Нашрияи Омӯзгор

Махзани маърифат

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади  Балхӣ яке аз нобиғагони олами сухан эътироф шудааст. Ин бузург-мард тавонистааст бо асари муъҷизаосои худ “Маснавии маънавӣ” тасхири қалбҳои оламиён кунад.

Барои фаҳм ва дарки ин шоҳасар гӯшу ҳуши дигар мебояд. Чунонки худи Мавлоно мефармоянд:         

Гӯши хар бифрӯшу дигар

гӯш хар,

К-ин суханро дарнаёбад

гӯши хар.

Гӯш ҷузве аз узви бадани ҷумла мавҷудот аст. Вазифааш шунидани садо буда, онро ба марказҳои эҳсоскунанда-қалбу майна мерасонад. Ҳамчунин, чашм мебинад, забон мечашад ва бинӣ бӯй мекашад. Вале гӯши дил танҳо хоси мавҷуди олимақом - Одам аст. Мавлоно ба мо таъкид мекунад, ки набояд фирефтаи гӯши сар шуд, мебояд  ба гӯши дил алфозро шунид.

“Маснавии маънавӣ”-и Мавлоноро “Ҳаст “Қуръон” бар забони паҳлавӣ” хондаанд. Маъниҳои орифона дар ҳар байти ин асари беназир, ки гӯё ҳама малакутианд, аз бузургии шоир гувоҳанд. Маснавӣ саропо ҳикмати зиндагист ва он сарчашма мегирад аз Қуръон ва аҳодиси набавӣ.

Ба риштаи назм кашидани ояҳои Қуръон ва сипас, тасвири он дар ҳикоятҳои хурд басо ҷолиб аст. Мавлоно ба таври иқтибос аз сураи “Юсуф” ин ду байтро мениорад:  

Он чи Яъқуб аз рухи Юсуф

бидид,

Хоси ӯ буд, он ба ихвои кай

расид?

Яъқуб (а) аз рӯи Юсуф (а) ҷоми Ҳақ мечашид ва аз бӯи Юсуф бӯи Ҳақро мебӯид, бародарон, ки ба чашми зоҳир менигаристанд, онро намедиданду эҳсос намекарданд. Падар Юсуфро аз ин рӯ дӯсттару азизтар медошт, вагарна он даҳи дигар низ барояш фарзанду пайванди ҷон буданд.

Рӯй ношуста набинад рӯи

ҳур,

“Ло салота” гуфт: Илло

би-т-туҳур.

Мавлоно дар ин байт аз ҳикмати бебаҳои Расули акрам (с) дар мисраи дуюм барои тақвияти афкори мисраи аввал мисоле меоварад. Баҳри            поконро дидан поку беғаш будан ҳатмист. Ва шоир дар баробари покии зоҳир покии ботинро дар назар дорад. Бояд дил аз ҳама кинаву қудурат холӣ бошад, то дар ин оина ҳақиқати хос ҷилва намояд.

Дар “Маснавии маънавӣ” ҳамеша покии қалбу рӯҳи инсон тараннум меёбад. Шоир таъкид мекунад, ки барои расидан ба мақсадҳои хайр, ба хусус, бар висоли ёр покии замир боис мешавад.

Инак, чанд байти дигар аз ин шоҳкории беназир:

Мо дар ин анбор гандум

мекунем,

Гандуми ҷамъомада гум

мекунем.

Менаяндешем охир мо ба

ҳуш,

К-ин халал дар гандум аст

аз макри муш.

Муш то анбори мо ҳурра

задаст,

В-аз фанаш анбори мо

вайрон шудаст.

Аввал, эй ҷон, дафъи шарри

муш кун,

В-он гаҳе дар ҷамъи гандум

ҷӯш кун.

Дар ин байтҳо анбор, гандум, муш маҷозан омадаанд. Мавлоно мефармоянд, ки мо дар анбор, яъне қалбҳо гандум-некӣ, хайру сахо, тоату ибодат ҷамъ мекунем, вале мо онро боз гум мекунем. Аҷру подошеро, ки Аллоҳ ваъда кардааст, намеёбем. Чаро? Боз  худ онро шарҳ медиҳад. Муш, яъне Иблиси малъун, анбори мо –қалбамонро сӯрох задааст. Он ҳама некиҳоро, медуздад. Ва мо аз аҷри он бенасиб мемонем. Ва таъкид мекунад, ки аввал аз шарри ин муш дурӣ биҷӯему аз анбор онро дафъ бикунем. Подоши некиҳоро албатта, мебинем.

Мавлоно Ҷалолуддин қариб дар ҳамаи ҳикоёти маснавӣ мақсади худро тариқи тамсил баён мекунад. Хонандаи ин асари гаронбаҳо бояд ба умқи андешаи ин пири хирад диққат диҳад, вагарна аз ин махзани маърифат ганҷе нахоҳад бардошт.

“Маснави маънавӣ”-и Ҷалолуддини Балхӣ, воқеан ҳам, махзани маърифат аст. Ҳамин аст, ки номи муаллифро ин шоҳасар садсолаҳо боз вирди забони оламиён кардааст.

 

Нозанин ҲАМИДОВА,

омӯзгори мактаби №13,

ноҳияи Восеъ,

Ҳикматулло ҲАМИДОВ,

узви ИЖТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш