Нашрияи Омӯзгор

Тухми некӣ дар замини пок бикорем!

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 742        Шарҳ: 0

Халқи мо фарзандро нури чашм, меваи умр ва бақои зиндагӣ медонад. Ҷомеашиносони маъруфи олам бар он ақидаанд, ки нахуст нишонаҳои тарбияи кӯдак дар батни модар оғоз мешавад. Вақте модар ба зинаҳои нахусти оиладорӣ эътимодона ба ояндаи худ назар надошта бошад, кӣ кафолат медиҳад, ки фарзанди ӯ солим ба дунё меояд? Фарзанд нахуст ҷаҳонбинии худро аз садои аллаи модару дасти пуршафқати падар дарк намуда, дунёро бо чашму дили онҳо мебинаду мешиносад ва нахустин муносибати худро ба олами атроф, аҳли оила, бозича ва дигар мавҷудоте, ки ӯро иҳота кардааст, аз таълимот ва рафтори падару модар меомӯзад.

Дар моддаи 7-и боби дуюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» доир ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд омадааст: «Падару модар уҳдадоранд, «дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла, назорати сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии фарзанд дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок ва мусоидат намоянд». Ин нишондоди қонун падару модарро вазифадор мекунад, ки робитаи ҳамкориро бо мактаб ва муассисаҳои томактабӣ беҳтар ба роҳ монда, дар кори таълиму тарбия шарики доимӣ бошанд.  Бинобар ин, пеш аз ҳама, падару модар ва мураббиёнро зарур аст, ки корҳои инфиродии таълимию тарбиявиро бо дарназардошти қобилияти ҷисмонӣ ва зеҳнӣ таҳия намуда, онро самаранок истифода баранд. Ҳаёт нишон медиҳад, кӯдаконе, ки бо тарбияю ғамхории доимӣ фаро гирифта шудаанд, дар шинохти муҳит ва масъалаҳои ба ҳаёташон дахлдор зираку дар иҷрои он пешсафтаранд.

 

Ҳусноро САЙДАҲМАДОВА,

мудири ширхоргоҳ - кӯдакистони

№64-и  ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш