Меҳнат кардан фаъолияти ҳамарӯзаи бачаҳо ба ҳисоб меравад. Бинобар он, волидон ва омӯзгоронро лозим аст, ки ба тарбияи меҳнатии онҳо ҳанӯз аз давраи синну соли мактабӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.
Мутахассисон муайян кардаанд, ки меҳнат он вақт самаровар мешавад, ки ҳадафи муайян дошта бошад, яъне он ба рӯҳ ва шуури бача таъсир расонда тавонад. Бубинед, агар устои хонасоз баъди ба итмом расидани иморати сохтааш дер гоҳ ба он назар карда, аз маҳсули меҳнаташ ҳаловат барад, бача ҳам пас аз сохтани гулдон, мизу курсича ё ягон чизи ба ҳамин монанд сохтааш дида дӯхта, рӯҳбаланд мегардад. Дар баробари ин, сохтани ин ё он ашё бо дасти худи хонанда ба диди эстетикии вай таъсир расонда, дар ин самт ӯро ҳамчун як нафари зебопараст ба атрофиёнаш муаррифӣ менамояд.
Дар дарсҳои технология (таълими меҳнат) бояд бештар ба ҳисси зебоипарастии бачаҳо диққати ҷиддӣ дод, зеро чунин амал шогирдро боз ҳам пурмасъулият гардонда, мекӯшад, ки ба сифати кори анҷоммедодааш боз аҳамият диҳад. Масалан, дар дарсҳои расмкашӣ, нақшакашӣ ва монанди инҳо низ бачаҳо таваҷҷуҳи устодро ба худ дарк намуда, мекӯшанд, ки барои бештар ҳам дурусту босифат иҷро кардани вазифаи супоридашуда тамоми диққату маҳорати худро сарф намоянд, то ки ба тавсифу «офарин» - и омӯзгор шарафёб гарданд. Ин ҳам меҳнат аст ва хуб мешуд, ки устодон дар бачаҳо эҳсоси зебоиро, пеш аз ҳама, тавассути меҳнат ба вуҷуд оранд.
Меҳнат кардан манбаи зебоӣ ва донишмандист. Шогирдон низ маҳз дар натиҷаи он чӣ будани оламро дарк мекунанд, барои боз ҳам рангинии ҳаёти худ мубориза мебаранд. Ҳанӯз адиби барҷастаи рус Максим Горкий фармуда буд, ки «Инсон мувофиқи табъи худ рассом аст. Вай ҳамеша ҷидду ҷаҳд менамояд, ки ҳаётро зебо гардонад. Дар баробари ин, вай маданияти инсонро низ афзун мегардонад».Имрӯз шогирде, ки барои зочаҳо либос медӯзад, пас ӯ фардо метавонад, ки барои калонсолон низ ба осонӣ либос бидӯзад. Барои ҳамин ҳам, таваҷҷуҳ ба ин масъала хеле муҳим буда, воситаи аёние, ки барои инкишофи эстетикии меҳнат ёрӣ мерасонад, намоиши фаъолияти эҷодии хонандагон мебошад.
Фарҳод БОБОЕВ,
омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр