Нашрияи Омӯзгор

Нақши психолог дар раванди таълиму тарбия

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 762        Шарҳ: 0

Истилоҳи «психология» аз ду калимаи юнонӣ: «псюхе» - рӯҳ, психика ва «логос» - илм, таълимот пайдо шудааст. Психологҳо ҳамчун намояндаи илми психология дар муассисаҳои таҳсилотӣ равандҳои психикии хонандагонро (эҳсос, идрок, хотир, тафаккур, хаёл, ҳиссиёту ирода), ки бо ёрии онҳо дунёи иҳотакардаро дониста мегиранд; хусусияти гуногуни шахсияти бачаҳо (мизоҷ, характер, қобилият, талабот, шавқу ҳавас) ва хусусияти фаъолияти онҳоро (малака, одат, фаъолияти меҳнатӣ ва эҷодӣ, диққат ҳамчун ҷиҳати зарурии ҳар гуна фаъолият)-ро меомӯзанд.

Ба мо маълум аст, ки дар давлатхои тараққикарда касби психолог  яке аз касбҳои назаррас ба шумор меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар сатҳи қонунгузорӣ барои психологҳо имконияти зарурӣ ҷиҳати фаъолияти онҳо дар муассисаҳои таълимӣ мавҷуд аст. Масалан, дар моддаи 25-и (банди 11) Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» омадааст: «… дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади ташкили раванди таълиму тарбия нуқтаҳои хизматрасонии равоншиносӣ» (психологӣ) фаъолият карда метавонанд».

Дар байни падару модарон тасаввуроте ҳаст, ки психолог қобилияти фавқулодда дорад, ӯ метавонад сирру асрори шахс-ро фаҳмида гирад ва ӯро ба куллӣ тағийр диҳад. Онҳо чунин меҳисобанд, ки психолог метавонад қобилияти хуб, рафтори хуб ва гӯш карданро дар вуҷуди бача бедор кунад.

Дар ҳақиқат, аз уҳдаи ҳама кор баромадани психолог афсонае беш нест. Воқеан, мутахассис на ҳамеша қобилияти экстросенсӣ ё фавқулодда дорад: ӯ дар бисёр ҳолатҳо фақат нисбат ба равандҳои ботиние, ки дар амалу рафтори бачаҳо зоҳир мешаванд, мушоҳидакор аст; психологи муассисаи таълимӣ ҳолати зоҳирӣ ва руҳӣ, тарзи суханронӣ, имову ишораи хонандагонро ба асос гирифта метавонад.

Таҷрибаи зиёди касби психологӣ ба психологҳои соҳаи таҳсилот имконият медиҳад, ки муҳити психологии таълимгоҳро ба тарафи мусбат тағийр диҳанд, дар ҳолати ба вуҷуд омадани мушкилоти психологӣ чораҳои имконпазир андешад.

Ҳамин тариқ, психологи касбӣ маълумоти олии психологӣ дорад, ӯ асосҳои анатомия ва физиологияи олии асаб, психиатрияро омӯхтааст. Фаъолияти касбии ӯ ба донистани психикаи инсон равона шудааст ва ин асоси илмӣ дорад. Тамоми фаъолияти мутахассис бо муштарӣ (мизоҷ: омӯзгор, хонанда падару модар ва ғ.) дар асоси талабот нисбат ба касби психолог ба роҳ монда мешавад.

Психолог дар доираи фаъолияти худ дар муассисаи таълимӣ, пеш аз ҳама, бо субъектони раванди таҳсилот чунин корҳоро иҷро менамояд: асосҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, моддӣ ва методии фаъолияти кориро дарёфт ва ташкил менамояд; нақшаи кории солонаро ҷиҳати фаъолияти психологӣ тартиб дода, барои тасдиқ пешниҳод менамояд; ташхиси психологӣ мегузаронад; чорабиниҳои пешгиринамоии психологӣ ташкил менамояд; корҳои ислоҳкунии психологӣ мегузаронад; бо эҳтиёҷмандони раванди таълиму тарбия кори маслиҳатдориро анҷом медиҳад; ба ниёзмандон ёрии психологӣ мерасонад ва мунтазам донишҳои психологии худро ғанӣ гардонида, таҷрибаи нав ҳосил менамояд.

Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки ташкили фаъолияти психологӣ дар муассисаҳои таҳсилотӣ мураккабу вазнин ва ҳамзамон хеле зарур аст. Бо назардошти ҳаҷман калон ва васеъ будани кори психолог дар муассисаҳои таҳсилотӣ барои ташкили хизматрасонии самараноки психологӣ ба мо зарур аст, ки минбаъд мавҷудияти чунин масъалаҳоро ба эътибор гирем: дар мақомоти дахлдори давлатӣ расман ба қайд гирифтани касби психологӣ; таҳия ва тасдиқ намудани стандарти давлатии хизматрасонии психологӣ; таҳия ва тасдиқ намудани низомномаи намунавӣ барои психологҳо; таҷдиди назар намудани музди моҳонаи психологҳо вобаста ба шумораи хонандагон дар муассисаҳои таҳсилотӣ. Дар сурати амалӣ сохтани масоили зикршуда фаъолияти психологҳо самараноку нишонрас хоҳад шуд. 

 

Наимҷон Абдурашитов,

мудири шуъбаи педагогика, психология ва таҳсилоти

фарогири Пажӯҳишгоҳи рушди маориф  ба номи

Абдураҳмони Ҷомии АТТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш