Нашрияи Омӯзгор

Саодатномаи миллат

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 742        Шарҳ: 0

Имрӯзҳо Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни аҳли маориф, устодону хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар ҳамовозии васеъ пайдо намудааст.

Ин бесабаб нест. Дар Паёми имсола низ чун дигар соҳаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таваҷҷуҳ зоҳир намуда, вазъи соҳаро мавриди таҳлил ва вазифаҳои минбаъдаро дар ин самт муайян намуданд. Пешвои миллат дар баробари шарҳи муҳимтарин падидаҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ дар Паёмашон масъулони соҳаи маорифи кишварро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони баландихтисос ва баланд бардоштани сифати таҳсилот чораҳои зарурӣ андешанд.

Дарвоқеъ, масъалаи асосие, ки дар ҳама давру замон, бо ҳаёти инсонҳо қаробати ногусастанӣ дорад ва таваҷҷуҳ ба он ба пешрафту комёбӣ ва тараққиёт оварда мерасонад, ин ба таҳсил фаро гирифтани аҳолӣ мебошад.

Мушкилиҳое вуҷуд доранд, ки ҳалли онҳо диққати чиддии на танҳо идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои таълимӣ, балки волидайни наврасонро низ талаб мекунад. Аз ҷумла, аз беаҳамиятии волидайн бархе аз наврасонамон баъди дарс соатҳои дароз ба бозиҳои компютерӣ машғул мешаванд ё ба тамошои филмҳои бадеиву тасвирӣ, ки бештари онҳо арзишҳои барои миллатамон бегонаро тарғиб мекунанд, машғул мешаванд. Инчунин, рағбати зиёд ба телефонҳои мобилӣ доранд. Мутаассифона, имрӯз шумораи ками наврасонамон китобҳои бадеӣ мехонанд, ҳол он ки волидони гиромиамонро зарур аст, ки на танҳо китобҳои бадеиро барои фарзандон таъмин намоянд, балки онҳоро водор созанд, ташвиқ намоянд, фаҳмонанд, ки таҳкурсии зеҳнии наврасон маҳз аз мутолиаи китобҳои бадеӣ мустаҳкам мегардад. Бар замми ин ҳама, гурӯҳи дигари наврасонамон бо рафтору кирдори ношоиста на танҳо шаъни худ, балки волидону мактабу устодонашонро паст мезананд, ки ҳалли мушкилоти зикргардида танҳо вазифаи масъулони соҳаи маориф нест. Яъне вақте мо мегӯем, ки насли наврас ояндаи давлат асту оянда дар дасти онҳост, балки тамоми қишрҳои ҷомеаро зарур аст, ки сари саводнокӣ, тарбияи хуб, ҳаёти солим, умуман, барои ташаккули солими наврасон андеша намоянд.

Хулоса, фарзандонро ба роҳи дуруст, анҷоми амалҳои хайру савоб, омӯзиши илму ҳунар ва ободию созандагии ватани азизамон, Тоҷикистон ҳидоят намудан ин вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як падару модар, мактабу маориф ва аҳли ҷомеа мебошад ва албатта, бо хидояту роҳнамоии Сарвари маорифпарвари давлат бо итминон метавон гуфт, ки омӯзгорони гиромиамон дар ҳамбастагӣ бо дигар ниҳодҳои ҷомеа аз уҳдаи бартараф намудани ҳар мушкилот мебароянд.

Абдураҳим Бобоев,

омӯзгори кафедраи ҷомеашиносии ДТҷТ

ба номи С. Раҳимов


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш