Дар соли 2018 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони 37 иншооти соҳаи маориф бо арзиши 172, 7 млн сомонӣ идома дошт, - гуфт зимни суҳбат сардори раёсати маорифи ВМКБ Одинашоҳ Мардов.
Муассисаи миёнаи таҳсилоти умумӣ дар маркази ноҳияи Ванҷ барои 260 ҷойи нишаст, муассисаи миёнаи умумии № 35 барои 200 ҷой дар ноҳияи Шуғнон, биноҳои нави мактабҳои деҳаҳои Рузвай ва Паткуноб ва биноҳои шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз, раёсати маорифи вилоятро дар вазъияти тантанавӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Чунин ғамхориҳои беназир аст, ки аз 2956 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии вилоят 2244 нафар ё 76 фоизашон ба муассисаҳои олӣ ва касбии дохил ва хориҷи кишвар дохил шудаанд.
Ҷ. Қозибеков,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр