Нашрияи Омӯзгор

Шеър ва ташаккули худшиносӣ

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 743        Шарҳ: 0

Масири ҳаёт ва фаъолияти илмиву адабии арбобони барҷастаи Тоҷикистон як навъи таҷуссуми роҳи ташаккули шеъру шоирӣ ва фарҳангу илми тоҷик дар асрҳои XX ва XXI мебошад. Шуарои муосири тоҷик таконе ба ҷаҳони шеъри  тоҷик ворид сохта, таъсири фаромӯшношуданӣ бар равшандилон гузоштанд.  Ашъори онҳо аз меҳру муҳаббат ва садоқату вафодорӣ ба Ватани азиз, худшиносиву худогоҳии миллӣ саршор аст. Худшиносиву худогоҳии миллӣ сарлавҳаи ашъори шуарои муосири тоҷик-давомдиҳандагони суннати волои ниёгон ва классикони тоҷик аст.

Худшиносӣ, иттиҳоду иттифоқ, ватандориву якдилӣ, бародариву баробарӣ, сулҳу озодӣ марому мақсади одамони равшанфикру равшанзамир буд, ҳаст ва хоҳад монд. Ин таълимоти наку аз ниёгони мо ба мо расид ва онро равнақ бахшидан вазифаи насли имрӯзӯ фардо аст.

Шоир Лаълҷубаи Мирзоҳасан низ зебоии оламро дар зебоии инсон маънидод намуда, одамиро ҳусни бақову пояи олам мешуморад, зеро ба қавли шоир, ашёи олам ба номи одам соҳиби қурбу манзалат гаштааст. Ба ин нукта шоир ишора карда мегӯед:

Беҳтарин хилқат ба олам худ зуҳури одам

аст,

Одами ҳусну бақову пояи ин олам аст.

Чун ба номи одамӣ пайваст ашё, ёфт қадр,

Ҷоми Ҷамро шуҳра аз фарру камолоти

Ҷам аст.

Дар ин ғазал шоир мақому манзалати одамро ситоиш намуда, ҳастии тамоми мавҷудоти олам, рушду нумӯи ҳаёт ва хуллас, бақои оламро дар маънии одам мебинад.

Дар ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат низ худшиносиву худогоҳии миллӣ мақому манзалати хосса дорад. Шоир дар шеъри «Бузургӣ ва хоксорӣ» покизагиву нафосат, меҳанпарастиву меҳнатдӯстии зани тоҷикро мадҳу ситоиш намудааст:

Духтари тоҷик, дар тасвири ту

Ҳар сухан берангу борӣ мекунад.

Ҳаст уммеде, ки дар ин суратам

Ҳусни ту, кори ту ёрӣ мекунад.

Ва дар мисраъҳои поинтари ин шеър мефармояд:

Ту дар ин саҳро миёни пахтазор

На баландиву на шуҳрат кофтӣ.

Кор кардӣ аз дилу ҷон, хоҳарам,

Аз ҳамин пастӣ баландӣ ёфтӣ.

Расидан ба роҳи накуномиву мардӣ, худшиносиву худогоҳӣ осон ба даст намеояд ва лозим аст, ки дар ин роҳ аз ҳарфи носазо лаб фурӯ баст, ба худшиносиву худогоҳӣ муштағил будану аз бухлу ҳасад дур будан лозим аст.

 

Шоҳзодаиброҳим Саидиброҳимов,

мудири шуъбаи илм ва инноватсияи

ФДҶТИБКСМ дар ВМКБ,

номзади илмҳои педагогӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш