣ дорои падеж, ҷинсият, категория ва дигар критерияҳои грамматикӣ буда, хусусиятҳои вижаи омӯзишро дорост. Аз ин рӯ, аксар вақт хонандагон дар омӯхтани падеж ва категорияи ҷинсият душворӣ мекашанд ва ҳангоми сохтани ҷумлаҳо ва такаллуму муошират намудан ба камбудиҳо роҳ медиҳанд. Ҳол он ки донистану аз худ кардани забони русӣ маҳз аз дарки саҳеҳи падеж ва категорияи ҷинсият ва бешак, мутолиаи бардавоми осори адибони рус сарчашма мегирад. Дигар василаи балад гардидан ба забони русӣ ин донистани маънию муҳтавои луғату вожаҳо ба шумор меравад. Омӯзиши луғат захираи луғавии хонандаро ғанӣ гардонда, дар раванди суҳбат ва гуфтугӯ бо ин забон ба вай мадад мерасонад.
Гулрафтор Табарова,
омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр