Нашрияи Омӯзгор

Дар ғафлат намонед, волидон!

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 738        Шарҳ: 0

Вобаста ба пешравӣ ва соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон дар муассисаҳои таълимӣ  барои таълиму тарбияи насли имрӯзу ояндаи миллат шароитҳо фароҳам меоянд.

Аммо як чиз боиси нигаронист, ки баъзе волидони муҳтарами мо таълиму тарбияи фарзандонро пурра ба дӯши мактаб ва омӯзгор гузошта, аз ҳолу аҳволи онҳо  ғофил мемонанд.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» онҳоро водор мекунад, ки баҳри пешрафти ҷомеа нақши муассири худро гузошта, фарзандонро ба роҳи дуруст тарбия  намуда,  ҳамкориро бо муассисаҳои таълимӣ бештар кунанд.

Ҳолатҳое  мешавад, ки волидайн дар рӯзномаи кӯдаки худ имзо намегузоранд. Ё ин ки дар маҷлиси кумитаи падару модар иштирок намекунанд. Баръакс, дар мавридҳои сар задани ҳодисаҳои нохуш аз ҷониби хонандагоне, ки дар чунин муҳит тарбия гирифта, волидайн барои даъво ва ҳифз кардани ҳуқуқи худ вақт пайдо мекунанд. Ҳол он ки аз уҳдадории хеш  ғофил мондаанд.

Дар баъзе маврид падару модарон фарзандони сустхони худро бо ҳар роҳу восита аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ гирифта, шомили литсей ва гимназияҳо мегардонанд, ки хоси хонандаи болаёқат аст. Дар натиҷа ин муассисаҳои таълимӣ аз чунин падару модарони «бомасъулият» тез доғдор мегардад. Мақсад ин аст, ки волидони муҳтарам дар парвариши фарзанд аз ибтидо бояд масъулият дошта бошанд. Мо, омӯзгорон, низ бояд волидонро барои тарбияи ҳамаҷонибаи фарзандонашон ҷалб намоем, зеро ба таъбири халқӣ «аз як даст садо намеояд».    

Таманно ХОЛОВА,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш