Нашрияи Омӯзгор

Мавҷҳои электромагнитӣ ва саломатии инсон

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 756        Шарҳ: 0

Телефони мобилӣ яке аз дастовардҳои муҳимтарини илми муосир буда, барои истифода бо алоқаи бесим пешбинӣ карда шудааст. Майдони геомагнитӣ, манбаи табиӣ буда, ба ташаккули низоми биологӣ таъсири ниҳоят бузург дорад.

Афзоиши касалиҳои фишор-баландӣ, сактаи қалб, вайроншавии асаб ва ҳоказо ҳангоми фаъолгардии афканишоти офтобию геомагнитӣ ошкор карда шудаанд.  Биоритмҳои шабонарӯзӣ ва моҳонаи инсон, рӯзҳои пурбарор ва нобарории одамон бо дигаргуншавии даврии векторҳои шиддатнокии ин майдонҳо дар ҳудуди 80% аз бузургии миёнаи онҳо вобастагӣ дорад. Манбаъҳои сунъии майдони магнитӣ бошад, нисбат ба майдонҳои табиӣ ниҳоят бузургро ба вуҷуд меоранд. Дар натиҷаи тадқиқоти клиникӣ-физиологӣ ва эпидемиологӣ муайян карда шудааст, ки майдони магнитии сунъӣ дар инкишофи касалиҳои қалб, саратон, хун ва аллергия дар ҳолати таъсирҳои тӯлонӣ ва даврӣ ба тағйироти генетикӣ оварда мерасонад ва ба саломатии аҳолӣ, аз ҷумла, ба афроди касбашон бо манбаъҳои майдони магнитӣ алоқаманд набуда низ зарар расонида метавонад.

Таъсири бештари зарари майдони магнитӣ ба системаи асаб, қисмҳои аз рагҳои гардиши умумии хун ҷудо ба монанди гавҳараки чашм ва вайроншавии кори мунтазамии дастгоҳҳои эндокринӣ, вайроншавии мубодилаи моддаҳо ва дигар майлкуниҳо мушоҳида карда мешавад.

Тадқиқоти муосир собит намудаанд, ки майдони магнитии Замин ба организмҳои зинда дар сатҳи ҳуҷайра механизми нафаскашии бофтаҳоро танзим карда, сохти моеъҳои ҳуҷайравиро низ ба тартиб медарорад.

Мавҷудияти мавҷҳои электромагнитии табиӣ барои зиндагии муқаррарӣ заруранд ва вуҷуд надоштан ё норасоии онҳо ба оқибатҳои манфӣ, ҳатто ҳолатҳои барои организми зинда бебозгашт оварда метавонанд.

Майдони электромагнитӣ аз ду ташкилдиҳанда - майдонҳои магнитӣ ва электрикӣ иборат мебошад. Ин ду ташкилдиҳанда вобаста аз вақт бефосила тағйир ёфта, мавҷудияти майдони электромагнитиро таъмин менамоянд. Майдони зарраи ором ё мунтазам ҳаракаткунанда бо барандаи худ (зарраи заряднок) пайваст аст. Аммо ҳангоми бо шитоб ҳаракат кардани зарраҳои заряднок майдони электромагнитӣ аз барандаи худ «канда» шуда, дар фазои муҳити атроф аз он новобаста ба намуди мавҷи электромагнитӣ вуҷуд дошта метавонад ва бо бартараф кардани манбаи худ нест намешаванд. Мисол, бо қатъ гардидани ҷараён дар антенна мавҷи аз он баромада гум намешавад.

Интенсивнокии майдони электромагнитӣ дар ягон нуқтаи фазо аз иқтидор ва масофаи он вобаста мебошад. Ба тақсимшавии майдон мавҷудияти ашё ва сохтори онҳо (ноқилҳо ва диэлектрикҳои дар дохили майдон вуҷуддошта) таъсир мерасонанд.

Мавҷҳои баландбасомади ҳудуди мавҷҳои сантиметрӣ ба огранизми инсон таъсири бештар дошта метавонад. Мавҷҳои алоқаи мобилӣ низ маҳз ба ҳамин ҳудуди басомадҳо рост меояд (GSM 1800, 1900) ва сипас, онҳо ба самти басомадҳои зиёдтар майл мекунанд.

Манбаи бевоситаи нур дар телефони мобилӣ антеннаи он буда, дигар қисмҳои он (схемаи паҳнкунак, гетеродини қабулкунак, синтезатори басомад ва ғайра) ниҳоят тавоноии хурд доранд, ки онҳоро ба назар нагирифтан мумкин аст.

Манбаи микромавҷ системаи алоқаи мобилӣ буда, организмро бевосита гарм мекунад, ки таъсири он ба таъсири тафдони микромавҷӣ шабоҳат дорад. Гардиши хун ин гармшавиро кам мекунад, аммо гавҳараки чашм, ки аз системаи гардиши хун ҷудо аст, ҳангоми таъсири назарраси микромавҷҳои телефони мобилӣ метавонад бештар зарар бинад. Микромавҷҳои алоқаи мобилӣ сохти таркибии мураккаб доранд ва модулятсишуда буда, дар таркиби худ иттилоот дорад, ки таъсири ин иттилоот ба системаи иттилоотии организми инсон ба таври ошкоро тадқиқ карда нашудааст.

Дар масофаҳои наздик таъсири мавҷҳои электромагнитии телефони мобилӣ нисбат ба стансияҳои базавӣ бештар буда, дар масофаҳои 4 метр онҳо ба ҳамдигар баробар мешаванд. Аз ин сабаб тавсия дода мешавад, ки дар вақти алоқа бо телефони мобилӣ то ҳадди имкон онро аз худ дуртар нигоҳ дошта, аз баландгӯяк истифода карда шавад.

Стансияҳои базавӣ аз худ мавҷҳои электромагнитиро дар давоми шабонарӯз бефосила хориҷ мекунанд ва энергияи ба организм таъсиркунандаи онҳо нисбат ба телефони мобилӣ, ки танҳо дар вақти робита мавҷ мебарорад, якчанд маротиба зиёд аст. Бинобар ин, дар наздикии антеннаҳои стансияҳои базавӣ истиқомат кардан хавфи бештар дорад.

 

Номвар ҚУРБОНОВ,

устоди ДМТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш