Нашрияи Омӯзгор

Кӯҳҳои Помир – барандаи ҷоиза

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 743        Шарҳ: 0

Дар мактаби таҳсилоти давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказии шаҳри Хоруғ вобаста ба рӯйхати «сад самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2019» дохил шудани кӯҳҳои сар ба фалаки Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ишғол намудани ҷойи сеюм ҳамоиш баргузор гардид.

Дар он қайд гардид, ки кӯҳҳои Помири кишвар соли чорум аст, ки барандаи ҷоизаи номбурда мегарданд.Ин навиди хуш аз зиёд гардидани сафи сайёҳони ҷаҳонӣ дар Ватани зебо ва биҳиштманзари мо далолат мекунад. Дар Мактаби таҳсилоти давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказии шаҳри Хоруғ вобаста ба соҳаи рушди сайёҳӣ бахши таълимии сайёҳӣ, тарҷумонӣ ва омӯзиши ҷойҳои таърихӣ амал карда истодааст.

Ҷ. Қозибеков,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш