Нашрияи Омӯзгор

Сифати таҳсилот дастгирӣ меёбад

Сана: 2018-04-16        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Яке аз роҳҳои такмил додани сифати таҳсилот ҳамкорӣ бо шарикони рушд вобаста ба ин соҳа мебошад. Ба ин муносибат чандест, ки Барномаи дастгирии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зина ба зина амалӣ мегардад. Вобаста ба ин мавзӯъ дар меҳмонхонаи «Шератон» - и шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи рушди лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо – «Кумаки техникӣ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар самти такмили ихтисоси омӯзгорони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълим» ҷаласаи сеюми мулоқоти гурӯҳи кории (ЛОТ) – и 1 оид ба беҳтар намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар доираи ТИКТ бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва шарикони иҷтимоӣ баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ таъмин намудани натиҷаҳои таҳлили заминаи меъёрии ҳуқуқии пойгоҳи системаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълим буд.

Дар нишаст муовини сардори раёсати таҳсилоти ибтидоии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозимҷон Сиддиқов, коршиносони масоили сиёсӣ оид ба  корҳои таҳсилоти ибтидоии  лоиҳа Оливер Десси ва Галя Божанова  доир ба масъалаҳои имконоти рушди минбаъдаи соҳа дар заминаи идоракунии система ва заминаи меъёрӣ, натиҷаҳои пешбинишудаи маҷлиси сеюми гурӯҳи кории (ЛОТ) – и 1, идоракунии ТИКТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҳлили функсионалии системаи ҷорӣ, коркарди нақшаи амалҳо оид ба семинарҳои минтақавӣ бо тарафҳои манфиатдор, ки дар доираи лоиҳа гузаронида мешаванд, изҳори ақида намуданд.

Ҳозирин  натиҷаҳои дастовардҳои қаблии маҷлисҳои гурӯҳи кории 1- ро  мавриди муҳокима қарор доданд. Лоиҳа дар доираи Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат – 1 татбиқ  гардида, ҳадафаш    дастгирии  рушди таҳсилоти муосир мебошад. Дар назар аст, ки лоиҳаи мазкур ба таври пурра то 31 июли соли 2020 амалӣ мегардад.

Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокдорон ба гурӯҳҳо тақсим шуда, оид ба бартараф намудани камбудиҳо доир ба беҳсозии идоракунии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълим (ТИКТ) дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ фикру андешаҳои хешро иброз доштанд.

 

Ҳотами Ҳомид,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш