Нашрияи Омӯзгор

Илм дар хурдӣ – нақш дар санг

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Яке аз нависандагони  барҷастаи  адабиёти  рус, бунёдгузори  давраи  навини  (Шӯравии) ин адабиёт М.Горкий гуфтааст: «Ибтидои санъати сухан дар фолклор аст».

Яъне, сухан нахуст дар эҷодиёти  шифоҳии  халқ суфтаву пуробуранг ва муъҷазу дилпазир гаштааст ва пасон  вусъат пайдо бинмудааст. Воқеан, олимони  суханшинос яке аз сарчашмаҳои  бафайзу дерини  каломи  бадеъ ва рушди  онро эҷодиёти  шифоҳии  халқ донистаанд. Сухани  образноку муассири халқӣ суханест, ки  марҳилаҳои  зиёдеро паси сар кардаасту сайқал хӯрдаву роҳ ба дилҳо ёфтааст, мақбули хосу ом гардидааст. Сухани  фолклорӣ дар назари аввал содаву умумист, вале аслан ширадор аст, зуд ба зеҳн менишинад, пазируфта мешавад. Ин нуктаро мо, махсусан, дар зарбулмасалу мақолҳои мардумӣ, ки  бахши муҳими эҷодиёти шифоҳии  халанд, равшан мушоҳида менамоем. Зарбулмасалу  мақолҳо, пеш аз ҳама, мазмуни барҷастаи  тарбиявӣ  доранд ва ғолибан, ба мавзӯъҳои  одаму одамгарӣ, масоили  мубрами  зиндагӣ, тазоди неку бад, тарғиби  одоби  ҳамида ва амсоли  инҳо гуфта шудаанд. Муҳимтарин хусусияти зарбулмасалу мақолҳо ин аст, ки  дар онҳо сухан кӯтоҳу пурмаънӣ, таъсирбахшу образнок мебошад. Чунин сухан зуд ба ҳадаф мерасад, онро нақшгузору муассир мекунад, дилнишину гуворо  месозад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Зарбулмасал – ба гап асал».

Аз ин рӯ,  дар дарсҳо дар мавридҳои  муносиб дар ҷараёни  суханронӣ истифода кардани  омӯзгор аз зарбулмасалу  мақолҳо омили аҳамиятмандест. Инн амал ҳам сухани омӯзгорро рангину  дилнишин мекунад ва ҳам шавқу завқи шогирдонро ба сухани ноб, ба зарбулмасалу мақолҳо бештар  меафзояд. Дар синфҳои болоӣ ҳамбаста ба омӯзиши фанни  адабиёт омӯзгорон ба хонандагон оид ба зарбулмасалу мақол ва хусусиёти  онҳо маълумоти кофӣ медиҳанд, аммо салоҳ он аст, ки дар ҷараёни  дарсҳои  хониш ва забони  тоҷикӣ дар зинаи аввали  таҳсил шогирдон дар хусуси зарбулмасалу мақолҳо ва аҳамияти  онҳо маълумоти  ибтидоӣ дошта бошанд. Дар  ин зинаи  таҳсил шавқу  майли  хонандагонро  ба омӯзиши эҷодиёти  шифоҳии  халқ бедор  бояд кард. Бар он бояд кӯшид, ки  хурдтаракон баъзе зарбулмасалу  мақолҳои  муҳиму  бештар паҳншуда ва дорои  аҳамияти  барҷастаи   тарбиявиро  азёд кунанд ва дар нутқашон онҳоро бамаврид истифода  бурда тавонанд, ба маъниашон  сарфаҳм раванд. Чанде аз чунин зарбулмасалу  мақолҳоро ҳамчун  намуна меоварем: «Нафси бад – балои ҷон», «Одами бекор – дарахти бебор», «Аз бало ҳазар», «Пур дону кам гӯй», «Ҷони нодон дар азоб», «Ба як кас чил ҳунар кам», «Хори Ватан аз лолаю райҳон беҳтар», «Дидадаро шав, ба дида ҷо шав», «Тарки одат – амри муҳол», «Санги даркорӣ вазнинӣ надорад», «Пушаймонӣ надорад оқибат суд»…

Албатта, омӯзгорро мебояд, ки бо истифодаи зарбулмасалу мақоле ба таври  содаю фаҳмрас ба хонандагон маънои  онҳоро шарҳ диҳад. Ҳар қадар  бештар ва зудтар ошно гаштани  хонандагон бо зарбулмасалу мақолҳо, азёд кардани  намунаҳо аз онҳо боиси  афзудани  маҳорати  суханварии  шогирдон, ҳусни бештар пайдо  кардани  нутқашон  мегардад. Омӯзиш аз ибтидо бавусъату  фарогир бошад, пурбаракаттар мешавад ва аз ин ҷост, ки «Илм дар хурдӣ – нақш дар санг» гуфтаанд.

 

Насиба Ҳайдарова,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш