Нашрияи Омӯзгор

Асотири офариниш ва Наврӯз

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 743        Шарҳ: 0

Дар миёни ҳамаи ҷашнҳое, ки халқи тоҷик аз ибтидо то имрӯз ба онҳо эҳтиром мегузорад, Наврӯз мақоми шоиста дорад.

Доир ба таърих, асотири таърихӣ, анъанаю одатҳо ва дигар паҳлуҳои ҷашни Наврӯз, чи дар асрҳои миёна ва чи дар замони муосир, олимону коршиносон тадқиқоти худро дар шаклҳои гуногун ба нашр расонидаанд. Махсусан, таи солҳои охир дар матбуоти Тоҷикистон доир ба паҳлуҳои гуногуни Наврӯз мақолаҳои зиёд рӯи чоп меоянд.

Яке аз ҷанбаҳои баҳсбарангези Наврӯз масъалаи пайдоиши он мебошад. Ҳамон тавре ки аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, бунёдгузори ин ҷашн баъзан ба шахсиятҳои алоҳида, ба монанди Каюмарс, Ҷамшед, Фаридун иртибот мегирад. Ҳамзамон, баҳсҳое, ки дар маъхазҳо атрофи пайдоиши Наврӯз сурат мегиранд, баъзан ба асотири динию таърихӣ низ бармехӯранд. Албатта, асотирро ҳам метавон то ҷое боз-гӯкунандаи баъзе муаммоҳои таърихӣ номид. Аз ин лиҳоз иди Наврӯзро, ҳамон тавре ки аз маънои номаш ҳувайдост, метавон ба офариниши дунё ва ҳаёт алоқаманд намуд. Ин ақидаро бисёр сарчашмаҳои муътамади таърихию динӣ тақвият медиҳанд.

Мувофиқи манбаъҳои таърихию динӣ, Худованд дунёро бо он чизе, ки дар он ҳаст, муддати 1 сол ва дар шаш бахш ва ё дар шаш рӯз офаридааст. Рӯзи охири офариниш ба ҳаёти кунунӣ оғоз бахшидан аст. Яъне нахустин рӯзи ҳаёти инсонӣ дар рӯи замин ва аввалин рӯзи ҳукмрони замин шудани инсон. Ин рӯзро ҳамчун рӯзи нав  ва ё Наврӯз наслҳои минбаъда гиромӣ дошта, таҷлил намуданд ва он то ба замони мо омада расидааст.

Мувофиқи нишондоди фасли 25-ум китоби «Бундаҳишн» Аҳура Маздо оламро дар муддати як сол, яъне 365 рӯз  ва дар шаш бахш офаридааст. Ин усули офаринишро гаҳанбор ё гоҳанбор меноманд. Гаҳанбор  мувофиқи ақидаи динӣ шаш рӯз ё шаш гоҳро (замонро) мегӯянд, ки дар ин муддат Худо дунёро офаридааст.

Аввалин гаҳанбор Маидиу-заремгоҳ ном дошта, 45 рӯзро дар бар мегирад ва давоми ин муддат осмон офарида шуд. Дуюмин гаҳанбор Маидйушамгоҳ буда, 60 рӯзро дар бар мегирад ва дар ин вақт об офарида шуд. Сеюмин гаҳанбор Патиашҳимгоҳ номида мешавад, ки он 75 рӯзро дар бар мегирад ва таи ин муддат замин офарида мешавад. Чорумин гаҳанбор бо номи Айасрем маъруф аст, ки 30 рӯзро дар бар мегирад. Дар давоми ин вақт олами наботот офарида шуд. Панҷумин гаҳанбор Майдйаремгоҳ ном дорад ва он 80 рӯз дорад. Дар давоми ин муддат нахустҳайвон Говмард офарида мешавад. Шашумин гаҳанбор Намаспатманам ном дошта, 75 рӯзро дар бар мегирад ва дар муддати зикршуда аввалин инсон - Каёмард офарида шуд.

Доир ба офариниши олам дар китобҳои осмонии «Таврот» ва «Қуръон» то ҷое муштаракот бо осори зардуштӣ ба назар мерасад. Танҳо як тафовут дар он аст, ки дар дар китобҳои динҳои сомӣ офариниш аз ҷониби Худованд дар шаш рӯз сурат гирифтааст. Дар «Таврот» оварда шудааст, ки Худованд дунёро бо он чизе, ки дошт, муддати шаш рӯз офарид. Дар рӯзи шашум ҷонварон ва Одамро офарид ва ба рӯзи ҳафтум баракат дод. Доир ба ин мавзӯъ дар «Таврот» чунин омадааст: «Ва Худо корҳои худро, ки карда буд, то рӯзи ҳафтум анҷом дод ва дар рӯзи ҳафтум аз ҳама корҳои Худ, ки карда буд, ором гирифт.

Мавзӯи офариниш дар якчанд сураҳои «Қуръон»-и карим ба таври зайл шарҳ ёфтааст: «Ба дурустӣ, Парвардигори шумо Он Худой аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид, сипас бар Арш мустақар шуд» «Ва Ӯ Он (Худой) аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид ва Арши Ӯ бар об буд; то шуморо биозмояд, ки кадоми шумо некукортар аст»; «Худо Он аст, ки осмонҳову замин ва ончиро, ки мобайни онҳо аст, дар шаш рӯз офарид, сипас бар Арш мустақар шуд»; «Ва ба дурустӣ, осмонҳову замин ва ончиро, ки дар миёни ҳарду аст, дар шаш рӯз офаридем; ва ба Мо ҳеҷ мондагӣ нарасид», «Ҳамоно Парвардигори шумо он Худоест, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид…» (Юнус, ояти 3).

Мувофиқи солшумории зардуштӣ Аҳурамаздо офаринишро дар моҳи исфандаромӯз ба анҷом мерасонад ва рӯзи аввали сол Ҳурмузрӯз, ки бо исми Худованд номгузорӣ шуда буд ва рӯзи якуми моҳи аввали сол фарвардинмоҳ ба ҳисоб мерафт, ба ҳаёту зиндагии инсонӣ оғоз бахшид. Ҳамон тавре ки дар боло ишора намудем, рӯзи нахустини зиндагии Каёмард ба аввали моҳи фарвардин рост меояд чун рӯзи нав, яъне Наврӯз минбаъд гиромӣ дошта шуд.

Назари дигар низ роҷеъ ба пайдоиши Наврӯз вуҷуд дорад, ки мувофиқи он на ин ки пас аз Каёмард ин ҷашн таҷлил гардид, балки худи Каёмард ба он асос гузошт. Ба ин ақида бархе аз мутафаккирони асримиёнагӣ, ба мисли Алӣ ибни Ҳусайни Масъудӣ, Абӯрайҳон Берунӣ, Умари Хайём дар осори худ ишора намудаанд.   

Аз рӯи таълимоти динҳои яҳудия, насрония ва ислом Худованд пас аз хилқати инсон ӯро дар биҳишт ҷо дод ва ин барои инсон ҳаёти наву рӯзи нав ва муқаддас буд. Аз ин рӯ, оғози ҳаёт барои Мошиён ва Мошиёна (ва ё Одаму Ҳавво), яъне аввалин насли инсоният рӯзи наву фархунда ба шумор мерафт. Агар мантиқан ба ин масъала назар афканем, эътироф намудан мумкин аст, ки оғози ҳаёти инсонӣ ин барои инсоният рӯзи нав  ва ё Наврӯз аст.

 

Давлатшоҳ Маҳмудов,

Музаффар Содиқов,

омӯзгорони факултаи таърихи

ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш