Такмили фарҳанги номгу-зорӣ, номҳои пурмаънӣ ва хушоҳанги миллӣ гузоштан ба шаҳру маҳалҳои кишвар аз иқдомҳои муҳими роҳбарият ва аҳли зиёи кишвар мебошад. Дар ин самт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номи як қатор шаҳру ноҳия ва шаҳраку деҳоти кишвар иваз карда шуд, ки ба боло бурдани ҳувият, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Эҳёи номҳои асили ҷуғрофии кишвари мо аз муҳимтарин самтҳои сиёсати забонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо назардошти ин нукта Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20-уми январи соли равон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иваз намудани номҳои як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба имзо расониданд.
Тибқи ин санад номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Левакант, ноҳияи Бохтар ба ноҳияи Кушониён, шаҳраки Восеи ноҳияи Восеъ ба шаҳраки Ҳулбук иваз карда шуд. Интихоби чунин номҳои таърихан муҳим ва асил аз тарафи устодони кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино хуш пазируфта шуд, зеро ин иқдом маҳз ба эҳёи номҳои ҷуғрофӣ равона гардида, дар тарбияи насли наврас ва худшиносии миллии ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон аҳамияти хоссае дорад.
Бояд тазаккур дод, ки тағйири номи шаҳру деҳаҳо заминаи илмиву мантиқиву иҷтимоӣ дорад. Номҳои нави таърихию ҷуғрофӣ инъикосгари саҳифаҳои дурахшони рӯзгори мардуми тоҷик буда, робитаи моро бо таърихи гузаштаамон уствор менамояд, моро ба он ҳидоят мекунад, ки таърихи гузаштаи халқи худро боз ҳам хубтар омӯзем. Дар ин маврид масъулияти равшанфикрони кишвар аз он иборат аст, ки барои мардуми диёр дар ин мавзӯъ маълумоти бештаре пешниҳод намоянд, маъниву аҳамияти таърихии ҳар як номро бештару пурратар тавзеҳ диҳанд, маълумоти сарчашмаҳои таърихро бештар ба аҳли кишвар дастрас намоянд.
Доир ба номҳои машҳури дорои аҳамияти таърихиву давлатии мардуми тоҷик, мазмуни сохтору сайри таърихии онҳо дар сарчашмаҳои зиёди илмиву адабиву таърихӣ маълумоти фаровон оварда шудаанд.
Мувофиқи маълумоти муҳақ-қиқон, Бохтар, дар баробари номи яке аз се вилояти таърихии Мовароуннаҳр (инчунин Суғд ва Хоразм ) будан, номи калонтарин шаҳр ва пойтахти давлати Кушониён низ ба ҳисоб мерафт. Шаҳр қабл аз давраи Кушониён бунёд ёфта, хеле ободу зебо гардида, атрофи он бо девори мудофиавӣ иҳота карда шуда буд. Берун аз девори шаҳр гузару маҳаллаҳо мавҷуд буданд, ки аз васеъ будани масоҳати шаҳр гувоҳӣ медиҳанд. Ҳарчанд дар давраи ҳукмронии Канишка (103-126 м.) пойтахт ба шаҳри Пешовар кӯчида буд, Бохтар чун пойтахти дуюм мавқеи худро баъдан низ нигоҳ доштааст. Қисмати бузурги давлати Кушониён – минтақаи Варорӯд аз ҳамин марказ идора карда мешуд.
Дар забони кушонию бохтарӣ калимаи «бохтар» хеле маъмул буда, дар луғатҳо ба маънии «ғарб», «мағриб» ва ҳам «шарқ», «ховар» омадааст. Аммо баъзе донишмандон онро ба маънои ғарб шарҳ дода, калимаи «ховар»-ро чун шарқ қабул кардаанд. Маънои ҷуғрофии «Бохтарзамин» низ аз ҳамин ҷо сарчашма гирифта, ба «кишварҳои ғарбӣ, мағрибзамин» ишорат менамояд. Ҳаминро бояд қайд кард, ки мардумонеро, ки дар шимолу ғарби Ҳинд умр ба сар мебурданд, бохтарӣ ва ё балхӣ меномиданд. Баъдтар «бохтар» ба забони суғдӣ роҳ ёфта, ифодагари макони ҷуғрофӣ гардид.
Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, Бохтар номи бостонии Балх низ ба ҳисоб рафта, қаламрави он чун вилояти таърихӣ қисмҳои марказӣ, ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистони ҳозираро фаро гирифта, дар давоми асрҳои миёна ва минбаъд тобеи Хатлон ва ҳокимони Қубодиён будааст. Бохтар таърихан дар ҳудуди шаҳрҳои қадимии Вахш, Левакант ва Ҳаловард қарор доштааст. Мувофиқи ахбори Птолемей, кишвар ё вилояти Бохтар (вилояту шаҳри марказӣ як ном доштанд) яке аз калонтарин шаҳрҳои шоҳигарии Кушониён ба ҳисоб рафта, унвони «модари шаҳрҳо»-ро доштааст.
Номвожаи зебову хушоҳанги Левакант низ аз номҳои бостонии кишвари мо буда, номи қадимаи шаҳре дар минтақаи кунунии Қӯрғонтеппа, Сарбанд ва атрофи он аст. Маънои лексики ин вожа «ободшаҳр», «шаҳри баландмавзеъ» мебошад. Ба ин маънӣ ҷузъҳои таркибии он – «лев/лав/лава» ва «кант» далолат мекунанд.
Исми маҳал ба шакли мураккаб метавонад дар шаклҳои Леваканд/Ливаканд/Лаваканд мавҷуд бошад, аз ин рӯ, фарзияи афзун меравад, ки қисми дуюми он “кант” гунаи “канд, кат, кад, када” буда, ба маънии “шаҳр; ҷой, маҳал, мавзеи мардумнишин” аст ва он дар номҳои тоҷикии (суғдии) Самарканд, Чочканд, Кӯлканд, Панҷекат/Панчакант, Хушекат, Даҳкат, Куркат, Бешкант ва ғ. мушоҳида мегардад. Ин калима ҳамчунин бо вожаҳои када (кадхудо, кадевар, кадбону), кат, катак ва ғ. низ ҳамреша аст.
Лев ё гунаи он Лав мувофиқи маълумоти Фарҳанги Фритс Волф дар “Шоҳнома” як дафъа ба маънии “теппа, баландӣ, адир” (Hugel) омадааст, дар “Бурҳони қотеъ” низ ин маънии калима таъкид мешавад:
Бад-ӯ бар шубон гуфт: Эдар
бидав,
Раҳи тоза пеш оядат пур зи
лав.
Агар ин маънии лав/лев-ро ба инобат бигирем, Левокант ба маънии “шаҳр дар баландӣ, шаҳр дар адир” аст, ки аз нигоҳи маънӣ ба номи кунунии Қӯрғонтеппа наздикиву қаробат дорад.
«Лав» ба маънии буттаи гурӯҳе аз сабзавот ба монанди ҳандалак, харбуза, тарбуз, каду, бодиринг ва мисли онҳо низ омадааст ва дар лаҳҷаи гелакии забони форсӣ ин маънӣ маҳфуз мондааст. Агар ин шарҳро ба назар гирем, Левокант шаҳри сабзавоти марбути ин гурӯҳи растаниҳост, ки ба воқеияти имрӯзаи кишоварзии ин минтақа ҳамоҳанг аст.
Вожаи Леваканд ё Левакант аз нигоҳи сохтори калимасозӣ бохтариву суғдӣ буда, асли ҳиндуаврупоӣ дорад. Доир ба маънии эҳтимолии ҷузъи авали Левакант, яъне вожаи «лев» ё «лав» андешаҳои гуногуну ҷолиби дигар низ мавҷуданд. Дар баъзе сарчашмаҳо қисмати аввали калимаро «лева» ё «лев» донистаанд ва маънояшро «Худо, Эзад ва дороию шукӯҳмандӣ» шарҳ додаанд. Мувофиқи сарчашмаҳо дар ин мавзеъ парастишгоҳе будааст, ки дар он эзади Ҳур ситоиш меёфтааст.
Мувофиқи бозёфтҳои бос-тоншиносон шаҳри Левокант дар миёни Сарбанд ва Қӯрғонтеппа ҳанӯз дар аввали давраи мелод вуҷуд дошт ва то замони густариши ислом яке аз шаҳрҳои ободтарини минтақаи Вахш ба шумор мерафт. Бино ба сарчашмаҳои таърихӣ, Левакант яке аз ду шаҳри калони Вахш буда, ҳангоми ҳамлаи муғулҳо дар соли 1221 аз тарафи чингизхониён нобуд гардидааст.
Инчунин бо Қарори мазкури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон деҳаҳои Қурбон-шаҳид ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставели ба деҳаи Саргаҳ, деҳаи Тошохур ба деҳаи Боғдара ва деҳаи Будинобод ба деҳаи Зарриндашт иваз шуданд, ки аз беҳтарин ва хушоҳангтарин номҳои забони тоҷикӣ буда, аз боло рафтани фарҳанги номгузории мардуми тоҷик, эътибори хосса ба номи маҳаллу мавзеъҳои кишвар гувоҳӣ медиҳанд, инъикосгари асолати милливу таърихии номҳои ҷуғрофии кишваранд.
Эҳёи номҳои таърихӣ дар баробари пайванди ногусастанӣ доштан бо забону таърихи халқи тоҷик ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусоидат намуда, яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани худшиносии миллии ҳар як шаҳрванди тоҷик ва тоҷикони бурунмарзии ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Барои мардуми диёрамон эҳёи номвожаҳои милливу бостонии кишвари зебоманзару афсонавии мо боиси ифтихору сарбаландист, хусусан, дар ин соли 2018, ки аз тарафи раҳбарияти муҳтарами мамлакат Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст.
О.ҚОСИМОВ,
мудири кафедраи забони тоҷикии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои филологӣ,
М.ШОДИМАТОВА,
муаллими калони кафедра
Иловакунӣ
Иловакунии фикр