Мусоҳиба бо декани факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, номзади илми равоншиносӣ, дотсент Абдуворис Мингбоев
- Муаллими муҳтарам, шумо солҳоест, ки дар доираи варзишгарон фаъолият доред ва худ варзтшгар ҳам ҳастеду факултаи тарбияи ҷисмониро роҳбарӣ мекунед. Аз ин рӯ, дар оғози суҳбатамон мехостем бидонем, ки шахсияти варзишгарро чӣ тарз тавсиф мебахшед ва варзишгари воқеиро чӣ гуна дидан мехоҳед.
-Аслан, ба тарбияи ҷисмонӣ гаравидан барои ҳамагон зарур аст, зеро он омили устувории саломатӣ ва рӯҳбаландиву иродатмандист. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Тарбияи ҷисмонӣ – бақои ҷавонӣ». Аз ин ҷост, ки дар ҷумҳурии мо барои ҳар чӣ бештар ҷалб намудани доираи васеи шаҳрвандон ба тарбияи ҷисмонӣ тадбирҳои муҳим ва самарабахш дар сатҳи баланд андешидаву амалӣ карда мешаванд. Дар баъзе аз ин тадбирҳо (масалан, дар «Дави миллӣ») Пешвои миллатамон низ дар тан либоси варзишӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Варзишгар шахсест, ки соҳаи варзишро арсаи ҳамешагии фаъолияти хеш баргузидааст, мутахассис ё мутахассиси оянда аст. Ин гуна шахс, пеш аз ҳама, бояд хоксору некурафтор, хушмуомила ва иродатманд бошад, ҳамагонро эҳтиром кунад, мағруру худпараст ва ғарра ба неруи ҷисмониаш набошад. Варзишгари ҳақиқӣ ифтихори баланди миллӣ дорад ва мекӯшад, ки бо дастовардҳои варзишаш, бо пирӯзиаш дар мусобиқаҳо шарафафзои миллат бошад, парчами миллиро боло бардорад. Рустами Дастон ва Темурмалики диловар барин ашхоси шуҷоъ ва ватанпарвар бояд ормони олии ҳар як фарди варзишгар бошанд.
- Хеле тафсири хуб. Акнун мехостем факултаеро, ки сарвари он ҳастед, ба хонандагони нашрияи мо муаррифӣ бинамоед.
- Мо қаноатманд аз онем, ки факултаи мо яке аз факултаҳои бонуфуз ва пешсафи донишгоҳ эътироф шудааст ва дастовардҳояш пайваста меафзоянд. Омили асосии фаъолияти пурсамари факултаамонро ман, пеш аз ҳама, дар он мебинам, ки ин ҷо як гурӯҳ устодони собиқадору варзида ва дастгири ҳам ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғуланд. Ҳамдиливу ҳампаймонӣ ва ҳамбастагӣ дар ҳама ҷо муҳимтарин гарави пирӯзиву комёбиҳост. Яъне: «Ҳар кӣ ӯ бо дӯстон якдил бувад, Ҷумла мақсуди дилаш ҳосил бувад».
Факултаи тарбияи ҷисмонӣ чор кафедраро дар бар мегирад: кафедраи варзиш ва методикаи тарбияи ҷисмонӣ (мудираш Ғ.Абдураҳмонов), кафедраи омодагии дифои ҳарбӣ (мудираш А.Ҷамолов), кафедраи мудофиаи гражданӣ (мудираш Х.Хидиров) ва кафедраи умумидонишгоҳии тарбияи ҷисмонӣ (мудираш Р.Собиров). Донишҷӯён дар маҷмӯъ мувофиқи ду ихтисос: 1) тарбияи ҷисмонӣ, 2) тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Айни замон дар факулта 505 донишҷӯ таҳсил доранд. Аз ин шумора 32 нафар тибқи квотаи Президентӣ донишҷӯ шудаанд ва 19 нафари дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд. Раёсати донишгоҳ ҳамеша нисбат ба фароҳамоварии шароити мусоиди таҳсил дар факултаи мо ғамхорӣ зоҳир менамояд. Аз ин ҷост, ки 14 дарсгоҳ, 4 кабинети методӣ ва 4 синфхонаи компютерии факултаамон хеле хуб таъмир ва муҷаҳҳаз шудааст. Ҳамасола теъдоди бештари ҷавонон ба таҳсил дар факултаи мо таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
- Табиист, ки чун устодони варзида ба таълиму тарбия мушғуланду шароити созгор фароҳам оварда шудааст, шогирдон ба муваффақиятҳо ноил мегарданд.
- Дуруст мегӯед. Сифати таҳсилот ва давомоти шогирдон аз масоилеанд, ки ҳамеша дар мадди назари мо қарор доранд. Давомоти донишҷӯёни факулта 95,2%-ро ташкил медиҳад. Чун машғулиятҳои устодони мо рангину ҷолибу фарогиранд, шогирдон ҳамеша бо майли том ба дарсҳо ҳозир мешаванд. Чунонки дар аввал гуфтам, мо омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ, кормандони ҳарбӣ ва варзишгарони касбиро омода менамоем. Маълум, ки бидуни дониши комил ва ҷаҳонбинии фарох дар ҳеҷ соҳае мутахассиси варзида шудан имкон надорад.
Шогирдони мо дар баробари иштироки фаъолона дар машғулиятҳои назариявӣ дар амалия низ муваффақанд. Комёбиҳои онҳо дар мусобиқоти гуногун назаррасанд. Чунончи, дар спартакиадаи донишҷӯёни вилоят, ки чанде пеш баргузор гашт, дастаи варзишгарони донишгоҳамон (асоси ҳайаташро донишҷӯёни факултаи мо ташкил медод) иборат аз 83 нафар ширкат варзида, байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо дарёфти 41 медали тилло, 18 нуқра ва 23 биринҷӣ сазовори ҷои аввал гардиданд. Дар спартакиада барои дарёфти ҷоми раиси вилоят низ шогирдони мо бомуваффақият ширкат варзиданд ва мувофиқи 7 намуди варзиш ҷойҳои аввалро ишғол намуданд.
Донишҷӯёни фаъоли факулта Ш.Мавлонов (дзю – до), Д.Бобоҷонов (бокс), Ҳ.Обидзода (гӯштии миллӣ), Ҷ.Қодиров (гӯштии тарзи озод), Б.Назаров (самбо), М.Султонназарова (таэкван-до), А. Худойбердиев ва А.Дадобоев (каратэ) дар сабқатҳои байналмилалӣ соҳибҷоиза гардиданд. Дар факулта вобаста ба тамоми ҷашнвораҳои миллӣ мунтазам озмуну мусобиқаҳо баргузор карда мешаванд.
Устодони мо барои оммавияти варзиш дар факултаҳои дигар ва дар тамоми донишгоҳ ҷидду ҷаҳди пайваста доранд.
- Самтҳои асосии фаъолияти аҳли факултаро дар ҷодаи таълиму тарбия чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
- Самтҳои асосии фаъолияти таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ ва тарбиявии аҳли факултаи тарбияи ҷисмониро татбиқи сиёсати ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи маориф, амалӣ намудани талаботи низоми кредитии таҳсилот, корбасти усулҳои наву самаровари таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони варзида дар бахшҳои омӯзгорӣ, варзишӣ ва дифои ҳарбӣ ташкил медиҳанд. Мо бар он мекӯшем, ки фаъолиятамонро вобаста ба аҳдофу самтҳои мазкур марҳила ба марҳила вусъат бубахшем.
Суҳбатороён
А.Муродӣ,
Н.Раҷабзод,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр