Табиат дар чаҳор фасли сол ҳусну тароват, зебоиву хусусиятҳои худро дорад, яъне ҳар фасл ба сари худ зебост. Аммо дар ин миён ҷилваи фасли баҳор, зебу зинати он дигар аст ва беҳуда баҳорро арӯси фаслҳои сол наномидаанд.
Арӯс тимсоли зебоиву назокат аст. Воқеан ҳам, бо фарорасии ин фасли сурурбахш табиат ҳуснофарӣ мекунад, сабзу хуррам, гулбезу гулрез ва тароватбор мешавад, ҳама ба ҷунбиш меоянду суруди шодӣ танинандоз мегардад. Ба ибораи маъмул, замину замон «зинда» мешавад, ба ҳаракат меояд. Хурду калон мафтуни баҳоранд, омад-омади онро бесаброна интизорӣ мекашанд ва бо фарорасиаш табли шодӣ мезананд, суруд мехонанд.
Адабиёти тоҷик саршор аз ашъори баҳорист. Эҷодиёти даҳанакии халқ, ки умри бештаре аз адабиёти хаттӣ дорад, аз сурудаҳои баҳорӣ ғанӣ мебошад. Аз қадим одамон хурсандию нишоти худро аз қадами мубораки баҳор тавассути шеър иброз медоштанд, ҳамдигарро ба ин муносибат бо шеър табрик мегуфтанд. Қитъаи зер ба ин гувоҳ аст:
Дар ин айёми наврӯзӣ
Ҳама кас ғарқи фирӯзӣ.
Махӯр, эй дил, ғами рӯзӣ,
Баҳори нав муборак бод!
Баҳор айёми кишту кор, тамошою саёҳат ва тарабу шодмонист аз вуруди фасли баҳор ба таври ҷозибадору муассир ифода ёфтааст:
Баҳор омад, баҳор омад,
Гули савсан қатор омад,
Ба деҳқон вақти кор омад,
Ба муносибати тантанаи баҳор, ки фасли сарсабзиву шукуфоиҳост, ҳамдигарро табрик гуфтан, ба ҳам орзуҳои нек кардан ва таманниёти дилро ифшо бинмудан аз анъанаҳои дерину дилписанди халқи тоҷик аст. Ва ғолибан, одамон дар заминаи илҳом аз рангрезиҳою ҳуснороиҳои баҳор ҳама орзуву таманниёту табрикоти хешро ба якдигар бо забони шеър иброз медоштанд. Аз ин рӯ, дар адабиёти тоҷик, аз ҷумла, дар фолклор баҳорияҳои фаровоне арзи ҳастӣ кардаанд, ки ҳама равону самимию дилнавозанд чун ин қитъа:
Баҳор омад, димоғи андалебон тозаю
тар шуд,
Либоси наварӯсони чаман сабзу
муаттар шуд.
Илоҳо, ту бидеҳ илме ба тифлони
баландҳиммат,
Даруни ғунчаи гул оби шабнам лаълу
гавҳар шуд.
Сурудаҳои баҳорию наврӯзии халқи тоҷик хеле хушлаҳну дилчасп ва илтифотомезанд, шунавандаро ба ваҷд меоранд, мақбули дилҳо мешаванд. аз ҷониби дигар, онҳо аҳамияти махсуси тарбиявӣ доранд, сомеъону хонандагонро ба зебоипарастию меҳнатдӯстӣ, эҳтироми табиат, хушсуханию лутфу марҳамат ва фараҳмандӣ даъват менамоянд. Бинобар ин, дар дарсҳо ва чорабиниҳои беруназсинфӣ ҳар чӣ бештар истифода бурдан аз баҳорияҳои халқӣ амали манфиатбор хоҳад буд.
Карашма Ашӯрова,
омӯзгор, ноҳияи Рӯдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр