Нашрияи Омӯзгор

Одати бад – балои ҷон

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 780        Шарҳ: 0

Дар мактаб ҳар лаҳзаву ҳар соат тарбияи хонандагон дар мадди назари омӯзгорон аст. Ҳар як  рафтори хонанда, ҳам дар  давоми дарсҳо ва ҳам дар танаффусҳову ҳамоишҳои гуногун бояд зери назорати устодон бошад.

Кӯдакон дар ҳукми  ниҳолеанд, ки  неку  напарварӣ, каҷ шуданаш мумкин аст. Дар тарбия андаке бепарво  будан ва ба саҳлангорӣ  роҳ додан метавонад оқибатҳои  нохушоянд бор оварад. Дар ин  самт баъзан ислоҳи  ғалатҳо хеле гарон мешавад. Абӯшакури  Балхӣ ба ин маънӣ  фармудааст:

Дарахте, ки хурдак бувад,

боғбон

Бигардонад ӯро, чу хоҳад

чунон.

Чу гардад калон, боз

натвонадаш,

Ки аз каҷҷию хам

бигардонадаш.

Дар тарбияи наврасону  ҷавонон, пеш аз ҳама, бар он бояд бикӯшид, ки онҳо аз пайи  ҳавою ҳавас нараванд, тақлиди беҳуда накунанд, бомулоҳизаю пандшунав бошанд. Бисёр одатҳои зарарноку бад бештар дар натиҷаи  тақлиди  кӯр-кӯрона ва аз назорат  дур мондани  наврасон пайдо мешаванд. Ҳоло аҳли ҷомеа аз он изҳори  ташвиш доранд, ки  одатҳои  пурзиёне чун тамокукашӣ, нашъамандӣ ва майхорагӣ дар байни ҷавонону  наврасон густариш меёбанд. Вобаста ба ин вазъи  нохушоянд мактаб низ масъулияти  ҷиддӣ ба дӯш дорад. Аксари одатҳо  реша аз даврони  кӯдакӣ  мегиранд бо таъсири муҳит, ҳавасҳоои беҳуда ва баъзан таблиғоти  калонсолтарҳо. Дар мафкураи ҷавонон фаҳмише роҳ меёбад, ки гӯё кайфият (сигоркашию шаробнӯшӣ ва истеъмоли нашъа) ғаму ғуссаро аз байн мебарад, касро рӯҳбаланд мекунад, боиси хушҳолӣ мешавад, тану ҷонро осоиш мебахшад. Дар натиҷа кам-кам онҳо ба доми  бало  гирифтор  мешаванду ҳаёташонро  доғдор, саломатиашонро ноустувор  ва корҳояшонро  бебарор мекунанд. Одатҳои  зарарнок хоҳ-нохоҳ оқибат касро ба вартаи  фано мекашанд.

Тамокукашӣ, ки дар байни ҷавонон васеъ паҳн шудаасту мутаассифона, ҳатто баъзан мактабиёни  хурдсол ҳам ин  амали  номатлубро  «машқ» мекунанд, одати басо  номатлуб, душмани саломатист.

Олимон ба таҳқиқ муайян кардаанд, ки  дар таркиби тамоку (сигор) беш аз 300 маводи кимиёвӣ мавҷуд мебошад, ки аз ин ҳисоб 40-тоаш заҳрнок ва таҳдидгари  коҳиши  сиҳҳати  инсон аст. Моддаҳои заҳрнок ба воситаи  дуди тамоку ба организми инсон  ворид шуда, ба «вайронкорӣ» шурӯъ менамоянд. Собит шудааст, ки ҳар як сигори кашидашуда умри инсонро то ба 5,5 дақиқа кам мекунад. Тамокукашӣ боиси бемориҳои  бронхит, эмфизема, саратон, дил, сустиродагӣ мешавад. Ҳамчунин, тамокукашӣ муҳитро олуда ва ифлос месозад.

Шаробхорагӣ асосан ба харобшавии асаб оварда мерасонад. Оне, ки  пайваста ва зиёд май менӯшад, хотираашро хароб, зеҳнашро кунд мекунад, ба касалиҳои  дил, системаи асаб, ҷигар, меъда, пӯст мубтало мегардад.

Нашъамандиро, барҳақ, вабои аср меноманд. Он инсониятро ба  балоҳои  мудҳиш гирифтор мекунад ва ҳатто, боиси бемории  чандин насл мегардад.

Барои аз ин ҳама офатҳо ва одатҳои  пурзиён барканор будан ақли  солим, фаҳмиши  дуруст, иродаи  қавӣ доштан лозим аст.  Дар муҳити  солим ва бо афкори  солим зистан мебояд. Дар фароҳамоварии чунин муҳиту чунин афкор, пеш аз ҳама, мактаб фаъолу ташаббускор бояд бошад.

Соҳибҷамол

ИМОМНАЗАРОВА,

омӯзгори мактаб-интернати  миёнаи махсуси

мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш