Дар мактаб-интернатҳои махсус ба таълим ва тарбияи кӯдакони ақлан заиф аҳамияти махсус бояд дод. Ин кӯдакон фаъолият ва бозиҳои худро бемақсаду бешуурона иҷро карда, ба ҳодисаҳою воқеаҳои гирду атроф мароқ зоҳир намекунанд.
Онҳо ба шароити нав зуд мутобиқ шуда наметавонанд, зудранҷанд, қаҳру ғазабашонро идора карда наметавонанд. Дар ҳолати қонеъ нагаштани талаботи моддиашон дод зада гиря мекунанд.
Аксари онҳо ба сабаби ину он нуқси модарзодӣ ба нигоҳубини ҳаррӯза ниёз доранд. Вале агар барои онҳо шароитҳои махсус фароҳам оварда шавад, ин кӯдакон метавонанд каму беш ба муҳити атроф мутобиқ шаванд ва фоидаи худро каме ҳам бошад, ба ҷамъият расонанд. Бо онҳо пайваста корҳои инфиродӣ бурдан лозим аст.
Аввалан, мо бояд ба он аҳамият диҳем, ки чӣ қадар дар таълимгоҳҳои мазкур бо кӯдакони ақлан заиф корҳои инфиродӣ ба роҳ монда мешавад ва чи тавр онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода месозанд.
Омилҳои муҳим дар таълим ва тарбия бо кӯдакони ақлан ноқис ин гузарондани корҳои мустақилона бо онҳо ба шумор меравад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар вақти гузаронидани дарсҳои таҷрибавӣ дар кӯдакони ақлан ноқис инкишоф ёфтани нутқи равон, фикрронӣ ва корҳои амалӣ (ҷисмонӣ) рушду ташаккул меёбад.
Омӯзиши дониш ва ҳисоб дар таълиму тарбияи ин кӯдакон ҷои махсусро ишғол мекунад. Олими рус Г.М.Дулнев навиштааст, ки танҳо гузарондани ин намуди машғулиятҳо бо ин кӯдакон кофӣ нест. Онҳо навиштан ва хонданро ёд гиранд ҳам, мустақилона он донишҳоро дар амал татбиқ карда наметавонанд. Кӯдакони ақлан ноқисро дар рӯҳияи дӯстӣ тарбия бояд кард, то ки онҳо ягон намуди машғулияти меҳнатиро аз худ намоянд. Яке аз омилҳои муҳим дар тарбияи кӯдакони имбесил ин ташкил кардани экскурсияи онҳо ба муҳити атроф мебошад.
Маълум аст, ки кӯдакони номбурда дар рафтор ва гуфтори худ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ душворӣ мекашанд. Барои ҳамин, дар мактаб-интернатҳои махсус дарсҳои алоҳида мегузаронанд. Ин дарсҳо дар намуди ҳам машғулияти таълимӣ ва ҳам саёҳати фаннӣ (экскурсия) гузаронида мешаванд.
Ба ин гуна кӯдакон бояд бештар ва такрор ба такрор кор кард, то ки мисолҳои додашуда дар зеҳни онҳо нақш бандад. Танҳо такрори мавзӯъҳо метавонад дар ниҳоди кӯдакони ақлан ноқис рафторҳои мусбиро бедор карда, онҳоро ба муҳити атроф мутобиқ менамоянд.
Кӯдакони ақлан заифро бештар бо чунин амалҳо: тарзи харид, суханони боодобона, ба мисли: раҳмат, мебахшед, аз шумо маъзарат мехоҳам одат кунонда, ин равандро пайваста идома бояд дод.
Усмон КАТАМАРДОВ,
омӯзгори мактаб-интернати асосии №2-и
ноҳияи Фирдавсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр