Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо иштироки намоянда аз Кумитаи занон ва кор бо оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Боғигул Исломова, устоди донишкада Мусаллама Ҳамидова, раиси иттифоқи касабаи ДҶТИБКСМ Абдусаттор Одинаев чорабинӣ бахшида ба Рӯзи модар баргузор гардид. Ректори донишкада Хоналӣ Қурбонзода зимни ифтитоҳи ҷамъомад ҳозиринро табрик гуфта, доир ба меҳру бузургии модар андеша ронд. Ҳунармандони мумтоз-Ҷамшед Исмоилов, Файзалӣ Ҳасанов, Фахриддини Малик хотири ҳозиринро бо шеъру таронаҳои дилошӯб шод гардониданд.
Бояд қайд кард, ки дар доираи ин ҳамоиш озмуни «Меҳрномаи модар» гузаронида шуд, ки дар он шунавандагони донишкада аз шаҳру навоҳии мухталифи кишвар ширкат варзиданд. Довталабони гурӯҳҳои «Меҳри модар» аз ДҶТИБКСМ, «Фаришта» аз шаҳри Душанбе, «Баҳор» аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, «Ҳамадон» аз шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, «Меҳрофарин» аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аз рӯйи шартҳои «Муаррифӣ», «Монолог дар васфи Модар», «Суруди «Алла», «Ҳунарҳои мардумӣ», «Маҳорати кадбону», «Саволу ҷавоб» байни ҳам сабқат карданд. Ҷамъбасти озмун нишон дод, ки ҳамаи аъзои гурӯҳҳои номбурда барои иштирок дар чорабинӣ тайёрии ҳамаҷониба дидаанд. Ба ғолибон аз тарафи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.
«Гулдухтари беҳтарин» кист?
Дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи Модар байни хонандагони маҳфилҳои муассиса озмуни «Гулдухтари беҳтарин» баргузор гардид. Директори марказ Умедҷон Сафарзода дар оғоз шартҳои озмунро барои довталабон тавзеҳ бахшид. Сипас, иштирокдорон аз рӯйи шартҳои «Саломнома», «Иҷрои рақс», «Суруди алла», «Омодасозии хӯриш» байни ҳам сабқат оростанд. Дар фарҷоми озмун ғолибон ва роҳбарони фаъоли маҳфилҳои муассиса бо туҳфа ва ифтихорномаҳои Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дилафрӯз Қурбонӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр