Ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик чил сол боз дар коллеҷи рассомии ба номи М. Олимови шаҳри Душанбе фаъолият дорам. Ҳамеша ба он мекӯшам, ки шогирдонамро дар рӯҳияи дӯст доштани марзу буми кишвар ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ тарбия намоям.
Дар дарси кушоди тарбиявие, ки ба қарибӣ гузаронидам, сухан аз муъҷизаи илоҳӣ – об мерафт. Дар он намояндагони вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, раёсати маорифи шаҳру ноҳия, омӯзгорони коллеҷ ширкат намуданд. Синфхонаро бо аёният – иқтибосҳо аз суханрониҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муқаддас будани ин неъмати бебаҳо, расму лавҳаҳои ҷолиб, намунаи ашъори дар бораи об эҷодкардаи шоирони классик ва муосири тоҷик оро додам, ки тамошо ва мутолиаи ҳамин воситаҳои аёнӣ мазмуни баланди тарбиявиро доро буданд.
Дарсро бо хондани байти «Ҳарчанд ки се ҳиссаи олам ҳама об аст, Сад мулки дигар ташналабу синакабоб аст» шурӯъ кардам.
Қисмати дигари дарс «Гардиши об дар табиат» номгузорӣ шуда, дар он дар бораи хусусиятҳои физикии оби ошомиданӣ, дастрасии мардуми олам ба он, гардиши табиии об дар фазо, баҳрҳо ва замин маълумоти муфассал дода шуд. Қисмати тарбиявии эҳтиром ва эҳтиёт кардани ин неъмати бебаҳоро бо байти машҳури Абӯшакури Балхӣ: «Зи ҷӯйе, ки хӯрдӣ аз он оби пок, Нашояд фикандан дар он сангу хок» оғоз карда, бо иқтибосҳои дигари аз ҷониби хонандагон пешниҳодгардида тақвият бахшидам. Ҳамин тавр, дар дарси тарбиявӣ гуфтор ва ашъори бузургони адабиёт ва сиёсатмадорони арсаи ҷаҳонӣ аз тарафи худи ман ва шогирдон пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд. Дар хотимаи дарс мазмун ва мундариҷаи ин дарси тарбиявӣ дар шакли дастури таълимии бо расму шиорҳо ороёфта ба ҳозирин пешниҳод гардид.
Сабоҳат МУХТОРОВА,
омӯзгори коллеҷи рассомии
ба номи М. Олимов
Иловакунӣ
Иловакунии фикр