Ба ифтихори Рӯзи матбуот дар нашрияи «Омӯзгор» бо иштироки доираи васеи устодони мактабҳои олӣ, омӯзгорону ҳамкорони фаъоли нашрия ҳамоиш баргузор шуд.
Таъкид гардид, ки матбуот ҳамчун яке аз воситаҳои иттилоотию маърифатӣ дар беш аз сад соли фаъолият баҳри баланд бардоштани маърифатнокӣ ва рушди ҷомеа нақши муҳим гузоштааст. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон заминаҳои мусоид ҷиҳати таъсиси матбуоти гуногунсоҳа фароҳам оварда шуд. Имрӯз нашрияи «Омӯзгор», ки таърихи беш аз 80 - сола дорад, дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, тарғиби арзишҳои фарҳангию миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ саҳми босазо дорад.
Дар фарҷоми ҳамоиш як қатор мухбирони зерини ҷамоатии нашрия барои ҳамкории бардавому фаъолона ва пурсамарашон бо Ифтихорномаи нашрияи «Омӯзгор» ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд:
Мурод Муродов - доктори илмҳои филологӣ, профессори ДМТ, Сангин Гулов - номзади илми филология, мудири кафедраи радио ва телевизиони ДМТ, дотсент, Абдулмумин Қутбиддинов - номзади илми филология, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ, дотсент, Ҳабиб Искандаров - олими соҳаи педагогика, собиқадори матбуот, Исматулло Абдуллоев - директори мактаби №25-и шаҳри Исфара, Ҳокими Сафар - рӯзноманигор ва омӯзгор аз ноҳияи Файзобод, Азимхон Малахов - омӯзгори мактаби №45-и ноҳияи Рӯдакӣ, Муродалӣ Наҷмиддинов - омӯзгори гимназияи №2-и ноҳияи Шоҳмансур, Аъзам Бобоев - омӯзгор ва рӯзноманигор, Маъруфи Ҳисом - омӯзгори мактаби №2-и ба номи Қ. Кироми ноҳияи Айнӣ, собиқадори маориф, Шариф Исматӣ - омӯзгори собиқадор ва рӯзноманигор (шаҳри Панҷакент), Ҳасан Содиқов - омӯзгори мактаби №24-и ноҳияи Мастчоҳ, Мирзосафар Ризвонов - мухбири суратгир, собиқадори маориф аз ноҳияи Рашт, Зариф Шарифов - доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи иқтисодиёти ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур ва Нозим Нуров - устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода.
Н. Охунзода,
«Омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр