Математика илмест, ки бо дигар илмҳо иртиботи зич дорад.
Риёзиёт дар замони муосир ба меҳвари ҳаррӯзаи тадқиқот ва омӯзишҳо дар илмҳои физика, нуҷум, биология, муҳандисӣ, роҳандозии истеҳсолот ва дигар соҳаҳои фаъолияти назариявию амалии ҳаёти ҷамъиятӣ мубаддал шудааст. Аксарияти пизишкони асилу кордон, иқтисодчиёни моҳир, мутахассисони соҳаи тадқиқотҳои сотсиологӣ бар онанд, ки рушди минбаъдаи ин соҳаҳо ба истифодаи васеи методҳои математикӣ вобаста мебошад. Ин алоқамандӣ дар замони муосир боз ҳам зиёдтар ба чашм мерасад. Беҳуда мутафаккирони Юнони қадим нагуфтаанд, ки риёзиёт калиди ҳамаи илмҳост.
Албатта, гуфтаи боло боз ҳам исбот мекунад, ки то чӣ дараҷа риёзиёт илми асосӣ ва муҳим мебошад, чӣ гуна дигар илмҳо ба вай ниёз доранду бо далелҳои математикӣ такъя мекунанд ва ба ҳамин васила, баҳри рушди минбаъдаи ҷамъият кумаки амалӣ мерасонанд.
Риёзиёт дар ҳама давру замон дар ҳаёти ҷомеа ва фарҳанги башарият қисми таркибӣ ва ҷудонопазир маҳсуб меёфт. Ин илм як василаи муҳими дарки олами атроф, заминаи рушду нумӯи илмӣ – техникӣ ва қисмати таркибии рушди шахсият ба шумор меравад.
Сабаби асосии ниёзмандии тамоми башарият ба илми риёзиёт, ин тарбияи истеъдодҳо ва моҳияти дарки вазифаи дар наздашон гузошташуда, қобилияти муҳокимарониҳои саҳеҳ ва мантиқӣ, инчунин, тафаккури алгоритмӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар фард бояд таҳлил карда тавонад, фарзияро аз далел фарқ кунад, моҳияти вазифаи гузошташударо аниқу фаҳмо ва мушаххас баён кунад ва ғайра. Аз ҷиҳати дигар, тасаввурот ва дарккуниҳои худро рушд диҳад (тасаввуроти васеи фазоӣ, қобилияти пешбинии натиҷа ва дарёфти роҳи ҳалли он ва ғ.). Ба таври дигар гӯем, риёзиёт барои рушди маърифатию зеҳнии ҳар як фард зарур аст. Соли 1267 Роҷер Бекон, файласуфи машҳури англис иброз дошта буд: «Касе риёзиётро надонад, ягон илми дигарро ва ҳатто бесаводии худро дарк ва фаҳмидан наметавонад».
Руқиямо САБЗАҚАДАМОВА,
омӯзгори мактаби таҳсилоти
миёнаи умумии №22,
ноҳияи Шуғнон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр