Чанде пеш дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониён таҳти унвони «Science fair» (ярмаркаи илмӣ) ҳамоиш доир гардид. Чорабинӣ бо ду забон – англисӣ ва тоҷикӣ баргузор шуд, ки ташаббускорони он омӯзгорони фанҳои дақиқ буданд.
Дар ҳамоиш аз ҷониби хонандагон намоиши видеоӣ оид ба даҳ мамлакати калонтарини дунё, ки дар онҳо ба омӯзиши забони англисӣ аҳамияти махсус зоҳир карда мешавад, оид ба зарурати донистани забонҳои хориҷӣ, намунаи дарсҳои намоишӣ аз фанҳои химия, биология, математика, физика, табиатшиносӣ ва технологияи иттилоотӣ, бозиҳои шавқовар, саҳначаи тарбиявӣ, хор (суруди умумӣ бо забони англисӣ) пешниҳод карда шуд.
Саҳнаи тарбиявӣ, ки ба рушди сайёҳӣ вобастагӣ дошт, хеле ҷолиб буд: даҳ нафар сайёҳ аз мамлакатҳои гуногуни дунё ба меҳмонӣ меоянд ва ба мушкилоти забонӣ гирифтор мешаванд. Ҳолати ногуворро як шиноси корманди меҳмонхона, ки забони англисиро хуб медонист, бартараф менамояд.
Соли чорум аст, ки дар муассисаи мазкур ба ғайр аз равияҳои табиӣ-риёзӣ, ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, инчунин, синфҳои таълимашон ба забони англисӣ фаъолият доранд.
Дар мактаб нисбат ба омӯзиши забони русӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Соли дуюм аст, ки омӯзгорон аз Федератсияи Россия Зиярат Хабирахманова ва Газима Файзулина ба хонандагони синфҳои 5, 6, 7 дарс медиҳанд.
Боиси хурсандист, ки дар муассиса пайваста рӯзҳои забони англисӣ, забони русӣ, викторинаҳо, мизи мудаввар ва чорабиниҳои гуногун бо ду ё се забон гузаронида мешаванд.
Шоҳназар ЗАБИРОВ,
ҷонишини директори
мактаби Президентӣ барои
хонандагони болаёқат дар
ноҳияи Кӯшониён
Иловакунӣ
Иловакунии фикр