Нашрияи Омӯзгор

Муҳаббат ба асари бадеӣ

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Ҳар чӣ бештар ҷалб намудани хонандагон ба мутолиаи асарҳои бадеӣ яке аз вазифаҳо ва ҳадафҳои муҳимтарини таълиму тарбия дар мактаб мебошад.

Зеро асари бадеӣ ҷаҳонибинии насли наврасро васеъ мекунад, ҳисси эҷодкорию зебоипарастиашро афзун менамояд ва мусоидгар ба ҳар чӣ амиқтар азхуд шудани барномаи таълимӣ мегардад. Хонандае, ки мунтазам асари бадеӣ мехонад, дорои сухани барабту саҳеҳу пуробуранг хоҳад буд ва ҳамеша майл ба тозакорию эҷод хоҳад дошт. Аз ин рӯ, илова ба тадбирҳои дигар (чун хониши берун аз синф, маҳфили дӯстдорони каломи бадеъ, муаррифии китобҳо, чорабиниҳои китобхонаҳои мактабӣ) дар таълимгоҳҳо солҳои охир озмуни «Кӣ бештар китоб мехонад?» баргузор карда мешавад. Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ рӯйхати асарҳои бадеиро таҳия намуд, ки хонандагон дар зинаҳои гуногуни таҳсилот бояд мутолиа кунанд. Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии  «Фурӯғи субҳи доноӣ…» (аз 9 феврали соли 2019) низ, аз ҷумла, ба ҳар чӣ бештар ҷалб намудани мактабиён ба мутолиаи асарҳои бадеӣ мусоидат хоҳад кард.

Яке аз василаҳои самаравори ҷалби хонандагони дар синфҳои ибтидоӣ ба китобхонӣ (асарҳои бадеӣ) бо баргузории дарсҳои илова, маҳфилҳо ва бо истифода аз лаҳзаҳои алоҳидаи таълими баъзе аз фанҳо шиносо намудани онҳо бо ҳаёт ва эҷодиёти адибоне, ки барои бачаҳо менависанд, мебошад. Ба ҳамин васила ман шогирдони худро бо ҳаёт ва эҷодиёти  Абдусалом Деҳотӣ, Пӯлод Толис, Ҳаким Карим, Мирсаид Миршакар, Абдумалик Баҳорӣ, Убайд Раҷаб… шинос намудам.

Чунончи, нақли ман дар бораи Пӯлод Толис ва осори ӯ барои хонандагон хеле ҷолиб буд. Таъкид кардам, ки Пӯлод Толис бачаҳоро хеле дӯст медошт ва барои онҳо асарҳои зиёде навишт. Ӯ мехост, ки хонандагони мактабҳо фаъол, боодоб, пурдон, ҳушёру зирак бошанд, Ватани худро дӯст доранд, ҳамеша дар даст китоб дошта бошанд. Пӯлод Толис ҳамагӣ 28 сол умр дид (1929 - 1961), аммо дар андак сол асарҳои баландмазмуне офарид, ки аксари онҳо аз ҳаёти кӯдакону наврасонанд. Даҳсолаҳо боз ҳикояҳои бачагонаи ин адиби мумтоз, аз ҷумла «Лолачинӣ», «Бузичаи ман», «Бачаҳои қишлоқи мо», «Мӯрчаяк»… дар радифи беҳтарин асарҳои мактабиён қарор доранд. Қиссаҳои «Ҷавонӣ» ва «Тобистон»-и Пӯлод Толисро хонандагон хеле писандидаанд ва бо шавқ мутолиа мекунанд.

Дар асарҳои адиб хислатҳои неки инсонӣ, чун эҳтироми ҳамдигар, дӯстию рафоқат, некию некукорӣ, ҷасорату матонат, хирадпарварию мададгорӣ раҳму шафқат… ситоишу тарғиб мешаванд.

Кас аз мутолиаи асарҳои Пӯлод Толис як ҷаҳон таассуроти нек мегирад ва мекӯшад, ки чун қаҳрамонони мусбати асарҳои адиб рафтор намояд, ба аҳли ҷомеа нафърасон бошад.

Пӯлод Толис дар мақолаҳои алоҳида ва навиштаҳои ёддоштиаш низ насли наврасро ба мунтазам китоб хондан, накукору хушрафтор будан даъват бинмудааст…

Чун дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти адибе маълумоти умумӣ ва ҷолиб пайдо мекунанд, хонандагон мекӯшанд, ки асарҳои ӯро дарёбанд ва мутолиа бинамоянд ва ба ин тариқ онҳо ба ҷаҳони зебоиву мунаввари донишу хониш бештар ворид мегарданд.

Манзурахон Абдуқодирова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби  №11-и ба

номи Ҷ.Зокиров, шаҳри Хуҷанд

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш