Мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ Сардорбек Азорабеков иттилоъ дод, ки дар мактабҳои динии хориҷи кишвар 66 нафар аз ноҳияи Ванҷ, 30 нафар аз ноҳияи Мурғоб ва 16 нафар аз ноҳияи Дарвоз ғайриқонунӣ таҳсил доштанд. Баъди супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 110 нафари онҳо ба Ватан баргардонида шуда, 2 нафар шаҳрванд аз ноҳияи Ванҷ ҳанӯз дар хориҷи кишвар таҳсил доранд. Танҳо дар соли 2018 тавассути ба роҳ мондани пешбурди корҳои тарғиботӣ бо падару модарон 15 ноболиғ ба зодгоҳ баргардонда шуданд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр