Нашрияи Омӯзгор

Наврӯз мерасад боз!

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 759        Шарҳ: 0

Шояд дар тамоми ҷаҳон зеботару фархундатар ва фарогиртар аз ҷашни Наврӯз тантанае набошад. Наврӯз ҳамбастагии қавию ногусастанӣ бо табиат ва бо рӯҳияи инсоният дорад.

Ин ҷашни муборак бо фарорасии худ замину замонро талъати дигар мебахшад, ба ҳама табъи баланду рӯзгори дилписанд эҳдо мекунад.

Наврӯз бадал кард ба дил

пиру ҷавонро,

Айёми ҷавонист заминрову

замонро.

Аз қадимтарин ҷашнҳои ҷаҳонист Наврӯз. Дар сарчашмаҳои бостонӣ аз тантанаҳои наврӯзӣ ёдоварӣ шудааст. Ин куҳанҷашн монеаҳои зиёди замонҳоро убур карда, ҳаргиз коҳиш наёфтааст, мағлуб нашудааст, балки боз ҳам такмил ёфта, дар баробари ин, асолаташро, моҳияташро, ҳадафу муҳтавои азалиашро ҳифз бинмудааст. Наврӯз бо ҳастии тоҷикон ончунон даромехтааст, ки таърихи моро бидуни зикри он таҳия кардан, тафсир бахшидан имкон надорад. Бо мурури замон ин ҷашни фархунда бо ниҳоду намоди пуробурангу хайрхоҳонааш, бо шукӯҳи шоҳонааш халқҳои дигар, махсусан, халқҳои ҳамсояро низ мафтун сохт ва ба таркиби фарҳангу анъанаҳои эшон ворид гашт. Яъне Наврӯз батадриҷ доман густурд ва ҳанӯз аз аҳдҳои қадим майл ба ҷаҳонишавӣ пайдо кард.

Ҷаҳон аз боди наврӯзӣ

ҷавон шуд,

Зиҳӣ зебо, ки ин соат ҷаҳон

шуд!

Амали хеле мақбул ва мутобиқ ба таъриху табиати Наврӯз буд, ки дар ниҳоят он мақоми ҷаҳонӣ пайдо кард. Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 64-уми худ (дар доираи банди 49-уми иҷлосия – «Фарҳанги ҷаҳон») Рӯзи байналмилалии Наврӯзро эълон намуд.

Дар матни қарори марбути ин созмони бонуфуз, аз ҷумла, омадааст: «СММ 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф менамояд».

Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз, пеш аз ҳама, ба боз ҳам боло рафтани эътибору нуфузи фарҳангу тамаддуни халқҳои ориёнажод, аз ҷумла, тоҷикон мусоидат намуд. Наврӯз номи соф тоҷикӣ дорад ва бо тору пудаш марбут ба фарҳанги ғанию рангини тоҷикон мебошад. Ҷаҳонӣ шудани Наврӯзро тоҷикон бо қаноатмандию рӯҳбаландӣ ва бо ифтихори баланди миллӣ истиқбол намуданд. Ин гуна рӯҳияи мутантан дар адабиёти тоҷик ҳам ифодаи шоистаи худро дарёфт ва наврӯзномаи ин адабиёти пурмуҳтаво боз ҳам ғанитар гашт.

Эй дӯст, муждагонӣ, эй

дӯст, муждагонӣ!

Наврӯз шуд ҷаҳонӣ, Наврӯз

шуд ҷаҳонӣ!

 

Назокат Азизова,

омӯзгори синфҳои

ибтидоии

мактаби №59-и

шаҳри Душанбе

 

Саҳфапайвандро

Абдурауф Муродӣ,

Насриддин Охунзода

ба чоп омода карданд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш