Нашрияи Омӯзгор

Дар канорат сарфарозам, эй Ватан!

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Муҳаққиқони барҷастаи илми педагогика таъкид кардаанд, ки тамоми  самту ҷабҳаҳои таълиму тарбия муҳиманд, вале вобаста ба ҳодисаву рӯйдодҳои  таърихӣ, ҳадафҳои  сиёсӣ ва сохтори  давлатдорӣ дар давраҳои  муайян ин ё он  самти  тарбия бартарӣ  пайдо мекунад.

Ба ин гуна чун Ватани азизи мо – Тоҷикистон дар интиҳои  асри  бист ба истиқлолияти  давлатӣ  расид, ин ҳодиса ба мазмуну  мундариҷаи таълиму  тарбия низ беасар  намонд. Дар Тоҷикистони мустақилу соҳибихтиёр сиёсат дар соҳаи  маориф махсусиятҳои  тоза пазируфт, нақшаву барномаҳо, китобу дастурҳои нави таълимӣ таҳия гардиданд ва талабот ба фаъолияти аҳли таълиму тарбия  тағйироти  ҷиддӣ пазируфт. Албатта, иддае аз ҷанбаҳои  тарбия, чун тарбияи  башарпарварию эстетикӣ ватандӯстию накукорӣ ва монанди инҳо ҳамоно дар ҳар кишвари мутамаддин устувор ва такомулёбанда мемонанд, вале чунонки  дар оғоз гуфтем, баъзе самтҳои тарбия афзалият пайдо мекунанд. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ  тарбияи ифтихори миллӣ моҳияту аҳамияти бештар дармеёбад. Зеро пойдориву рушд ва  ташаккули истиқлолияти давлатӣ иртибот ба сатҳи ифтихори  миллии ҳар шаҳрванд дорад. Ифтихори миллӣ чун виҷдони  соф касро вомедорад, ки дар ҳифзи манфиатҳои  истиқлолияти  миллат фаъолу кӯшо  бошад, таърихи Ватан ва анъанаҳои  миллиро  амиқ  биомӯзад, аз бузургону абармардони миллат ифтихор намояд. Байти машҳури шоири ватанппарвар Ҳабиб Юсуфӣ «Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам, Ба ҳарфи  Ватан гӯш дорад дилам» бояд чун савганди  садоқат аз забонаш садо  бидиҳад. Ифтихори миллӣ аз муҳаббату  эҳтиром нисбат ба зодгоҳ, ҷумҳурӣ, забони модарӣ, таърихи миллат ибтидо мегирад. Як ҷанбаи муҳими ифтихори миллӣ донистану риоя кардани  махсусиятҳои  одоби  миллист. Дар одоби тоҷикон таърихан эҳтиром ба Ватан, ба калонсолон, ба таъриху адабиёт, дину фарҳанг афзалият доштааст. Аз ин рӯ, қисми зиёди  адабиёти  классикии тоҷикро  мазмунҳои панду андарзӣ фаро гирифтааст .

Дар айёми мо омили  муҳимтарини  тарбия эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти  миллӣ ва арзишҳои миллӣ мебошад. Тоҷикистон ба шарофати  истиқлолияти давлатӣ соҳиби  Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия гардид, пули миллӣ ба муомилот бароварда шуд. Аҳли кишварро мебояд, ки нисбат ба ҳама муқаддасоту арзишҳои  миллат эҳтиромгузор бошанд, аҳамият ва моҳияти  ҳастии онҳоро донанд. Азёд донистанни Суруди миллӣ аз махсусиятҳои  ифтихори миллист. Ҳар як комёбӣ ва дастоварди  миллат дар тамоми  соҳаҳо (таъриху фарҳанг, варзиш, иқтисодиёт, маориф…) ифтихори миллии шаҳрвандонро дучанд меафзояд.

Дар таълимгоҳҳои мамлакат баҳри  тақвияту нерубахшии ифтихори  миллии  насли  наврас бояд мунтазам чорабиниҳои  муассиру рангину пурмуҳтаво баргузор карда шаванд.

 

Бибигул РАҲМОНОВА,

омӯзгори мактаби №19-и шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш