Нашрияи Омӯзгор

Оинҳои наврӯзӣ дар миёни тоҷикони Фарғона

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Дар вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ноҳияест ба номи Сӯх, ки он дар иҳотаи кӯҳҳо қарор дошта, мардуми он оинҳои бостонии наврӯзиро то ба имрӯз дар худ нигоҳ доштаанд. Сокинони ин ноҳия тоҷикон мебошанд. Мардуми ноҳияи мазкур баробари наздик шудани Наврӯз барои хуш пешвоз гирифтани он омодагӣ мегиранд.

Ин омодагӣ 10-15 рӯз пеш аз вуруди он шурӯъ мешавад. Дар водии Фарғона ва ноҳияи Сӯх Наврӯзро «сари сол» низ мегӯянд. Дар тамоми водӣ ҳам мардон ва ҳам занон, ҳамзамон бо зиёд шудани гармо ва пайдо шудани нахустин нишонаҳои баҳору Наврӯз ба ташвиш медароянд, то ба истиқболи Наврӯз раванд. Бо сарварии раиси маҳалла ё гузар ҷавонон ва мардҳои миёнсол, пеш аз ҳама,  сойҳо, анҳорҳо ва ҷойҳои ҷамъиятиро ба тариқи ҳашар тоза менамоянд.

Пеш аз Наврӯз духтарон ва занони водии Фарғона ба оини «хонатакконӣ» машғул мешаванд. Тамоми чизҳои дар хона бударо ба берун мебароранд. Дару тирезаи хонаҳоро кушода мемонанд. Баъд бо гили махсус ҷойҳои дар зимистон сиёҳ шударо таъмир мекунанд. Ба гирди дегдон, дудбарои хона аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Ҷойҳои сиёҳидоштаро бо гил, ки онро «гилбутта» (як навъ хок барои корҳои кулолӣ)  меноманд, тармим мекунанд. Ба хусус, пеш аз даромади соли нав, яъне Наврӯз ба оташдон таваҷҷуҳ менамоянд. Ба он ҳамчун чизи муқаддас назар меандозанд. Дар байни мардум низ бовару эътиқодоте мавҷуд аст, ки оташдон бояд тозаву озода бошад, чунки дар он ҳамеша оташ гирон аст. Ба гуфти мардум, дар вуруди соли нав оташдон бояд аз ҳар ҷиҳат тозаву тамиз бошад. Ҳамчунин, занҳо ва духтарон дастаҷамъона зарфҳои хонаро ба берун барварда мешӯянд. Токчаҳои зарфмониро бо гил тамиз карда, зарфҳои тозаро дубора мечинанд.

Баъди ин корҳо дар як рӯзи муайян занҳои калонсол барои дур рондани неруи бадӣ ва хуш пазируфтани  соли нав ва Наврӯз ҳазориспанд дуд карда, ба чор гӯшаи хона ва гирду гӯшаи ҳавлӣ мегардонанд.

Дар нимаи аввали садаи бист дар водии Фарғона пеш аз Наврӯз оини баргузории чоршанбесурӣ вуҷуд дошт. Дар деҳаҳои Тул, Қалъача, Ғазнов истилоҳи чоршабесуриро ба кор мебурданд, ки имрӯзҳо низ дар ёди калонсолон ҳаст. Пас аз корҳои поксозию тамизкорӣ дар чоршанбеи охири пеш аз Наврӯз мардум ҳама шустушӯ мекунанд. Писарон, мардон мӯй метарошанд. Занон мӯйи дӯшизагон ва духтаронро майдабофӣ мекунанд. Майдабофиро то чил адад мерасонанд. Дар бегоҳии чоршабеи охири сол ҷашну шодмонӣ баргузор мегардад ва дар ноҳияи Сӯх аз болои оташ паридан то ба ҳол боқӣ мондааст. Дар Сӯх ҳамзамон се гулхани оташ меафрӯзанд. Баробари паст шудани оташи яке аз гулханҳо мардум кӯшиш менамоянд, ки аз болои он бипаранд. Баробари паридан мегӯянд: «рӯи пок аз туву домани пок аз мо, зиёну заҳматмоя афшондему сӯзондем!» Баъди ин амал ва шодмониҳо ба гирди гулхан омада, кафи дасти худро ба оташ гарм карда, ба рӯи худ кашида мегӯянд: «Ба рӯи муборакат гардам, зардиямро гиру сурхиятро бите!»

Пеш аз вуруди Наврӯз агар касе қарздор бошад, ҳатман қарзашро медиҳад. Ин як бовар ва фоли нек аст, то ки дар соли нави оянда ба мушкилоти молӣ дучор нашавад. Баробари ин амал ҷавонон, мардон ва пирони деҳа, пеш аз ҳама, ба хонаи он шахсоне, ки дар тӯли соли равон наздикони худро аз даст додаанд, рафта, ба рӯҳи гузаштагон дуо мехонанд ва бозмондаҳоро ба сабри таҳаммул даъват мекунанд ва дар соли оянда ба рӯзгори онҳо хушиҳоро таманно месозанд. Ҳатман ба қабристони маҳалли худ рафта, ба арвоҳи гузаштагон дуо мехонанд. Дар Сӯх мардум дар Наврӯз ва дар ҳамаи идҳо дарвозаи ҳавлиҳоро кушода мегузоранд, то ҳамсояҳо ва хешовандон озодона дароянд. Дар рӯзҳои аввали Наврӯз наздикон ва ҳамсояҳо ба хонаи ҳамдигар даромада, онҳоро бо фаро расидани Наврӯз ва соли нав табрик менамоянд.

Дар гузашта дар ноҳияи Сӯх ду ҷои махсус барои сайру гашт вуҷуд дошт. Яке дар деҳаи Сариканда ва дигаре дар деҳаи Тул ба номи Сари Қубур буд. Ҷолиб он аст, ки мардум дар тамошоҷой ба мисли корвони наврӯзӣ дар даст «чаманҳо» меомаданд. «Чаман» аз гулдастаҳои ба шохаи калони сабзи дарахте басташуда иборат буд. Онро бо гулҳои навшукуфтаи баҳорӣ, пораҳои матоъҳои ранга ва ҳамчунин, гулҳои коғазӣ оро медоданд. Ҳар маҳал «чаман»-и худро дошт. Баландии «чаман» якуним метр ва андаке аз он баланд ё паст буд. Онро ба ҳавсала ва маҳорат чунон оро медоданд, ки хеле зебо ба назар мерасид.

Дар водии Фарғона низ Наврӯзгоҳро бештар «тамошоҷой» мегӯянд. Тамошоҷой чанд рӯз пеш оро дода мешавад. Барои ҳар ҳунари мардумӣ, дукондорон ва дигар фурӯшандагон ҷой ҷудо мегардад. Дар он ҷо фурӯшандаҳои гуногун, ба мисли баққолон, баззозон, нонфурӯшон, ҳалвогарон, чойхоначиҳо, ширинифурӯшон, атторон ва ҳунармандон чизҳои худро ба фурӯш мебароранд. Дар гузашта сайри наврӯзӣ дар Сӯх се шабонарӯз идома меёфт, ки ҳатто мардум нисбат ба он истилоҳи «шаббозор»-ро ба кор мебурданд.

Дар тамошоҷой намоиши ҳунарҳои мардумӣ, рақсу суруду бозӣ ба мисли масхарабозӣ, аспакбозӣ, лаклакбозӣ (дар болои ду чӯби 2-3 метра, бо санги қайроқ рақс намудан) пешкаши мардум мешуд.

Дар наврӯзи Сӯх аз минтақаҳои ҳамсоя мардуми зиёд меомаданд. Аз кишвари Қирғизистон, ки бо Сӯх ҳамсоя аст, қирғизҳо ташриф меоварданд. Солҳои пеш Наврӯзи Сӯх дар пайванди дӯстии халқҳо барпо мегашт. Тоҷикон, ӯзбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, русҳо, туркҳо ва дигар қавму миллатҳое, ки дар водии Фарғона зиндагонӣ мекунанд, дар таҷлили Наврӯз иштирок менамуданд. Хушбахтона, ин амали нек имрӯзҳо низ ба назар мерасад. Ҳамаи намояндагони мардуми ҳавзаи Наврӯзи водии Фарғонаро сӯхиён ба ҳам муттаҳид менамоянд.

 

Равшан РАҲМОНӢ,

профессори ДМТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш