Барои он ки ҷараёни таълиму тарбия самарманду пуртаъсир ва ҷолиб бошад, омӯзгор аз усулҳои гуногун, воситаҳои рангоранг, аёниятҳои мувофиқ истифода мебарад. Ҳар дарс ҷузъиёти худро дорост.
Омӯзгори мумтоз дарсҳоя-шро бо хонандагон ба ин ё он васила чун наққоши варзида ё рассоми боистеъдод оро мебахшад, таваҷҷуҳбарангез мекунад. Ҳар як дарс ғайр аз пурсишу тавзеҳи мавзӯи нав бояд лаҳзаҳои дигари илова дошта бошад, чунки ҳадафи таълиму тарбия хеле бавусъат аст. Аз ин ҷост, ки баъзе омӯзгорон дарси худро бо нақли ҳикояти кӯтоҳи тарбиявие оғоз мебахшанд, баъзеи дигар дар ягон лаҳзаи дарс латифае мегӯянд, зумрае паёми фарҳангиеро шарҳ медиҳанд ва зумраи дигар аз машқҳои содаи варзишӣ истифода менамоянд. Ман дар синфҳои ибтидоӣ дарсҳои забони модарӣ ва хонишро аксаран бо шарҳи мухтасару фаҳмраси шоҳбайте (ғолибан аз адабиёти классикӣ) оғоз мебахшам. Вобаста ба ин, шогирдонам дафтари шоҳбайтҳо доранд, ки бо он сад дар сад худ кор мекунанд. Яъне он аз ҷониби омӯзгор қатъӣ талаб кардаву санҷида намешавад. Дархост ҳам намешавад, ки ин дафтар ҳатман бояд ин ё он гуна бошад. Хонандагон ихтиёрӣ чунин дафтарро таъсис медиҳанд ва хуб аст, ки дафтари шоҳбайтҳои аксари онҳо шакли кисагиро дорад ва ин имкон медиҳад, ки хонандагон чунин дафтарро ҳамеша бо худ дошта бошанд ва дар ҳар лаҳзаи мувофиқ онро кушоянду шоҳбайтҳоро азёд ё такрор кунанд. Инак, чанд намуна аз шоҳбайтҳое, ки ман дар оғози дарсҳо дар тахтаи синф навиштаву шарҳ додам ва хонандагон дар дафтари шоҳбайтҳояшон рӯнавис кардаанд:
Тавоно бувад, ҳар кӣ доно
бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
***
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.
Забон дар даҳон, эй хирадманд,
чист?
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Омӯзиши шоҳбайтҳо, фаҳми мазмуни онҳо ва азёд кардани онҳо, ки дар синфҳои ибтидоӣ бо дарназардошти хусусиёти психологию синнусолии хонандагон сурат мегирад, аҳамияти зиёдеро дорост. Он муҳаббати шогирдонро ба каломи бадеъ меафзояд, зеҳнашонро гиротар месозад, нутқашро пуробуранг, захираи луғавиашонро ғанӣ мекунад, ба таҳкими ҷанбаи тарбиявии дарсҳо мусоидат менамояд. Дар маҳфилҳо ва дар лаҳзаҳои алоҳидаи дарсҳо, дар ҷашнвораҳо байни хонандагон вобаста ба шоҳбайтҳои омӯхтаашон озмуни байтбарак ташкил кардан хеле муфид хоҳад буд.
Хонандагони синфҳои ибтидоӣ низ, албатта, мустақилона асарҳои бадеӣ мутолиа мекунанд. Ба онҳо супориш бояд дод, ки зимни хондани чунин асарҳо, агар ба байти барҷастаю пурмазмуне (вобаста ба дарку фаҳмашон) дучор оянд, иловатан ба дафтари шоҳбайтҳояшон сабт намоянд ва ба ҳамсинфонашон низ ин байтро муаррифӣ бикунанд.
Матлуба Одилова,
омӯзгори синфҳои ибтидоии литсейи ДСХ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр