Гимназияи иқтисодии шаҳри Душанбе яке аз муассисаҳои таълимии муваффақи пойтахти мамлакат буда, ин ҷо таълиму тарбия дар сатҳи баланд қарор дорад ва ҳайати омӯзгоронаш соҳибтаҷрибаю навовар аст.
Директори муассиса Гулистон Собирова ҳамчун роҳбари тозакор ҳамеша таъкид бар он мекунад, ки ҳар рӯзи хонандагон дар мактаб бояд ҷолибу пурсамар ва рангину хотирмон бошад, ҷаҳони маънавии онҳоро густурдатар созад. Аз ин ҷост, ки дар гимназия илова ба дарсу машғулиятҳои муқаррарии ҳамарӯза ҷашнвораву конфронс, маҳфилу озмунҳои гуногун баргузор карда мешаванд. Ба наздикӣ ин ҷо бахшида ба бузургдошти забони модарӣ дар заминаи «Паҳнои меҳр» ном китоби нависанда ва рӯзноманигори соҳибистеъдод Абдурауф Муродӣ бо ҳамин ном маҳфили адабӣ баргузор гашт. Дар оғози маҳфил сарвари таълимгоҳ Г.Собирова сухане чанд оид ба бузургдошти забони модарӣ ва ҳар чӣ бештару амиқтар омӯхтани забони адабии тоҷикӣ иброз дошт.
Дар маҳфил гурӯҳи калони хонандагон бо роҳбарии омӯзгори собиқадори забон ва адабиёти тоҷик Муҳаббат Мирзоева аз китоби «Паҳнои меҳр» дар ситоиши забони тоҷикӣ шеърҳо қироат карданд ва саҳначаҳо намоиш доданд. Бахшҳои байтбарак ва тафсири қитъаҳои шеърӣ маҳфилро рангинтар намуданд. Истифода аз воситаҳои техникии намоишдиҳӣ боиси бештар завқбахшу ҷолиб шудани маҳфил гардид.
Муаллифи китоби «Паҳнои меҳр» Абдурауф Муродӣ, ки меҳмони маҳфил буд, чанд шеъри тозаэҷодашро дар ситоиши забони модарӣ қироат карда, зимнан иброз дошт, ки забони мо аз сарватмандтарин ва тавонотарин забонҳои ҷаҳон мебошад ва таърихи дерин дорад. Бо ин забони пуробуранг ҳарф задан боиси ифтихор аст.
Суруди умумии хонандагон, ки бо байти зер оғоз меёфту меҳрномае самимӣ буд, ба маҳфили «Паҳнои меҳр» ҳусни анҷом бахшид:
Дӯст медорам туро, то ҷон бувад дар
пайкарам,
Беҳтарин ганҷинаи ман, эй забони
модарам!
Н.Охунзода,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр